Главная / Илм / НАҲЗАТҲОИ МАЗҲБИЮ СИЁСӢ  ДАР ДАВРАИ  НАВ

НАҲЗАТҲОИ МАЗҲБИЮ СИЁСӢ  ДАР ДАВРАИ  НАВ

Давраи нави таҳаввули ислом аз нимаи аввали асри XVIII оҷоз гардида то имрӯзро фаро мегирад. Ин давра, аз назари хаводиси сиёсӣ, таҳаввулоти мафкуравию мазҳабӣ, яке аз давраҳои пурихтилоф ва серсамари таърихи Ҷарбу Шарқ мебошад. Пайдоиши наҳзати Ислоҳ (Реформация)-и насронӣ ва ба дунболи он ҳаракати Эҳё (Ренессанс) ва Маорифпарварӣ, инқилобҳои буржуозӣ ва рушди сармоядорӣ дар Ғарб ва дар натиҷа он тараққиёти бесобиқаи илму саноат, технулужии ҳарбии кишварҳои ғарбиро, ки чанд аср пеш дар хоби гарони Куруни вустоҳ фурӯ рафта буданд, ба як бор ҳушёр карда, бар он водошт, ки по аз вартаҳои худ берун ниҳода, даст ба футуҳоти мустамликавӣ ва истеъмори кишварҳои дигар зананд ва яке пас аз дигар кишварҳои Осиёву Африқо ва Амрикои Лотинро ба асорати худ дароварданд.

Баракс дар ин давра кишварҳои Осиёву Африқо, минҷумла олами ислом, баъди ба дасти туркон гузаштани умури сиёсии хилофати ислом ба тадриҷ рӯ ба таназзул ниҳода, дар асрҳои XVIII- XIX дар муқобили Қудрати сиёсиву низомии Аврупо ва пешрафти илмию технулужии он оҷизу нотавон гардида буданд. Бархурди нобаробарии Шарқу Ғарб ва ба асорати мустамликавӣ дучор шудани шарқиён, равшанфикрони ин кишварҳоро дар фикри ҷустуҷӯи иллату сабабҳои ақибмондагӣ ва асорат водошт. Дар натиҷа ин ҷустуҷӯ, чун дар Аврупои асри XVI, наҳзат ё худ ҳаракати Ислоҳи ислом, аниқтараш ҳаракати ислоҳи шуури мазҳабии мусалмонон ба вуҷуд омад.

Нахустин наҳзати ислоҳи мазҳабию динҳӣ тарафи яке аз фуқаҳои машҳури ҳанбалӣ Ибн Таймийя (1262-1328), дар асри Х111 таҳия шуда буд. Асли таълимоти ваҳҳобияро поксозии ислом аз тариқи руҷӯъ ба исломи ибтидоии даврони пайҷамбари ислом Муҳаммад ташкил мекард. Аз ин рӯ мубориза бо боқимондаҳои бутпарастиву бисёрхудоӣ, ки баъдан ба ислом дар шакли парастиши ҷойҳои муқаддас, шайху эшону авлиёҳо ва ғайра роҳ ёфта буданд яке аз иқдомот ва таблиғоти аввалии ваҳҳобиён буд. Ваҳҳобиён талаб мекарданд, ки танҳо ба Қуръон эътимод бояд кард, нисбат ба сунна фақат ба он ҳадисҳое эътимод қоил буданд, ки дар давраи чор халифи аввал хулафои рошидин маълум ва эътироф шуда буданд. Баргашт ба тавҳиди беолоиш,ба қавли онҳо, асоси худошиносии ваҳҳобиёнро ташкил мекунад. Аз ин нуқтаи назар онҳо хеле ҷиддию қотеъона ба тасаввуф мухолифат ва мубориза карданд.

Нафрати эшон нисбат ба ақоиди суфия ба ҳадде расида буд, ки баъзе дуоҳо ва муноҷоти онҳоро, ки дар рӯи мақбараҳои авлиё хонда мешуд, бидъат шумориданд ва манъ карданд. Мегӯянд, ки парастиши авлиё ва қубури эшон худ навъи дигаре аз ширк аст. Ба ҷамин сабаб нахустин бор, ки дар соли 1806 ба шаҳри Макка даст ёфтанд мақбараҳои бузургон ва саҳобаҳоро, ки зиёратгоҳи ҳоҷҷиён буд, вайрон сохтанд. Чун дуввумин бор дар соли 1924-1925 султони Ҳиҷозро мағлуб карда, давлати саудии арабӣ бо сардории Абдулазиз ибни Сауд барқарор шуд, ҳатто хонае, ки Мухаммад таваллуд шуда буд, хароб карда, осору нишонаҳои хонадони саҳобаҳои Муҳаммадро дар қабристони шахри Мадина хароб намуданд. Хулоса, назарашон бар он буд, ки хар ақида ва мабдае, ки дар ислом мутобиқи матни возехи қуръон ва ҳадисҳои саҳеҳ набошад, куфрӣ  маҳз аст. Гароиши онхо консервативӣ мукаллидона буд.

Дар робита ба тарзи зиндагии мусулмонон ақида доштанд, ки хонаву осори байт ва либосу пӯшок боясти зоҳидона бошад. Мусиқӣ, ороиш бо зарру зеварро ҳаром ва ҳар гуна қимор, шатранӣ, ки монеи зикри худо ва намози панҷвақта мешавад мамнӯъ аст. Намозро на ба ҳайси худ, балки танҳо барои Худо бояд гузошт. Ба ҳамин тариқ ваҳҳобиён ҳаргуна миёнаравӣшафоъат байни Худо ва мӯъминро рад карданд.

Ваҳҳобия аз назари иҷтимоию сиёсӣ идеологияе буд, ки рихати барқарор кардани ҳукумати хонадони Саудиён равона шуда буд. Мухаммад ибн Абдулвҳҳоб аз дастгирии пешвои наҷдиён Муҳаммад ибн Сауд бархурдор буд. Ғоҳои ислоҳотии Абдулваҳҳоб нерӯи муҳаррики аҳдофи сиёсии хонадони Саудиён гардид.

ahmadiyaДуввумин ҷараёни ислоҳотии динии ислом аҳмадия (ё кодиёния) мебошад. Ин ҷараён дар байни мусалмонони Ҳиндустон (вил. Панҷоб) ба вуҷуд омада, хусусияту рӯҳияи мазҳабии ин сарзаминро дар худ инъикос кардааст. Асосгузори ин ҷараён Мирзо Чулом Аҳмади Қодиёнӣ (1835-1908) чун асосгузорони ҷараёнҳои дигари аҳёни ҳиндӣ, масалан Нанак ва Рам Кришна кӯшиши ба ҳам наздик кардани ислом, масеҳият, буддоия ва ҳиндуияро дошта аст. Ӯ соли 1889 худро Маҳдӣ эълон намуд ва баъдтар ҷамъияти динии “Анҷумани аҳмадия”ро таъсис кард. Асоси таълимоти Мирзо Аҳмадро, ( ки дар ҳудуди 80 асар ба забонҳои урду ва арабӣ навиштааст ) таъвилу тафсири ақли ( ратсионалӣ)-и қуръон ва суннаи аҳли тасаннун ташкил мекунад.

Назарияи фалсафии инсоншиносии исломро, чун дар осори суннатии гузаштагон, алалхусус тасаввуф, дар се зиннаи такомули фардӣ баён кардааст. Зинаи аввал шариъат, дуввум тахзибу такомули нафс ахлоқ ва зиннаи сеюм такомули рӯҳонӣ. Ҳарчанд дар сохтору истилоҳот таълимоти Мирзо Аҳмад дар Колибҳои суннати баён шудаанд, вале дар тафсиру таъвил, он фарқи зиёде дорад. Аҳмадия Қаноти рости мусолихагарои наҳзати ислоҳро ташкил мекард. Он бар хилофи чапгароёни исломӣ, ки аз инқилоби сутсиалистии Руссия илҳом гирифта буданд ( масалан, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ), муборизаи синфӣ ва ҷиҳодро дар ислом инкор мекард ва бо ин амали худ дар воқеъ ба манфиати сохти мустамликадорӣ хизмат кардааст. Ҳамчунин ӯ тарафдори сиёсати ингилиз дар Ҳиндустон буд.

Пайравони Мирзо Ғулом Аҳмад ӯро пайғамбар эълон карданд. Ба ақидаи худи ӯ дар вай Махдии ислом, Масеҳи насронӣ ва Кришнаи хиндуия таҷассум ёфтааст. Пайравонаш аз рӯи эътироф кардан ё накардани пайғамбарии ӯ ба ду гурӯҳ: кодиёнӣ (онҳое, ки ӯро пайғамбар мегӯянд) ва лохурӣ ( онҳое ки ӯро танҳо муслиҳ мешиносанд) тақсим шудаанд. Баъди марги Ғулом Ахмад роҳбарии аҳмадияро писараш Ҳофиз Мирзо Носири Аҳмад ба ӯҳда гирифт. Дар ҳоли ҳозир роҳбарияти ин ҷамъият дар Бритониёи Кабир мебошад. Ин ҷамъиятро созмони байналхалқии исломӣ “Робитатул-оламил исломия” зидди исломӣ эълон кардааст. Пайравони ин ҷараён дар Покистону Ҳиндустон дар Афғонистону Эрон ва дигар мамолики Осиёву Африқо паҳн шудаанд.

Сеюмин ӣараёни динию сиёсие , ки дар давраи нав дар заминаи ислом ба вуҷуд омад, Бобия мебошад. Асосгузори ин ҷунбиши мазҳабию сиёси марди эроние бо номи Сайид ( ё Мирзо) Алҳ Муҳаммад Шерозӣ маъруф ба” Боб “(1820-1850) буд. Пайравонаш ӯро “Ҳазрати Аъло” ва ” Нуқтаи Увло” лақаб додаанд. Аз падар дар кӯдакӣ ятим монда, дар тарбияи амакаш бузург ва касби падарашро, ки баззозӣ буд идома медиҳад. Дар синни нуздаҳсолагӣ ба Бушер меравад ва муддати панҷ сол дар он ҷо ба касбаш машғул мешавад, вале чун ҷавони обид ва риёзаткаш, бо сиёсат ва хулки хушу симои ҷаззоб буда, ҷаъме маӣзуб ва муриди ӯ шуданд. Шояд дар ҳамин ҷо фикри пешвоӣ ба сараш мезанад.

Сипас ба Шероз баргашта, касбу тиҷоратро раҳо мекунад ва барои талаби илм ва сайру саёҳат раҳсипори Ироқу Ҳиҷоз гардид. Дар Карбало ба муридии Сайид Муҳаммад ҳозими Раштӣ яке аз шайхони шиъа дохил мешавад. Дар он замон аз тарафи фирқаи шайхия зуҳури Имоми Замонро пешгӯӣ мекарданд. Аз ҷумла Шайх Аҳмад Эҳсоҳ ва шогирдаш саййид Муҳаммад Ҳозими Раштӣ ва ҳамчунин пешвои “шайхия” Ҷоӣ Муҳаммад Каримхон буданд, ки даъвии бобиятро ба сурати мубхам ва нимапинҳон изҳор кардаанд.

Сайид Али Муҳаммад пас аз ду- се соли таҳсил дар ҳавзаи Сайид Муҳаммад ҳозим худро Боб- Имоми Замон номид. Чунин аст оғози ҷунбиши бобия. Вале аз нигоҳи ангезаҳои иҷтимоӣ, бобияро наҳзати диние мешуморанд, ки дар асари ниёзҳо ва манфиатҳои табақаи тозабунёди буржуозии Эрон ба майдон омада, як қатор ислоҳотро дар умури динӣ ва суннатҳои мазҳабӣ ба миён гузошт.

Пас аз даъвии бобият Сайид Али Муҳаммад аввал ба Бушер пас дар Широз ва Исфаҳон даъвати худро интишор медиҳад. Аз ду шаҳри аввал ӯро ронданд, дар Исфаҳон мавриди ҳимояти ҳокими он Манучеҳрхони Ғуррӣ мулаққаб ба Муътамид- уд-Давла қарор мегирад. Вай ӯро аз зиндони Шероз берун карда ба Исфаҳон меорад. Аммо баъд аз вафоти Муътамид-уд-Давла душмании рӯҳоният ва мухолифонаш рӯ ба афзоиш мениҳад. Омилони давлат бо ишораи уламо ӯро дастгир карда ба Озарбойҷон мебаранд ва дар Қалъаи Чеҳрик наздики шаҳри Моку зиндонӣ карданд (1846). Баъд Бобро ба Табрез оварда дар ҳузури валиаҳд Носириддин Мирзо дар маҷлиси уламо муҳокима карданд. Сурати саволу ҷавоб бо ӯ ба тафсил дар ” Носихут-таворих” баён шудааст. Баъд аз ин ҳодиса ӯро ба чуб бастанд, тавбаномае навишта, талаби афъ кард, ки айнан дар “Луҷатномаи Деххудо” оварда шудааст. Пас аз ин ӯро боз ба зиндони Чехрик фиристоданд, вале чун пайравони ӯ аз дастгирҳ ва зиндони кардани ӯ ба хашм омада, сар ба шӯриш бардоштанд ва ин шӯриш Мозандарону Зинӣону Табрезро фаро гирифт, ӯро хукмрони Озорбойӣон ба амри Тақихон Амири Кабир- садри аъзами маъруфи Эрон ба Табрез оварда, ба фатвои уламо ба дор кашид ва тирборон кард. Пас аз ин шӯриши бобиён берахмона пахш карда шуд.

Сайид Алҳ Мухаммад ал-Боб бо вуӣуди кӯтохии умраш аз худ осори зиёде гузоштааст. Нахустин таснифи ӯ “Тафсири сураи Юсуф” аст, ки пайравонаш онро “Куюмул- асмо” гӯянд, дигар китоби машхури ӯ маӣмӯъаи Алвохҳ вай хитоб ба уламо ва салотин аст. Дигаре аз китобхои машхури ӯ ” Сахифаи байнал- харамайн”, “Рӯх ва фазоилус-сабъа” ва аз хама машхуртарини онхо “Китоби баён” аст, ки гӯё муддаъҳ буд ки он носих- ивазкунандаи ,1уръон аст.

Боб ақида доштааст, ки худо дар хар даврае мувофиК ба шароити замон пайҷамбар ва ахком- китоб мефиристад, аз ин рӯ хеӣ як вахйи Кабли наметавонад абадҳ ва таҷйирнопазир бошад. Бо ин рох ӯ мехостааст ӣазмият- догмавҳ будани ахкоми исломро аз байн барад ва дар .1уръон ва шариъат таҷирот ворид кунад. Дар хамин асос ӯ худро пайҷамбар эълом намуда, шариъатро инкор кард ва баробарии одамонро эълом намуд. Боб даъват намуд,ки моликияти моликони бузург бекор карда шавад, аз камбизоъатон молиёт ситонда нашавад,таКсими баробари хамаи боигарҳ ва сармояи давлат, озодии фард ва ҷайраро талаб мекард. Бо вуӣуди ифодаи ормонхои онрӯзаи табаКаи захматкаш ва камбизоъат ва баъзе шиъорхо ва талаботхои тараККихохона таълимоти бобия аз аКоиди омехтаю дархам бархаме аз таъли-мотхои сӯфиён, ботиниёни исмоъили ва ҷулоти шиъа иборат аст , ки дар заминаи таъвили нодурусти оёт ва ахком ва таҷиру табдили шариат ва суннати ислом бунёд шудааст.

Баъд аз Катли Боб чанде аз пайравони ӯ худро халифаи ӯ эълон карданд. Аз ӣумла Мирзо Яхё Субхи Азал ва бародараш Мирзо Хусайн Алии Нурҳ (1817-1892), ки баъдан худро Бахоуллох эълом намуд, У имрӯз асосгузори дини Б а х о- и я ба шумор меравад. Онхо баъд аз сӯйКасдти бобиён ба ӣони шох ба ИроК табъид шуданд. Мазхаби бобия имрӯз дар Эрон ба хукми илход даромада ва мавКуф шуда аст.

Бахоуллох таълимоти худро дар китобе бо номи “Китобу-АКдас”, “Икон” ва рисолахо ( лавхахои алохида) баён кардааст. Бахуллох аввал аз Эрон ба Баҷдод бадарҷа ва баъдан дар Истамбул ва дигар шахрхои Осиёи Хурд зиндагҳ кардааст.

Мохиятан бахоия низ дар ибтидо аз кӯшиши ба манфиати иттиҳодияҳои буржуозияи байналмилалӣ тобеъ кардани ахкоми дини ислом ба вуӣуд омада, баъдан таълимоти худро дини алохида эълом намуд. Дар он рӯхи инКилобҳ ва муборизи бобия аз байн бурда шудааст. Умуман тиаълимоти бахоия, ки манфиати буржуаи монополистиро ифода мекунад, хусусияти оламватани-космополитик дорад. Онхо ба муКобили ӣангхо ва ихтилофоти мазхабҳ баромад намуда, ба зери байраКи бахоия, ки гӯё ифодаи ормонхои олии хамаи динхо ва анбиё мебошад, даъват мекунанд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222