Главная / Илм / Нақши рӯза дар сохтани ҷомеаи намунавй

Нақши рӯза дар сохтани ҷомеаи намунавй

Барои ҳама маълум аст, ки фард ва чомеа дар якдигар таъсири му-
такобил мегузоранд. Аз афроди солим ҷомеаи солим ба вуҷуд меояд
ва чомеаи солим дар ташаккул ва такомули шахсияти инсон накши
асоси ва таъсири мухимме мегузорад. Афрод хиштҳои зербино ва қис-
матҳои таҳдоби ҷомеаро ташкил медиҳанд ва ба манзалаи ҳуҷайраҳои
пайкари миллат мебошанд. Пас барои бунёди ҷомеаи солим тарбияи
афроди солим зарурат дорад.
Дар гузашта дидем, ки Ислом асоси тавсияҳо ва бештарин ахком
ва ибодатҳои худро ба сохтани фарди солим ва тарбияи дурусти ҳар
як аъзои ҷомеа равона намудааст. Ислом бо ин ҳама ибрози таваҷҷӯҳ
ва эхтимоме, ки ба тарбияи дурусти шахсияти инсон додааст, мехоҳад
чомеаи намунавиеро ба таври дилхоҳ бино гузорад. Ба ҳар андозае
афроди ҷомеа тарбияи дурусти дини бинанд ва сатхи маърифатнокии
имонии онҳо боло бошад, ба ҳамон андоза арзишҳои инсони дар он
чомеа амали ва пойдор мегарданд. Дар чунин ҷомеа истеъдодҳои ху-
дои ва нубуғи инсонии одамони болаёкат ба камол расида, заминаҳои
шукуфоии ҳамаҷонибаи наслҳои оянда фароҳам мегарданд.
Рузаи бо руху маъно кишрҳои гуногуни ҷомеаро ба сӯи худсозиву
худшиноси, отифаи нек ва эҳсоси дардҳои ҷомеа хидоят менамояд. Гу-
руснагиву ташнагии руза кишри сарватманди ҷомеаро ба ёди ранҷҳои
камбағалони гурусна ва дармондагон меоварад. Замири бо такво ва
виҷдони имони дар калби онҳо эҳсоси ҳамдарди ва химояи кишри бе-
навои ҷомеаро бедор месозад.
Мусаллам касеро бувад руза дошт,
Ки дармондаеро диҳад нону чошт!
(Луғатномаи Деххудо)
Дар ботини мардуми тангдасту бенаво неруи сабру пойдори дар му-
кобили сахтиҳоро парвариш медиҳад. Бо ҳамин, ҳамкориву ҳамдасти ва
муҳаббати якдигарро дар миёни кишрҳои гуногуни ҷомеа ба вучуд ме-
оварад. Тамоми ин химоятҳои дуҷониба дар миёни кишрҳои гуногун дар
натиҷаи ангезаҳои имони ва бо такя ба эътикодоти дии анҷом меги-
ранд ва ҳар яке ачри амали худро дар назди Худованд мехисобад.
Ҳамин накшофаринии барномаи рузаи мохи Рамазон дар ташак-
кули шахсияти инсон ва дар сохтани ҷомеаи намунави аст, ки он ба
ҳайси муносибтарин замон барои нузули вахии илохи ва оози рисо-
лати Паёмбари Ислом (с) баргузида шудааст ва минбаъд низ мухим-
тарин руйдодҳо дар таърихи Ислом дар ин моҳ ба вукуъ пайвастаанд.
Яъне ҷомеае ба вучуд омада буд, ки барои татбики ормонҳои олии
башари ва химояи арзишҳои илохии Ислом ҳамаҷониба омода буд.
Бинобар ин, тавонист мухимтарин руйдодҳои сарнавиштсозро дар
таърих ба номи худ сабт намояд.
Нузули вахии илохи ва ҳамин тавр рисолати Паёмбари Ислом (с)
13 сол пеш аз ҳиҷрат дар шаби бисту ҳафтуми мохи Рамазон рузи ду-
шанбе, ки ба 19-уми августи соли 610 милоди рост меомад, оғоз шуда-
аст. Ин таърих бар асоси солшуморй ва сабти ҳаводиси таърихй дар
назди арабҳо дар даврони чоҳилият ба соли 41-уми ҳодисаи фил му-
тобик буд.
Рӯзаи моҳи Рамазон соли дуюми ҳичрй – 17-18 моҳ пас аз ҳичрат
ва як моҳ пас аз таҳвили Қибла дар моҳи шаъбон фарз гардидааст ва
аввалин Рамазоне, ки мусмалмонон рӯза доштаанд, ба рӯзи якшанбе –
аввали моҳи Рамазони ҳамон сол, мувофик ба бисту шашуми феврали
соли 624 милодй рост меомад. Паёмбари акрам (с) нӯҳ сол рӯзаи моҳи
мубораки Рамазонро гирифтааст, ки панч соли он бисту нӯҳ рӯзй ва
чаҳор соли он сй рӯзй будааст.
Ғазои Бадр, ки ба пирӯзии лашкари тавҳид ва шикасти сипоҳи
куфру ширк хотима ёфт, ҳабдаҳуми моҳи Рамазони ҳамон соли дуюми
ҳичрй дар рӯзи чумъа мувофик ба сездаҳуми марти соли 624 милодй
ба вукуъ пайвастааст. Худованд мефармояд:
© «Худованд, вокеан хам, шуморо дар (ҷанги) Бадр нусрат дар
холе ки нотавон будед. Пас тақвои Худоро дошта бошед, то шукри Уро
ба ҷой оваред»
Фатҳи Макка низ рӯзи бистум ва ё бистуякуми моҳи Рамазони со-
ли ҳаштуми ҳичрй дар рӯзи чумъа мувофик ба соли 630 милодй ба ву-
қӯъ пайвастааст, фатҳе, ки пойгоҳи ширку бутпарастиро комилан аз
байн бурд ва сарзамини Арабро аз вучуди бутҳо пок сохт ва ба чои он
ибодати Худои ягонаро побарчой намуд.
Ислом дар моҳи Рамазони соли даҳуми ҳичрат дар сарзамини
Яман интишор ёфт. Фатҳи кишвари Андалус (Испанияи имрӯза) низ
бо фармондеҳии Торик ибни Зиёд дар моҳи Рамазони соли 92-юми
ҳичрй мутобик ба соли 711 милодй ба итмом расидааст. Ғайр аз инҳо
Худованд ҳаводиси таърихии зиёдеро дар ин моҳ ба нафъи мусалмо-
нон ба амал баровардааст. Зеро нусрату кӯмаки Худованд ба покиза-
гиву сафои нафсҳо сахт вобастагй доранд ва айёми мубораки моҳи Ра-
мазон фурсати полоиш ва сафобахшии нафси инсон мебошад, ки ҳат-
ман насру пирӯзй, хайру баракат ва навозишҳои бепоёни илоҳиро ба-
рои ӯ ба армуон меоварад. Айёми босафои моҳи Рамазон лаҳзаҳои
гуворое мебошанд, ки дилҳо дар он ба суи Парвардигори замину ос-
мон ба тапиш дармеоянд ва ҳама чизро аз ҷониби ӯ медонанд.
«Насру пирӯзӣ танхо аз назди Худои тавонову хаким аст».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222