Шабу рӯз дар хатти истиво (экватор) ҳамеша баробар мебошанд
ва ҳарчи фосилаи ҷайгиршавии минтакаҳо дар параллели ҷуғрофиёй
аз хатти истиво дуртар мегардад, дарозу кутоҳшавии шабу рӯз дар
натиҷаи тамоюли нимкураҳои шимолй ва ҷанубии замин дар бароба-
ри офтоб, ки дар аснои гардиши солонаи он ба вучуд меояд, бештар
мешавад ва дар дараҷаҳои баланди арзи ҷуғрофиёй, ки аз 66 дараҷа
болотарро дар бар мегиранд, шабу рузи кутбй ба вучуд меояд. Ба ин
маъно, ки дар баҳору тобистон ба муддати чанд моҳ дар кутби шимол
ва атрофи он рузи кутбй ҳукмфармо мегардад ва офтоб ғуруб намеку-
над ва дар ҳамин вақт дар кутби ҷануб ва атрофи он ба муддати чанд
моҳ шаби кутбй аст. Дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон бошад, бар-
ъакс, ба муддати чанд моҳ дар кутби ҷануб рӯз аст, дар ҳоле ки дар
кутби шимол ва атрофи он шаби кутбй ҳукмфармост.
Дар минтакаҳои кутбй ва атрофи он шабу рузи мукаррарй ва си-
стемаи вакт дар кураи замин, ки ҳудуди бисту чаҳор соатро ташкил
медиҳад, ба сурати дигаре тағйир ёфта, сол аз сесаду шасту шаш ша-
бонаруз такрибан ба чанд шабонаруз табдил мешавад. Дар минтака-
ҳои поёнтар аз параллели 45, ки чаҳор иклими чуғрофй: истивой (эк-
ваторй), наздиистивой (субэкваторй), мадорй (тропикй) ва наздимадо-
рй (субтропикй)-ро дар бар мегирад, низоми мукаррарии шабу рӯз
ҳукмфармост, ҳарчанд дигаргуншавии шабу рӯз дар хатти параллели
45 ва атрофи он нисбат ба хатти истиво хеле фарк дорад.
Дараҷаҳои арзие, ки болотар аз параллели 45 ҷойгир шудаанд ва
дигаргуншавии шабу рӯз дар онҳо аз ҳад зиёд аст, ба се минтакаи за-
монй таксимбандй шудаанд:
а) Минтакае, ки дар ҳар ду нимкураи шимолй ва ҷанубй дар миё-
наи хатти арзи 45 ва 48 вокеъ шудааст. Ин минтака иклими нисбатан
муътадилтареро, ки дар байни аколими субтропикй ва иклимҳои наз-
диартикй (субартикй) ва наздиантартикй (субантартикй) дар шимол
ва чануб ҷойгир шудааст, фаро гирифта, нишонаҳои зоҳирии астроно-
мй (фалакй) барои шинохтани вакт дар он дар тули бисту чааҳор соат
ба хубй дида мешаванд, ҳарчанд ҳаҷми дигаргуншавии шабу рӯз дар
он ба ҳадди баланде расида бошад.
б) Минтакае, ки дар миёнаи хатти арзи 48 ва 66 вокеъ шудааст. Ин
минтака минтакаи болоии иклими муътадил ва иклимҳои субартикй
ва субантартикиро дар бар гирифта, дар он баъзе нишонаҳои астроно-
мй (фалакй) барои шинохти вакт ба муддатҳои муайяне аз байн мера-
ванд, ба монанди шафаки шом, ки то дамидани субҳ бокй мемонад ва
бо фалак (сапеда)-и субҳ пайваст мешавад.
в) Минтакае, ки дар миёнаи хатти арзи 66 ва 90 вокеъ шуда, то
манотики кутбиро фаро мегирад ва нишонаҳои астрономй барои ши-
нохти вакт дар он ба муддати дарозе аз байн мераванд, яъне ба мудда-
ти чандин моҳ дар он ё шаб ҳукмфармост ё рӯз. Аз охирҳои моҳи март
рӯзҳо дар кутби шимол бениҳоят дароз гардида, аз охирҳои моҳи ап-
рел то аввалҳои моҳи август дигар офтоб ғуруб намекунад. Пас аз он
офтоб кам-кам фуру рафта, шабҳо мушоҳида мешаванд ва ҳамин тавр
шабҳо андак-андак дароз ва рӯзҳо кӯтоҳ мешаванд, то он ки дар моҳи
октябр офтоб комилан оиб мешавад ва ба муддати чанд моҳи дигар
шаби пайваста дар он ҷо ҳукмфармо мегардад. Аз ибтидои моҳи фев-
рал боз офтоб кам-кам тулуъ менамояд ва рӯзҳо андак-андак дароз ва
шабҳо кӯтоҳ мешаванд. Дар кутби ҷануб низ айнан ҳамин ҷараёни ди-
гаргуншавии шабу рӯз сурат мегирад. Вакте дар кутби шимол шаб
бошад, дар он ҷо рӯз аст.
Дар чунин ҳолат ҳатман барои сокинони мусалмони ин минтака-
ҳо дар баргузории намозҳои панҷвакта, доштани рузаи моҳи Рамазон
ва дигар муносибатхои динй, ки бар пояи солшумории камарй бино
ёфтаанд, мушкили вакт пеш меояд.
Ин масъала имруз пас аз фарохам омадани шароит ва имконоти
шиносой бо тамоми гушаву канори замин ба таври чиддитаре матрах
гардида бошад хам, дар мачмуаи фикҳи исломй муддатхо кабл ба он
ишора шудааст. Донишмандон ва поягузорони мачмуаи фикҳи исло-
мй ба дарозии шабу рӯз дар минтакахои дорои дарачахои баланди ар-
зи чуғрофиёй, яъне минтакахои кутбй ва атрофи он ва чигунагии
намозу рузаи сокинони он чойхо хеле барвакт пардохтаанд.
Назари рочех ва кавли муътамад дар мазхаб бар асоси тахкикоте,
ки Камол ибни Ҳумом дар «Фатху-л-кадир» дар ин маврид анчом до-
да ва Ибни Обидин дар «Радду-л-мухтор», Зайлаъй дар «Табйину-л-
хакоик», сохиби «Дурру-л-мухтор» ва дигарон онро таъйид намуда-
анд, он аст, ки сокинони ин минтакахо барои анчоми намозу руза ва
дигар муносибатхои динии худ бояд вактро ба андозаи шабонарузи
мукаррарй баршуморанд, ба ин тарик, ки хар бисту чахор соатро як
шабонаруз дониста, намоз, вактхои ибодатхо ва дигар муносибатхои
динии худро бар асоси соат муайян намоянд.
Мачлиси Мачмаи фикхи исломй низ дар нишасти нухуми худ дар
шахри Маккаи мукаррама, ки дар таърихи 12-19 мохи рачаби соли
1406 ҳ. баргузор гардид, масъалаи вақти намозу руза барои сокинони
минтакахои вокеъ дар хатти баланди арзи чуғрофиёиро мавриди бар-
расй карор дода, карори зеринро ба тасвиб расонд:
1. Сокинони минтақаи якум, ки дар миёнаи арзи чуғрофиёии 45 ва
48 вокеъ шудааст, бо амал ба нусуси шаръй дар бораи вакти намозу
руза ин ду фаризаро дар вактхои мукаррариашон ба чой оваранд ва
рузаро аз дамидани субхи содик то фуру рафтани офтоб бидоранд.
Касе ба сабаби дарозии рузхо аз гирифтан ва ё ба итмом расонидани
руза очиз монад, онро бихурад ва дар вакти муносибе казои онро ба
чой оварад.
2. Сокинони минтақаи дуюм, ки дар миёнаи хатти арзи 48 ва 66
вокеъ шудааст, барои баргузории намози хуфтан ва бомдод бо қиёси
нисбй ба вакти онхо дар шаби наздиктарин минтақае, ки дар он нишо-
нахои вакти ин ду намоз шинохта мешаванд, вактеро муайян намоянд.
Маҷлиси Маҷмаъ хатти арзи 45-ро ба эътибори наздиктарин минтака
барои ин амр пешниҳод мекунад. Масалан, агар вакти намози хуфтан
дар хатти арзи 45 пас аз гузашти сеяки шаб сар шавад, пас сокинони
минтакаи дуюм низ вакти намози хуфтанашонро ба он киёс намоянд.
3. Дар минтакаи сеюм, ки болотар аз хатти арзи 66 то кутбҳо во-
кеъ гардидааст, тамоми вақтҳо бо киёс ба вактҳои замоние, ки дар
хатти арзи 45 вучуд доранд, мукоиса ва муайян карда шаванд, ба ин
тарик, ки дар минтакаи миёнаи хатти 66 то кутбҳо ҳар бисту чаҳор со-
ат як шабонаруз эътибор карда шавад ва намозҳо дар он дар ҳамон
вактҳое, ки (дар он фасли сол) дар минтакаи хатти 45 вучуд дорад, ба
ҷой оварда шаванд.
Агар дарозии шаб (дар он фасл) дар минтакаи хатти арзи 45 шт
соатро ташкил диҳад ва офтоб дар соати шт ғуруб намояд ва соати
ёздаҳ вакти намози хуфтан шавад, дар минтакаҳои болотар аз хатти
арзи 66 низ ба ҳамин сурат ба ҷой оварда шавад. Агар субх, дар хатти
арзи 45 дар соати ду бидамад, дар минтакаи болотар аз хатти арзи 66
низ рузаи худро аз ҳамон соати ду сар кунанд ва онро то вакти ғуруб
ба итмом расонанд.
Дар ин бора дар байни факеҳон назари дигаре низ вучуд дорад, ки
мукоиса ва муайян кардани вакти ибодатҳо ва дигар муносибатҳои
диниро дар хатти арзи баланди ҷуғрофӣ бо вактҳои онҳо дар сарзами-
ни Макка ва Мадина ҷоиз медонад.
Ин амр бо киёси масъала ба андозагирии замоние, ки дар ҳадиси
Расули Худо (с) маъруф ба ҳадиси Даҷҷол омадааст, сурат гирифтааст.
Ривоят шудааст, ки: «Расули Худо (с) дар бораи Даццол сухан гуфт.
Пурсидем: Эй Расули Худо (с), дар рӯи замин чӣ қадар боқӣ мемонад?
Гуфтг: Чиҳил рӯз: рӯзе ба мгитслги соле, рӯзе ба мгитслги мюх؛е١؛ рӯзе ба мгитслги
ҳафтае ва дигар рузҳояш ба монанди рӯзҳои шумо ҳастанд. Пурсидем:
Эй Расули Худо (с), оё он рӯзе, ки ба мгигслги сол 01СТ1, дар он Н1амю؛٦х؛ои як
шабонарӯз мюр>о кифоя мекунад? Фармуб: Не, (балки) барои он андозаги-
рӣ ва вакт муайян намоед…». (Саҳеҳи Муслим, 7299 (2937)-110).
Лозим ба ёдоварист, ки дар давраҳои гардиши шаб ба рӯз ва рӯз
ба шаб, ки дар минтакаи хатти арзи болотар аз 66 ҳудуди се моҳ ва ё
бештар аз он ва дар минтакаҳои боз ҳам дуртар, ки ба кутбҳо мунтахи
мешаванд, ҳудуди ду моҳ ва ё бештар аз он аст ва дар баҳор аз охир-
ҳои мохи феврал то мохи апрел ва дар тирамоҳ аз мохи август то октя-
бр идома меёбанд, пас аз устувор гардидани низоми шабу рузи мукар-
рари намозҳо дар вактҳои муайяни худ гузорида мешаванд ва рузаи
мохи Рамазон низ ба таври маъмули ба ҷой оварда мешавад.
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …