Главная / Илм / Намудҳои муошират

Намудҳои муошират

Вобаста ба воситаҳои пешба-
рандаи муошират, муоширати шифоҳӣ (калимагӣ) ва ғай-
ришифоҳӣ (ғайрикалимагӣ) ва вобаста ба хусусият ва ха-
рактери муошират, муоширати расмӣ (корӣ) ва ғайрирас-
мӣ (дунявӣ, маишӣ)-ро аз ҳам фарқ мекунанд.

Муоширате, ки бо ёрии калимаҳо амалӣ мегардад,
муоширати шифоҳӣ – калимагӣ номида мешавад.

Муоширате, ки бо ёрии воситаҳои ғайринутқӣ:
ҳаракатҳои даст, тарзи рафтор, оҳанги овоз, тағйирёбии
қиёфа (мимика), чашм (микромимика), ҳаракати якҷояи
тамоми бадан (пантомимика), фосилаи байниҳамдигарӣ,
тарзи ист ва ғайра амалӣ мешавад, муоширати ғайрика-
лимагӣ ё ғайришифоҳӣ номида мешавад.

Муоширати расмӣ – намунаи он робитаву ҳам-
кориҳоест, ки дар рафти он мубодилаи амал, маълумот ва
таҷриба оид ба даст овардани натиҷа, ҳалли масъалаи
мушаххас ва ё татбиқи мақсади мушаххас сурат мегирад.

Дар маҷмӯъ, муоширати расмӣ аз ғайрирасмӣ бо он
фарқ мекунад, ки дар ҷараёни муоширати расмӣ мақсад ва
вазифаҳои мушаххаси ҳалталаб, ба нақша гирифта меша-
ванд.

Муоширатро ҳамчунин ба таври шартӣ ба муошира-
ти мустақим (бевосита) ва муоширати ғайримустақим
(бавосита) ҷудо мекунанд. Муоширати бевосита бо сабаби
робитаи ҳиссӣ ва фазои таъсиррасонӣ (талқин) доштанаш,
назар ба муоширати бавосита дорои натиҷагириҳои зиёд-
тар мебошад.

Забон воситаи асосии муоширати одамон мебошад.
Забон ва инкишофи психикию шуурии одам алоқаи ногу-
састании дутарафа доранд.

Забон системаи аломатҳоест, ки дар ин ё он ҷомеа
қабул шудааст. Аломат – объекти дилхоҳи моддиест
(предмет, воқеа, ҳодиса), ки ба сифати дастуру ишорат ба-
ромад намуда, барои ба даст овардан, нигоҳ доштан ва
таҳлилу баён намудани маълумот истифода бурда меша-
вад.

Одамон моҳияти аломатҳо ва усулҳои ташаккул-
диҳии онҳоро барои нақл намудани маълумот аз худ кар-
да истода, бо ин ё он забон гап заданро ёд мегиранд. Дар
ин замина забон воситаи робитаи байни одамон ва воси-
таи барқарокунии ҳамдигарфаҳмии онҳо мебошад.

Фард аз овони кӯдакӣ забонро дар ҷараёни муоши-
рат бо атрофиён аз худ намуда, истифодаи онро ба воси-
таи нутқ ёд мегирад. Нутқ – ин истифодаи забон дар ҷара-
ёни муошират мебошад. Нутқи одам танҳо дар натиҷаи
азхудкунии забон шакл мегирад ва бояд ҳамеша ба
меъёрҳои ҳамин забон итоат кунад. Забон бошад, дар ҷа-
раёни муоширати одамон дигар мешавад ва тараққӣ ме-
кунад. Нутқ бо ҳамаи протсессҳои психикӣ алоқаманд
аст. Фаъолияти фикрии одам, ба хотир гирифтани маводи
таълимӣ, бомуваффақият ҷоришавии протсессҳои ирода,
бо ёрии калимаҳо ифода намудани ҳиссиёт бо нутқи инсон
алоқаи ногусастанӣ доранд. Илова бар ин, дар муоширати
нутқӣ мавзӯи ахборот (яъне, дар бораи чӣ бояд гуфт) ва
модалнокии он (яъне, чӣ тавр бояд гуфт) фарқ карда ме-
шаванд. Модалнокии муоширати нутқиро оҳанги нутқ
ташкил медиҳад: тағйирот дар оҳанг, лаҳни садодиҳӣ, қу-
вва ва баландии садоҳо.

Оҳанги нутқ дорои вазифаҳои зерин мебошад:

  • ифодаи мазмуну маънои ҷумла;
  • ифодаи муносибати гӯянда ба мавзӯи муошират;
  • ифодаи сайъю кӯшиши расонидани таъсири муа-
    йяни нотиқ ба

шунаванда (талқин, боваркунонӣ, водоркунӣ ба
амал, маҷбурран бор намудани ақида ва ғ.);

  • ифодаи муносибати дутарафаи муошираткунанда-
    гон (нармгуфторӣ, самимият, боэҳтиромӣ, беэътиноӣ, бе-
    гонагӣ ва ғ.).

Нутқ тавсифдиҳандаи шахсияти гӯянда мебошад.
Мазмуни нутқ роҷеъ ба хусусиятҳои ақлии шахс ва равияи
психикии ӯ маълумот медиҳад. Суръатнокӣ, оҳанг, ра-
вонӣ, баландӣ, ҳассосият, ҷозибанокии нутқ то андозае
тавсифдиҳандаҳои мизоҷи одам мебошанд.

Хусусияти ба худ хос доштани нутқ, образнокӣ, дар
қолаби муайян сухан нагуфтан тавсифдиҳандаҳои имко-
ниятҳои эҷодии шахс мебошанд. Нутқи бемӯҳтаво, ғай-
риифоданок ва гузашта аз ин, бесаводона шаҳодати
маҳдудияти дунёи маънавии шахс буда, нишонаи камҳав-
салагӣ ва карахтии ақлонии ӯ мебошад. «Ҳарф бизан, то
ман бифаҳмам, ки ту кистӣ»- дар ин ҳикмати юнониёни
қадим алоқаи нутқ бо ҷиҳатҳои муҳими шахс инъикос ёф-
тааст.

Ташаккули нутқ раванди мураккаб мебошад. Пеш аз
гуфтани чизе аввал ангезае барои ин амал сабаб мешавад.
Баъд ӯ чизи гуфтаро барномарезӣ карда, аз назари лек-
сикӣ ва онро ба тартиб медарорад, онро ботинан тайёр
мекунад ва сипас онро ба берун мебарорад.

Самаранокии нутқро хусусияти ангехтпазирӣ (реак-
тивӣ) ё фаъоли он муайян мекунад. Нутқи фаъол доимо
бесобиқаю нодир буда, аз ҷониби шахси гӯянда ба таври
эҷодӣ барномарезӣ мешавад. Дар он боигарии забон, то-
бишҳо ва имкониятҳои оҳангии нутқ истифода мешаванд.
Нутқи фаъол бештар бо намуди монологии нутқ (сӯҳбат
бо худ) алоқаманд аст. Ангехтпазирӣ бошад хоси нутқи
вазъиятӣ буда, бештар бо намуди диалогии нутқ
алоқаманд аст.

Идроки нутқ аз шинохти фонематикӣ ва фаҳмидани
маънои он иборат аст.

Фаҳмидани нутқро дар шакли кӯтоҳ тартиб додани
ҷумлаҳо, гузориши саҳеҳи задаҳои маъноӣ, ҷудокунии
ҷумлаҳо ба қисматҳои маъноӣ, риояи ҷойи ист ва ғайра
осон мегардонанд. Фаҳмидани нутқ ва мазмуни он ба до-
ниш, захираи луғавӣ ва маҳорати гӯш карда тавонистани
шунаванда вобаста аст.

Бояд қайд кард, ки таъсири эмотсионалии калима
дар рафти муошират назаррас аст. чунин калимаҳо таъси-
ри эмотсионалии баландро соҳибанд:

  • калимаҳое, ки бо ашёҳои давраи ибтидоии иҷтимо-
    ишавии фард, бо ёдоварии давраи барвақти бачагии ӯ
    алоқаманданд, яъне ҳамаи он чизе, ки бо образҳои воли-
    дон, зодгоҳ ва ғ. робита доранд;
  • калимаҳое, ки бо арзишҳои асосии ҳамин шахс, бо
    маромҳои бартараридоштаи рафтори ӯ пайванданд.

Дар радифи ин, шахс кӯшиш менамояд, ки аз исти-
фодаи калимаҳои беадабона (алфози қабеҳ, фачгӯӣ, ал-
фози дағал, беномусӣ, бешармӣ), худдорӣ намояд. Афроди
ғайрииҷтимоишуда бошад ба калимаҳои ҳамеша истифо-
дашаванда ва ба лексикаи мазмуни таҳдиди ҷисмонӣ, ни-
зоъ ва фишори психикӣ дошта ҳассосанд.

Намудхои нутқ. Нутқи дохилӣ. Дар амалия наму-
дҳои гуногуни нутқро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Нутқи
шифоҳию хаттӣ ва нутқи дохилию берунӣ аз ҷумлаи
намудҳои доимоистифодашаванда ба шумор мераванд.

Нутқи шифоҳӣ (суханронии умумӣ, муоширати ғай-
рирасмӣ, муоширати бевосита ва ғ.) ва нутқи хаттӣ, аз як
ҷониб, ба ҳамдигар хело зич пайванд бошанд ҳам, аз
ҷониби дигар, моҳиятан аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Фарқияти онҳо на дар истифодаи воситаҳои мухталифи
техникӣ (тағйирдиҳӣ ва тавлиди оҳанги овоз, тарзи
навишт ва ғ.), балки дар қобилияти то ба шунавандагон
расонидани эҷодкунандагони онҳо мебошад. Яъне, қоби-
лияти то ба шунавандаи худ расонидани маҳсули эҷод дар
одамон якранг нест, зеродар баъзе одамон маҳорати ба-
ланди нутқи хаттӣ ва дар дигарон маҳорати баланди су-
ханварӣ ва истифодаи воситаҳои ғайришифоҳӣ (оҳанги
гуфтор, тарзи нигоҳ, ҳаракатҳои гуногуни узвҳои бадан,
тарзи ист ва ғ., ки бе истифодаи ин воситаҳо нутқи онҳо
ҷазобият ва дилрабойи худро аз даст медиҳад) иброз до-
штани нуқтаи назар, афкор ва мафкура мушоҳида меша-
вад. Таърих нависандагони зиёди лаёқатмандеро дар ёд
дорад, ки қобилияти сусти суханварӣ дошта бошанд ҳам,
асарҳои бешумори оламгир эҷод намуданд, ки таваҷҷӯҳи
мухлисони бешумореро ба худ ҷалб кардаанд.

Нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ ҳам дар ҳамбастагӣ ва ҳам
дар мустақилӣ дар доираҳои гуногуни муошират ва
ниҳодҳои мухталифи ҷамъиятӣ истифода мешаванд.
Нутқи шифоҳӣ на танҳо ҳангоми суханрониҳои оммавӣ,
хондани маърӯзаҳо, лексияҳо, балки бештар ҳангоми ро-
битаҳои маишию муколамавӣ низ мавриди истифода
қарор дорад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки нутқи дар намуди
хаттӣ эҷодшудаю дар шакли шифоҳӣ иброз шуда, ба
маънои пуррааш нутқи шифоҳӣ маҳсуб ёфта наметавонад.
Нутқи хаттӣ хоси муоширати корӣ, доираи илмӣ – тех-
никӣ буда, таъсирнокии нисбатан заифтари эмотсионали-
ро доро мебошад ва бештар барои мусоҳибони му-
стақиман ҳозирнабудаю муоширати бавосита пешбинӣ
гардидааст.

Нутқи шифоҳӣ дар вақт ва фазо вуҷуд дорад ва нутқи
хаттӣ бошад идомадор аст. Дар нутқи шифоҳӣ хусуси-
ятҳои фардию психологии гӯянда: тарзи худро идора кар-
дан, техникаи қабул ё ирсоли маълумот, тафаккури зинда,
ақли расо ва ғ. нақши муҳим мебозанд. Нутқи шифоҳӣ
дар заминаи талаботи бевоситаи муоширати дутарафа
доштани мусоҳибон ба миён омада, оҳанги ҳамҳиссиро
доро мебошад. Дар сохти нутқи шифоҳию хаттӣ, маҳз аз
ҳамин нуқта як қатор тавофутҳои воситавию ғайривоси-
тавӣ, ки ҳангоми истифодаи ҳар кадоми онҳо мушоҳида
мешавад, бармеояд.

Дар нутқи шифоҳӣ – гуфтугӯӣ ҳамсӯҳбатҳоро вазъи-
ятҳои умумӣ ва захираҳои умумии ахборотии тонутқӣ бо
ҳам мепайвандад. Дар ин гуна мавридҳо одамон ҳам-
дигарро аз «нимсухан» дарк менамоянд ва баъзан барои
дарки нуқтаи назари ҳамдигар ишорае кофист. Маҳз бо
ҳамин сабаб мавзӯи муҳокимашавандаро тавассути нутқи
шифоҳӣ ҳаматарафа барррасӣ наменамоянд, зеро
паҳлӯҳои зиёди он тавассути воситаҳои ғайришифоҳӣ иб-
роз ва дарк карда мешавад. Дар нутқи шифоҳӣ – гуфтугӯӣ,
ҳамрадиф бо мӯҳтавои афкору андешаи маъногӣ маҷмӯи
томи воситаҳои ифодакунанда (дигаршавии лаҳни садо,
оҳанги сухан, фосилагузорӣ, таъкиднамоии садогӣ ва ғ.)
иштирок менамоянд, ки тавассуташон мазмунҳои дар
мӯҳтавои сухан гуфтанашуда хабар дода мешавад.

Нутқи хаттӣ яке аз шаклҳои нутқи монологӣ буда,
ба маданияти нутқи шифоҳӣ таъсири амиқ мерасонад.
Нутқи хаттӣ нисбат ба нутқи шифоҳӣ дертар зоҳир шуда,
дар заминаи он инкишоф меёбад. Таърихи омӯзиши хат
гувоҳи он аст, ки миёни аломатҳои хат ва фикр се намуди
алоқаю муносибат вуҷуд дорад. Пеш аз ҳама хати пикто-
графӣ ба вуҷуд омад, ки он дар шакли расму тасвирҳои
гуногуни схематикӣ ифода мегардид. Намуди дигари онро
хати идеографӣ меноманд, ки фикр дар он бо ёрии шартан
ишора намудани предметҳои мувофиқ ифода меёбад.
Идеограммаҳо бо талаффузи калимаҳо ҳеҷ гуна алоқа
надоранд. Сониян нутқи хаттӣ ба миён омад, ки дар он
овозҳои нутқ бо ҳарфҳо ишора карда мешаванд. Дар
нутқи пиктографӣ ва идеографӣ вазъияти ягонаи муоши-
рат, робитаи акс ва имконияти истифодаи васоити бе-
рунӣ- нутқии муошират вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, имкони-
ятҳои нутқи хаттӣ нисбатан густардатар мебошанд.

Дар нутқи хаттӣ ба мисли нутқи шифоҳӣ хусусиятҳои
фардӣ-нутқии шахс зоҳир мешаванд. Ин хусусиятҳо омили
асосии худшабоҳатдиҳии муошираткунандагон мегардад.

Ба нишонаҳои шабоҳатдиҳандаи нутқи хаттӣ (яъне,
нишонаҳое, ки тавассути онҳо тафсир кардани шахсияти
нависанда имконпазир мегардад), нишонаҳои услубӣ
(такроршавандагии ҷумлаҳои истифодашуда, сабки ба худ
хоси ҷумлабандӣ, истифодаи муқоисанамоиҳои якранга,
мақолҳо ва ғ.), нишонаҳои лексикӣ (такроршавандагии
ибораҳои ҷудогона) ва нишонаҳои грамматикӣ (хато-
гиҳои хос) марбут мебошанд. Ба нишонаҳои монандкунӣ,
инчунин хусусиятҳои топографии хат: ҷобаҷогузории ка-
лимаҳо, андозаи майдонҳо, сатрҳои таъкидӣ, ҷудокунии
сарлавҳаҳо, фосилаи байни калимаҳо, хусусиятҳои ихти-
сори калимаҳо ва ғ. дохил мешаванд.

Дар раванди муошират ҳамрадиф бо воситаи асосии
муоширати нутқӣ (забон), воситаҳои ғайринутқии
муошират: ҳаракатҳои дасту пой, сар (жестҳо), тарзи
рафтор, оҳанги овоз, қиёфаи рӯй (мимика), қиёфаи чашм
(микромимика), ҳаракати якҷояи тамоми бадан (панто-
мимика), фосилаи байниҳамдигарӣ (паралингвистика),
тарзи ист, ороишот, бӯйҳои табиию сунъӣ, синнусол, ҷинс
ва ғ. низ истифода бурда мешаванд.

Воситаҳои номбаршуда воситаҳои ёрирасони воси-
таи асосӣ – забон мебошанд. Маълумотҳое, ки тавассути
воситаҳои ғайринутқӣ дода мешаванд, чун қоида на ба-
рои ҳама дастрасанд, зеро вобаста ба маданият, фарҳанг,
урфу одат, арзишҳои миллӣ ва ғ. моҳияту мазмуни ин
маълумотҳо гуногун шуда метавонанд. Бинобар ин, барои
мазмун моҳияти ин гуна маълумотҳоро дарк кардан мада-
ният, фарҳанг ва забони милатҳои дигарро ба таври
шифоҳӣ омӯхтан лозим аст.

Воситаҳои ғайришифоҳӣ бештар барои барқарор
намудани робитаи эмотсионалӣ ва нигоҳ доштани он дар
рафти сӯҳбат, танзими ҷараёни муошират ва робитаи пси-
хологӣ, пурра кардани маълумотҳои баёншаванда, ифо-
даи эҳсосот, инчунин барои муайян кардани он ки айни
замон муошираткунандагон нисбати ҳамдигар чӣ гуна
нуқтаи назар доранд ва монанди инҳо истифода бурда
мешавад. Илова бар ин, тавассути воситаҳои ғайри-
шифоҳӣ муҳиммияти маълумоти иброзшаванда, муноси-
бати байниҳамдигарии муоширон, хусусиятҳои фардӣ –
психологӣ, ҳолати рӯҳии ҳамсӯҳбатҳо маърифат карда
мешаванд.

Дар муқоиса бо воситаи асосии муоширати шифоҳӣ –
забон, воситаҳои ғайришифоҳӣ идоранашавандаанд, зеро
онҳо аз қалби инсон сарчашма гирифта, таҳти назорати
зершуур қарор доранд. Ҳаракатҳои ғайришифоҳӣ бо гу-
стариши раванди бошиддати ангезандаи аз маркази нутқӣ
бо қисми ҳаракатии қишри мағзи сар суръат гирифта
алоқаманд аст. Характери ихтиёрӣ ва идоранашавандагии
вай низ аз ҳамин ҷост.

Масалан, шахс тавассути муоширати шифоҳӣ имко-
нияти бештари ба сухани дурӯғини худ бовар кунонидани
ҳамсӯҳбатро дорад, вале агар ҳамсӯҳбатҳо ба ҳаракатҳои
ғайришифоҳии ҳамдигар аҳамият диҳанд, он гоҳ фиреб
кардани онҳо душвор мегардад. Зеро ҳангоми интиқоли
иттиллооти дурӯғин (махсусан, вақте ки одам худ ин
дурӯғро маҳкум мекунад) кашидашавии хосаи мӯшакҳои
чеҳра ба вуҷуд меояд, дурахши гавҳараки чашм меафзояд,
бештари вақт рагҳои хунгузари чеҳра васеъ шуда, чеҳра
сурх мешавад, миқдори мижа заданҳо зиёд гашта, ҳара-
катҳои хосаи хурду калон содир мегарданд: нимвоз шуда-
ни даҳон, ба бинӣ даст расондан, молидани чашм, аз нар-
маки гӯш доштан, хоридани гардан, бо даст пок намудани
лабу даҳон, пӯшидани чашму гӯш, кашидани гиребон, аз
нигоҳи ҳамсӯҳбат ноҳинҷор шудан, ба чашмони ӯ нигоҳ
карда натавонистан, кафи дастони худро аз назари
ҳамсӯҳбат пинҳон доштан ва ғ. ҳаракатҳои бо осонӣ му-
шоҳидашаванда мебошанд, ки идора кардани онҳо на
ҳама вақт имконпазир мебошад. Дар ин замина роҳи аз
ҳама осонтари дурӯғгӯӣ, дуруғгӯӣ аз тариқи телефон ме-
бошад.

Воситаҳои ғайришифоҳии муошират визуалӣ, аку-
стикӣ, тактикӣ – кинестикӣ ва олфакторӣ мешаванд.

Воситаҳои визуалии муоширати ғайришифоҳӣ инҳо
мебошанд:

  • кинестика: ҳаракатҳои даст, пой, сар бадан;
  • самти нигоҳ ва робитаи нигоҳӣ;
  • қиёфаи чашм;
  • қиёфаи рӯй;
  • андом (иваз намудани ҳолати бадан вобаста ба
    мазмуни ахборот);
  • таасуроти пӯстӣ (сурхшавӣ, арақкунӣ);
  • фосилаи байниҳамдигарӣ (фосила то ҳамсӯҳбат,
    кунҷи нишаст ва гардиш ба ҷониби ӯ, фазои фардӣ);
  • воситаҳои ёрирасони муошират, аз ҷумла хусуси-
    ятҳои андом (ҷинс, синнусол) ва воситаҳои тағйрдиҳандаи
    онҳо (либос, рангубордиҳии рӯй (косметика), айнак, оро-
    ишот, холкӯбӣ (татауировка), мӯйлаб, риш, сигор ва ғ.);

Воситаҳои акустикӣ (садоӣ)-и муоширати ғайри-
шифоҳӣ инҳо мебошанд:

  • паралингвистикӣ ё худ бо нутқ алоқаманд – оҳанг,
    баландӣ ва пастии овоз, лаҳн, вазн, таваққуф дар нутқ ва
    пешгирии он;
  • экстралингвистикӣ ё худ бо нутқ алоқаманд набуда
    (ханда, гиря, сулфа, нафаскашӣ, соиши дандонҳо, бо бинӣ
    шиппоскунӣ ва ғ.)

Воситаҳои тактикӣ – кинестикии муошират инҳоянд:

  • таъсиррасонии ҷисмонӣ (аз даст гирифта бурдани
    нобино ё ҳамсӯҳбат, аз камари ҳамдигар дошта рақсидан
    ва ғ.);
  • такесика (дастфишурӣ, ба китфи ҳамдигар задан ва
    ғ.)

Воситаҳои олфактории муошират инҳоянд:

  • бӯйҳои хуш ва нохуши моро иҳотакарда;
  • бӯйҳои табиӣ ва сунъиӣ инсон.

Нигоҳи мавҷуди зинда ва хусусан, нигоҳи одам яке
аз ангезадаҳои нерӯмандтарини одам буда, дар худ ахбо-
роти бузургеро ниҳон дорад. Чашмон ва лабон узвҳои
нисбатан гӯётари чеҳраанд. Одаме, ки нигоҳашро аз
ҳамсӯҳбат мегурезонад, дарундору тарсу ва одами чашм
ало кунанда ба назар бемаърифату беодоб менамояд.
Одамон ифодаҳои чашму бозии нигоҳҳоро бехато муайян
мекунанд.

Ба воситаи нигоҳ аз дурахшу андозаи гавҳараки
чашм, шакли абрӯву пилкҳо, тарҳи даҳону бинӣ, тарҳи
умумии рӯй маълумотҳои зиёди дақиқро ба даст овардан
мумкин аст. Таносуби ин нишонаҳо гуногунранг мебо-
шад. Эҳсосоти мусбат миқдори мубодилаи нигоҳҳоро
афзун мекунад, эҳсосоти манфӣ ин миқдорро маҳдуд ме-
намояд. Нигоҳи даванда ё «часпанда» доир ба задагузо-
риҳои психикӣ ва ноҷӯриҳои психикӣ шаҳодат медиҳад.
Барои беҳтар фаҳмидани одамон ба нигоҳҳою қиёфасо-
зиҳо ва ҳаракатҳои онҳо зеҳн монед. Масалан, савдогаро-
ни ботаҷрибаи шарқӣ ба ҳолати гавҳараки чашми хари-
дорон синча карда, нархи молро танзим менамоянд.

Нигоҳи одам бамаъразгузорандаи ӯ мебошад. Дар
чашмони одамон мо муҳаббату нафрат, ризоияту инкор,
хурсандию андӯҳро хонда метавонем. Ифодаҳои чашму
ифодаҳои лабон муносибати дутарафа доранд. Садҳо
ифодаҳои қиёфасозӣ ин гунаҳои мухталифи таносуби ҳо-
латҳои лабон ва ифодаҳои чашманд. Фараҳмандии чашм
ва табассуми сабук ҳар як чеҳраро зебо, ҷаззоб ва робита-
пазир мегардонанд.

Ҳаракатҳои одам вобаста аз тасаввуроти ҳамин
ҷомеа дар бораи он ки одам бояд чӣ гуна бошад, интихоб
шудаю таҳким меёбанд. Бисёр меъёрҳои иҷтимоии ҳара-
кат ва қиёфасозӣ вобастаи тарзи ҳаёти ҳамин ҷомеа ме-
бошанд.

Бо қиёфасозӣ, тарзи ист ва ҳаракатҳои худ зеҳн би-
монед. Аз чунин ҳаракатҳо дурӣ ҷӯед: «ҳаракатҳои пӯши-
да», «шубҳанокӣ» ва «ҳимоя» (осемасар молиш додани
пешонӣ, чакка, манаҳ, бо дастон пӯшидани рӯй, ба сина
чиллик кардани дастҳо, дар панҷа фишурдани ангуштон),
«ҳаракатҳои шубҳанокӣ» ва «ҳаракатҳои хафагӣ» (моли-
дани сатҳи бинӣ, гардан, хоридани гӯш, бардоштани
китфон ва хам кардани сар, гирифтани айнак ва намоиш-
корона ба сӯе гузоштани он). Аз «тарзи исти ҳавобалан-
дона» (масалан, бо пушти сар ё миён партофтани дастон),
«ҳаракатҳои норизоият» (дар рӯи миз чидани майда-
чуйдаҳо, чидани мӯйҳои пиҷак) канорҷӯӣ намоед.

Ба ҳаракатҳои ҳамсӯҳбат диққат диҳед. Исбот шуда-
аст, ки ҳамсӯҳбати сигоркаш дар мавриди хурсанд будан,
дуди сигорашро ба боло, дар ҳоли ноҳинҷор будан бошад,
дуди сигорашро ба поён сар медиҳад. Ба ҳолати дасту
китфон ва сари ҳамсӯҳбат назар афканед. Ҳангоми шид-
дати ҳаяҷон китфон бардошта ва ҳангоми сусту ором-
шавӣ китфон поин фуроварда мешаванд. Сари хамшуда аз
маҳдудият (дамдуздӣ) ва ноқаноатмандӣ, сари баланд
бардошташуда нишонаи худназораткунии устувори шахс
мебошад.

Қиёфаи одам нисбат ба тарзи исти ӯ бештар ахбор
медиҳад. Чеҳраи одам – оинаи ботинии ӯст. Ҳаракати му-
шакҳои чеҳра – гувоҳидиҳандаи олами ботинӣ ва ҳолати
рӯҳии ӯ мебошанд. Ва одамон дар бисёр маврид на ба су-
ханпардозиҳо, балки ба ҳамин гуна воситаҳои устувор та-
ваҷҷӯҳ мегузоранд.

Хусуиятҳои психологии муошират бештар ба воси-
таи шакли муошират муайян карда мешавад. Чунончи,
ҳангоми муоширати кӯтоҳмуддати тасодуфӣ одамон ба
воситаҳои меъёрии аз ҷониби ҳамагон қабулшудаи эҳти-
ромгузорӣ ва саволҳои зоҳирӣ маҳдуд мегарданд. Ҳанго-
ми таъсироти дутарафаи мӯътадилу устувор ва ҳангоми
муоширати корӣ одамон ба сифатҳои устувори психикию
танзимии ҳарифони худ, ба хусусиятҳои рафтори онҳо дар
вазъиятҳои мухталиф истиноду таваҷҷӯҳ менамоянд. Дар
ин маврид, натиҷаҳои мусбати таъсири дутарафа баҳогу-
зорӣ мешавад, нақшаи мувофиқтари таъсири дутарафа бо
ҳамин ҳариф дар асоси робитаи баръакс таҳия мегардад.

Фард андешаи хешро иброз дошта, ҳамеша
натиҷаҳои ноилгардидаашро ба ҳисоб мегирад ва рафто-
ри хешро ба танзим медарорад. Дар асоси таҷрибаи ҳа-
ётии худ ва ҷамъбасткуниҳои оморӣ одамон доир ба ху-
сусиятҳои рафтори якдигар муҳокима меронанд ва
кӯшишҳои имконпазири ҳарифони хешро дар муошират
пешакӣ пай мебаранд.

Робитаи баръакси самараноку муассир амалкунанда,
таҳлил ва ба ҳисобгирии натиҷаҳои робитаи худ яке аз
шартҳои асосии фаъолияти тавфиқовари сарвар, менеҷер,
қумондон, омӯзгор, тарбиятгар, ҳуқуқшинос ва дигар
кормандони соҳаи иҷтимоӣ мебошанд.

Дар нутқи хаттӣ, ки ба шахси номаълум ё ғоиб нига-
ронида шудааст (масалан, тавассути воситаҳои ахбори
омма – рӯзномаю маҷаллаҳо, телевизиону радио ва ғ., ки
дар фазо ва вақт вуҷуд дорад), маълумоти додашаванда то
қадри имкон ҳаматарафа шарҳу эзоҳ дода мешавад, зеро
дар ин гуна муошират робитаи баръакс на ҳама вақт им-
конпазир аст.

Ба вуҷуди тамоми фарқиятҳои байнҳамдигарии
нутқи шифоҳию хаттӣ, онҳо бо садде аз ҳамдигар ҷудо
карда нашудаанд ва андаруни худ низ ҳамҷинс нестанд.
Дар амалия намудҳои нутқи шифоҳии наздик ба нутқи
хаттӣ ва услубҳои нутқи хаттии бо нутқи шифоҳӣ
қаробатдошта ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
Масалан, мукотибаи шахсии дӯстон аз рисолаи илмӣ са-
реҳан фарқ дорад: услуби иншои мактуб ва тарзи навишти
матнаш бештар ба нутқи шифоҳӣ – гуфтугӯи наздик аст.
Дар суханронии оммавӣ ва маърӯзаҳо бошад, тамоми во-
ситаҳои ифодакунандаи нутқи шифоҳиро истифода меба-
ранд, аммо дар баъзе мавридҳо бештар ба нутқи хаттӣ
такя мекунанд. Бархилофи таъбирҳои умумии қабулшуда
оид ба хондани лексияҳо онҳоро танҳо ба хониши хушку
холӣ ва якнавохту якзайли ягон хел матн табдил додан ло-
зим нест. Лексияи барои ҳозирини сокиту ором пешбини-
шуда бояд то андозае оҳанги лексия-сӯҳбатро дошта
бошад: ҳассосияти баланд, дарк кардани ҳолати ифода-
нашудаи талқиншавандагӣ ё муқобилиятнамоии ҳозирин,
завқоварӣ ё дилгиркунандагии мавзӯъро аз руйи ҳара-
катҳои ночизи пайхастшавандаи шунавандагон дарк кар-
дан, ҳолати ботинии онҳо ва муносибаташонро ба ақидаи
иброзгардида ба ҳисоб гирифтан – ин ҳама хусусиятҳои
нутқи шифоҳие мебошанд, ки бояд ба таври ҷиддӣ ва му-
назам ба мантиқи ибрози андешаи на ба нутқи шифоҳӣ –
гуфтугӯӣ, балки ба нутқи хаттӣ хосбуда муносибатдор
гардонда шаванд.

Мисолҳои овардашуда гувоҳи онанд, ки аввалан
нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ мухолифи ҳамдигар набуда, балки
вориди ҳамдигар гашта, ба ҳамдигар таъсири дутарафа
мерасонанд. Сония, ин маънои онро дорад, ки тавофутҳои
қатъӣ байни матнҳои маъмули шифоҳӣ – гуфтугӯӣ ва ил-
мии хаттӣ, на танҳо бо техникаи нутқи хаттӣ ва нутқи
шифоҳии садогй, балки бо фарқиятҳои вазифаҳо низ
иртибот дорад. Нутқи шифоҳии гуфтугӯӣ барои му-
стақиман ифода намудани ҳиссиётҳо бо мусоҳиб хизмат
мекунад. Нутқи хаттӣ маъмулан барои ба ҳамсӯҳбат расо-
нидани маълумотҳои нисбатан мавҳум хидмат менамояд.

Ҳангоми худ ба худ фикр кардан ва ба тасвиятҳои
вожавӣ гузаронидани афкор, байни нутқҳои шифоҳию бо-
тинӣ ва нутқи ботинӣ вобаста ба муносибати онҳо ба
таффаккур фарқияти зиёд мушоҳида мешавад. Бархе аз
равоншиносон нутқи ба истилоҳ ниҳоятан худпарастона
(эгосентрӣ) – ро ҳамчун нутқи фосилавии дар байни
нутқҳои зоҳирию ботинӣ мавҷудбуда шарҳ медиҳанд.
Нутқи ниҳоятан худпарастона асосан ба кӯдакон хос аст:
кӯдаки саргарми бозӣ худ бо худ гуфтугӯ мекунад. Баъзан
ҳангоми худназораткунии заиф, нутқи худпарастона дар
калонсолон ва асосан дар пирон имконпазир ба назар ме-
расад. Фаъолии он ҳангоми пайдоиши ягон душворие дар
фаъолият меафзояд. Нутқҳои оҳанги худпарастӣ дошта
дар нисбати муошират ба ақлоният бештар такя карда, аз
руйи шакл ҳамчун нутқи берунӣ ва аз руйи вазифа ва
моҳияти психологӣ ҳамчун нутқи ботинӣ баромад меку-
над.

Нутқи дохилӣ ҳангоми амалӣ шуданаш гӯё аз иҷрои
вазифаи ибтидоии онро тавлидкарда канораҷӯӣ мекунад,
зеро дигар на ҳамчун воситаи муошират, балки пеш аз
ҳама ҳамчун шакли фаъолияти ақлӣ баромад мекунад. Бо
вуҷуди ин, вай аз лиҳози ирсӣ дар шакли иҷтимоӣ боқӣ
мемонад, зеро нутқи «берунӣ» бегуфтугӯ заминаи асосии
пайдоиши нутқи «дохилӣ» мебошад. Вай (нутқи ботинӣ)
дар онтогенез (дар кӯдак), ташаккул мепазирад, вақте ки
кӯдак ба таври кифоя нутқи шифоҳиро азхуд менамояд,
дар натиҷаи интериоризатсияи нутқи ботинӣ (ба дарун –
ба психика гузаронидан ё «кӯчонидан»-и он), дорои нутқи
дохилӣ мегардад. Ин дар мавриде рӯй медиҳад, ки кӯдак
барои матраҳ кардани фаъолияти бозии худ бо садои ба-
ланд ифодаҳои калимавии амалиёти худро ба забон овар-
да истода, онро дар амал истифода мебарад. Ҳамин тариқ,
инкишофи нутқи ботинӣ аз марҳилаи фосилавии худпа-
растона оғоз меёбад. Ҳангоми гузариши нутқи берунӣ ба
нутқи ботинӣ нутқи худпарастона тадриҷан аз байн ме-
равад.

Нутқи ботинӣ дар баробари иҷрои вазифаҳои дигар,
дар қиёс бо нутқи берунӣ аз рӯйи сохти худ низ фарқ ме-
кунад. Вай нутқи пешакӣ таъйиншуда набуда, дар аксар
маврид носуфтаю нопурра аст. Л.С.Виготский ва шогир-
донаш дар асоси тадқиқотҳои худ сохти нутқи ботиниро
маҳз ҳамчун нутқи хабарӣ тафсир мекунанд, аммо
С.Л.Рубинштейн тахмин мекард, ки амалишавии «нутқи
ботинӣ дар аксар маврид аз тарзи масъалагузорӣ вобаста
мебошад».

Ҳамин тариқ, нутқи ботинӣ дар шакли нутқӣ тахфиф
кардашуда баромад мекунад: аз он фақат баъзе унсурҳои
аз ҳама муҳим боқӣ монда, ҳама он чизҳое, ки «худ ба худ
ҳувайдо» буда, нутқро бою ғанӣ намегардонанд, нолозим
мешаванд. Ин гуна протсесси «мухтасаркунӣ»-и воси-
таҳои забонӣ, гуфтугӯи шифоҳии шахсонеро ба хотир
меорад, ки мавзӯи сӯҳбатро хело хуб медонанд ва дар ҷа-
раёни муоширати худ аз бисёр чизҳои нолозим сарфи
назар менамоянд. Ба замми ин ҳангоми муколамоти бо-
тинӣ (монолог) ё «гуфтугӯ бо худ» ин тарзи нутқ бештар
истифода мешавад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-27

Сохти гурӯҳҳои хурд

Зери мафҳуми сохти гурӯҳи хурд, сохт ва хусусиятҳои мавҷудаи му- носибатҳои байниҳамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222