Главная / Илм / Навъҳои назр

Навъҳои назр

Назр ду навъ аст:
1. Назри мутлак ва он назрест, ки аз кайди замон ва макон холи
аст, яъне ба замон ва маконе мукайяд (вобаста) нашудааст. Ин гуна
назрро дар кадом замон ва маконе анҷом диҳад, ҷоиз аст. Масалан,
агар бигуяд: Барои Худо бар ман ду ракъат намоз, онро дар ҳар замон
ва маконе анҷом диҳад, назраш ба ҷо меояд.
Муайян кардани замон ва макон барои назр аз назари шариат
эътиборе надорад ва онро метавонад ба таври мутлак ба ҷой оварад.
Масалан, агар касе назр кунад, ки мохи раҷабро руза медорад ва ба
ҷои он мохи шаъбонро руза дорад, назраш адо меёбад, касе гузорида-
ни ду ракъат намозро дар Макка назр кунад, онро дар ҳар ҷое бигузо-
рад, дуруст аст, агар маблағеро барои факири муайяне назр намояд,
онро ба ҳар факире бидиҳад, назраш адо меёбад.
Ривоят шудааст, ки: «Рузи фатҳи Макка марде бархост ва гуфт:
Эй Расули Худо (с), ман барои Худо назр кардам, ки агар Худованд
барои ту фатҳ «юмю, дар Байтулмукаддас ду ракъат
бигузоралг. (Расули Худо (с)) фармуд: (Онро) дар ҳаминчо бигузор؛ Он
мард суханашро боз такрор намуд ва Расули Худо (с) фармуд: (Онро)
дар ҳаминчо бигузор. Он мард суханашро бори такрор карб. (Ра-
сули Худо (с) ин бор) фармуд: Набошад, худат медонӣ!».220
Дар ин навъи назр шахс метавонад бар худ воҷиб гардонад, ки
масалан, барои Худо ду ракъат намоз мегузорам ё ду рӯз руза мегирам
ва ё чорвое забх, менамоям.
Чи тавре зикр гардид, агар барои анҷоми он замон ва макони му-
айянеро дар назар гирад ҳам, он ба таври мутлак эътибор дорад, ба
ҷуз руза. Вакте барои рузаи назри рӯз ва замони муайянеро, ба мисли
рузи душанбе, масалан, дар назар гирад, онро назри муайян мегуянд.
Агар онро дар ғайри рузи таъйиннамудааш ба ҷой оварад, дуруст ме-
гардад, вале вакте онро дар рузи муайян ба ҷой овард, дигар бастани
ният аз шаб шарт нест.
2. Назри муаллак (вобаста) ба шарт ва он ду кисм аст:
а) Назри муаллак (вобаста) ба шарте, ки вукуи онро мехоҳад, ма-
салан, бигуяд: Агар Худо ба ман писар ато намояд ё аз бемориам
шифо ёбам ва ё оибам ба саломат баргардад, дах, рӯз руза мегирам.
Дар ин сурат вакте шарт таҳаккук ёбад, вафо ба назр воҷиб мегардад.
агар пеш аз таҳаққуқи шарт назрашро ба ҷой оварад, он эътиборе
надорад;
б) Назри муаллақ ба шарте, ки ба вучуд омадани онро намехоҳад,
масалан, бигуяд: Агар бо фалони сухан гуям, барои Худо бар ман тао-
ми дах, мискин. Ин ибора ба зохир назр аст, вале маънои қасамро до-
рад. Бинобар ин, вақте бо фалони сухан гуфт, ихтиёр дорад, ки ба наз-
раш вафо намояд ва ё каффорати шикастани савгандро пардохт кунад.
Ҳар ду навъи назри муаллак назри муайян ба шумор мераванд, зе-
ро барои таҳаққуқи шарт замон ва маконе зарурат дорад ва пас аз за-
мони таҳаққуқи он вафо ба назр воҷиб мегардад.
Аммо он корҳое, ки бо номи нарзи мурдагон дар назди кабри баъ-
зе бузургон ба хотири наздики ба онҳо аз сӯи мардуми авом анҷом до-
да мешаванд, бо иҷмои уммати Ислом ботил ва ҳаром ҳастанд, ба мо-
нанди пул, динору дирҳам, шамъу равн, забхи чорво ва ира. Зеро
он барои махлук назр шуда, дар ҳоле ки назр танҳо барои Худо ҷоиз
аст, ба ин маъно, ки назр ибодат аст ва ибодат барои ғайри Худо ҷоиз
нест. Илова бар ин, шахсе, ки барояш назр шудааст, кайҳо фавтида ва
дигар чизеро ба моликияти худ дароварда наметавонад ва аз ҳама
сахттар он ки агар назрро ба ин эътиқод намояд, ки шахси дар қабр
орамида ҳамроҳ, дар баробар ва ё ғайр аз Худо дар умури олам тасар-
руф менамояд, он куфр ва ширк аст.
Вале агар бигуяд: Эй Худо, ман бароят назр кардам, ки агар бемо-
рамро шифо бахши ё оибамро баргардони ва ё ҳоҷатамро барори, ба
факироне, ки дар назди қабри фалони нишастаанд, таом медиҳам ё ба-
рои масҷидашон бурё мехарам ва ё корҳои дигаре, ки барои кишрҳои
ниёзманди ҷомеа нафъе мебахшанд, анҷом медиҳам, ба ин эътибор ҷо-
из аст.
Ин корҳо дар замоне бештар равнақ пайдо мекунанд, ки ҷахлу бе-
маърифати нисбат ба таълимоти Ислом дар байни мардум решадор
гардад ва мардум мохияти арзишҳои олии дини Худоро пурра дарк
нанамоянд. Дини Ислом дини илму басират аст ва махзи ҷахлу беса-
води яке аз мухимтарин ҳадафҳои онро ташкил медиҳад. Худованд ба
Паёмбари акрам (с) дастур медиҳад, ки эълон намо: «Ин рохи ман аст.
Ман ба сӯи Худо бо басират ва аз рӯи огахи даъват мекунам ва хар ка-
се, ки аз ман пайрави намояд…».
Чи тавре зикр гардид, аз назари Ислом доманаи назр хеле густар-
да буда, он тамоми навъҳои ибодатҳои нафли, садакоти ири фарзи
ва ҳамаи корҳои хайр ва амалҳои некеро, ки курбатан илаллоҳ анҷом
дода мешаванд, дар бар мегирад. 
Бар ҳамин асос, агар шахсе дар бахши садақот, таом додан ва ё
забхи чорво назр кунад, онро бояд дар масрафҳои муайяннамудаи
шаръ сарф намояд. Масрафҳо ва мустахиққони назр, каффоратҳо ва
садақаи Фитр ҳамон масрафҳои закот мебошанд. Касе пардохти каф-
форат, назр ва ё садақаи Фитрашро дар ғайри онҳо сарф кунад, онҳо
аз зиммааш сокит намешаванд. Масалан, шахсе гусфанде назр кард ва
онро пас аз забҳ ба фарзандони худаш ва ё сарватмандоне, ки ахли за-
кот ҳастанд, сарф намуд, назраш адо намеёбад, бояд аз сар гусфанди
дигаре забх, намояд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

images-32

Барномаи ғизои ва тарбияи ҷисм дар Ислом

Дар баробари ин ҳама баҳрахои маънавй, баракоти руҳи ва фоидаҳои беҳдоштие, ки рӯза барои шахси …