Главная / Илм / Нерӯи инноватсионӣи ташкилот

Нерӯи инноватсионӣи ташкилот

Ба воситаи рушди нерӯи (потенсиали) инкишофи ташкилот ва ҷузъҳои он, ҳамчунин тамоми унсурҳои низоми истеҳсолию хоҷагӣ таъмин мегардад. Инкишофи ташкилот ҳамчун вокунӣба тағийрёбии муҳити берунӣ дида баромада мешавад, ва аз ин рӯй хислати стратегӣ дорад. Аз ҳолати нерӯи инноватсионӣ интихоб ва амалишавии стратегияи инноватсионӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯй баҳодиҳии ҳолати нерӯи инноватсионӣ амалиёти заруриро тақозо менамояд.

thumb_1448793174-bcc155b847

Нерӯи инноватсионӣи ташкилот ҳамчун меъёри омодагии иҷрои вазифаҳои инноватсионӣи гузошташуда, яъе омодагиҳо барои иҷроиши барномаҳои ислоҳоти инноватсионӣ ё ин, ки лоиҳаҳои инноватсионӣ ва ҷорисозии инноватсия шарҳ дода мешавад.

Муҳити дохилии ташкилот аз унсурҳое иборат мебошад, ки низоми истеҳсолию хазинадориҳоро дар бар мегирад ва ин унсурҳо ба қисматҳои зерин тақсим мешаванд:

  • қисмати маҳсулоти (лоиҳавӣ)-ин самти фаъолияти ташкилот ва натиҷаҳои он дар шакли маҳсулот ва хизматрасонӣ (лоиҳа ва барнома);
  • қисмати функсионалии (иттиҳоди вазифаҳои истеҳсолот ва равандҳои корӣ) ҳамчун танзимгари шаклгирии захираҳо ва идоракунии маҳсулотӣ ва хизматрасонӣ дар раванди фаъолияти меҳнатии кормандони ташкилот дар тамоми давраи истеҳсоли маҳсулот;
  • қисмати захираҳо ҳамчун маҷмӯи захираҳои моддӣ-техникӣ, меҳнатӣ, иттилоотӣ, молиявӣ ва дигар захираҳои корхона;
  • қисмати ташкилӣ дар шакли ташкили сохторӣ, равандҳои технологӣ аз рӯи ҳамаи вазифаҳо ва лоиҳаҳо, маданияти ташкилӣ;
  • қисмати идоракунӣ ҳамчун дастурамали умумии ташкилот, низоми идоракунӣ ва услуби идоракунӣ.

Тарҳи баҳодиҳии нерӯи инноватсионӣи ташкилот ҳангоми таҳлили фаъоли муҳити дохилӣ чунин аст:

  • таърифи низоми намунавии меъёри ҳолати имконпазири инноватсионӣи ташкилот (муҳити дохилӣ), яъне ба таври возеҳ талаботи сифатӣ ва миқдорӣ, ҳолати нерӯи ҳамаи қисматҳо, таркиби қисмҳо ва ҳаҷмҳое, ки комёбии мақсадноки инноватсионӣ ва зермақсадҳои онро таъмин менамояд. (аз рӯи «дарахти мақсад»);
  • ҳолати ҳақиқии имконпазири инноватсионӣро аз рӯи ҳамаи қисматҳо, таркибҳо ва андозҳо муқаррар менамоянд;
  • таҳлили меъёрӣ ва аҳамияти амалии имконпазирии ташкилот мувофиқа мегардад;
  • тарафҳои қудратманд (бо захира ё бо намунаи меъёрӣ мувофиқ) ва камқувват (аҳамиятнок ё ба намунаи меъёрӣ номувофиқ) фарқ кунонида мешаванд;
  • номгӯи намунавии корҳо оиди азнавсозии инноватсионӣи ташкилот тартиб дода мешавад (пурзӯр намудан тарафҳои қудратманд).

Маҳдудияти мӯҳлат, набудани мутахассисоне, ки қобилияти гузаронидани таҳлил мунтазам доранд, набудан ё дастнорас будани ахбор дар бораи ташкилот (махсусан ҳангоми таҳлили имконпазири инноватсионӣи рақибон) водор менамояд, ки аз равишҳои ташхисӣ ба баҳодиҳии нерӯи инноватсионӣи ташкилот истифода намоем.

Тарзи ташхиси дар раванди таҳлил ва ташхиси ҳолати ташкилот аз рӯи маҳдудият ва дастрас будан ҳам барои таҳлилгарони дохилӣ ва берунӣ ба амал бароварда мешавад.

Шароитҳои ҳатмии босифат гузаронидани ташхису таҳлили нерӯи инноватсионӣи ташкилот инҳоянд:

  • бояд мураттаб кардани дониш ва умуман тартиби ташхиси мавзӯи тадқиқотӣ истифода бурда шавад;
  • бояд алоқамандии андозаи ташхис бо дигар сохторҳои муҳимро бидонем, то ки аз рӯи ҳолати ягона намуди андозаи ташхис баҳодиҳии ҳолати тамоми сохтор ё ягон қисми онро анҷом диҳем;
  • иттилоот оиди аҳамияти коркарди андозаҳои ташхис бояд саҳеҳ бошад, чунки ҳангоми маҳдудсозии андозаҳо хавфи аз даст додан бо сабаби нодуруст муайян намудани ташхиси ҳолати сохтор ба амал меояд.

Гузаронидани ташхису таҳлили нерӯи инноватсионӣ малакаҳои муайян ва асосҳои иттилоотиро талаб менамояд. Бинобар ин масъалаи муайян сохтани тарҳи ташхиси таҳлилӣ ва баҳодиҳии имконпазири инноватсионӣи ташкилот ба миён меояд. Тарҳи ташхиси таҳлилӣ чунин аст:

  • ҷорикунии феҳристӣ таъсиррасонии идоракунӣ;
  • ҷорикунии феҳриси ҳолати муҳити берунӣ дар омор;
  • ҷорӣ намудани феҳристӣ андозаи ташхис, ки нишондиҳандаи таъсири беруна ба ташкилот аст;
  • ҷорисозии феҳристӣ сохторӣ, ки нишондиҳандаи ҳолати дохилии ташкилот мебошад;
  • муайян намудани алоқамандии дутарафаи сохторӣ ва андозаи ташхисии ташкилот;
  • мониторинги ташхис ва коркарди маълумотҳои оморӣ;
  • баҳодиҳии сохторӣ;
  • баҳодиҳии ҳолати ҷудогонаи хусусиятҳо ва муайян намудани баҳодиҳии интералии нерӯи ташкилот.

Барои ҳалли вазифаҳои таҳлилӣ бо истифодаи баҳодиҳии имконпазири инноватсионӣ саволнома ва пурсишномаҳои дараҷаҳои гуногун тартиб дода мешаванд.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222