Бояд қайд кард, ки илова бар ин, бо назардошти хусусияти маҳсулоти илмию техникӣ бозори дар низоми «илм-истеҳсолот»-и робитаҳои байниҳамдигарии иқтисодиро танзимкунанда вазифаҳои зеринро ифода мекунад:
- давраи интихоби талаботи мутавозун ва пешниҳоди маҳсулоти илмӣ ба воситаи низомҳои бозорӣ;
- озмоиши манфиатноки ҷамъиятии навовариҳои аз ҷониби илм пешниҳодшаванда тавассути талабот ба онҳо;
- ошкор сохтани камбудиву норасоиҳои низоми корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва таҷрибавию нақшакашӣ, ки ин дар навбати худ баҳри ҷустуҷӯҳои илмӣ саривақт таҳрифу такмил ёфтани онҳо имкон фароҳам меоварад;
- на танҳо вазифаи миёнаравӣ байни илму истеҳсолотро иҷро месозад, балки ба сифати ташвиқсозандаи рушди истеҳсолот ва пешрафти илмию техникӣ баромад намуда, ҳамин тавр барои натиҷаи фаъолияти байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти илмию техникӣ ва истеъмолкунандагони манфиатноки тарафайнро ба вуҷуд меорад.
Дар баробари ин, як қатор шартҳое низ мавҷуданд, ки ба ташаккули бозори маҳсулоти илмию-техникӣ таъсир мерасонанд. Ин шартҳо аз инҳо иборатанд:
- пеш аз ҳама, вайрон шудани низоми инҳисорӣ (монополистӣ) ва ташкили шароити рақобатнок аз ҷониби истеҳсолкунандагони маҳсулоти илмию техникӣ;
- ҷорӣ намудани шаклу усулҳои муассир баҳри баланд бардоштани таъсирпазирии истеҳсолот ба корҳои илмӣ мусоидаткунанда;
- мавҷуд будани низоми иқтисодии татбиқи маҳсулоти илмию техникӣ, ки бо назардошти хусусиятҳои вай ҳамчун мол ташкил ёфтааст;
- тавсияи навовариҳои пешниҳод гардида аз ҳисоби эҳёи ихтироъкорӣ ва натиҷаи раванди инноватсионӣ ба воситаи қабули тадбирҳои фаъолгардонии ба ин амал нигаронидашуда.
Моҳияти бозори маҳсулоти илмию техникӣ дар пиёда гардонидани вазифаҳои асосии вай зоҳир меёбад. Вазифаҳои асосии бозори илмию техникӣ инҳоянд:
- Вазифаи такрористеҳсолкунии бозори маҳсулоти илмию техникӣ дар васеъ намудани доираи истеҳсолот ва истифодабарии навовариҳои илмӣ-техникӣ дар миқёси ҷамъият, ва корхонаҳо мусоидат менамояд;
- маҳсулоти фаъолияти илмию техникиро то истеъмолкунанда расонида, ҳамчун ҳалқаи пайвасткунанда дар байни истеъмолкунанда, ва маҳсулоти илмию техникӣ баромад мекунад;
- шароити мунтазаму сифатноки азнавсозии истеҳсолот бо ташкили арзишҳои нави истеъмолӣ шароит фароҳам меоварад;
- ба воситаи табаддули баробар такрористеҳсолкунии васеъи объектҳои мушаххаси иқтисодиро таъмин менамояд;
- ба сифати фишанги ошкор сохтани мутавозунии талабот ва пешниҳоди молҳои илмию техникӣ ва усулҳои нигоҳдории он баромад мекунад.
- Вазифаи ахбордиҳии бозори маҳсулоти илмию техникӣ иборат аст, аз таъмини робитаи баръакси манфӣ (мувофиқи назарияи идора) мебошад, ки ин аз моҳияти баланди иттилоотии вай бо мақсади идораи рушди илмию техникӣ ва фаъолияти инноватсионӣ гувоҳӣ медиҳад. Ин вазифа чун аломати робитаи мутақобили фурӯши (татбиқи) маҳсулоти илмию техникӣ буда, ҳамчун ташкили фаъолияти тавлидкунандаи асосии иттилооти иқтисодӣ хизмат мекунад, ки қисми таркибию муҳимтарини он-нархҳо мебошанд (баҳодиҳии арзишӣ имкон медиҳанд, ки ҳаҷми фурӯш, талабот, манфиатнокии ҷамъиятии маҳсулоти илмию техникӣ ошкор, инчунин хароҷот ва натиҷаҳо муқоиса карда шаванд).
- Вазифаи ҳавасмандгардонии бозори маҳсулоти илмию техникӣ чунин зоҳир мегардад:
- эътирофи ниҳоии моҳияти ҷамъиятии меҳнати муҳаққиқон ва тартибдиҳандагон, инчунин маҳсули фаъолияти онҳоро таъмин менамояд;
- эҳтиёҷоти воқеиро ба молҳои илмию техникӣ ошкор сохта, ҳамчун далел барои муҳаққиқон ва эҷодкунандагон хизмат менамояд;
- ҳамчун фишанги кам кардани хароҷоти истеҳсолӣ ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти илмию техникӣ ва воситаи баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти илмию техникӣ хизмат мекунад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки мавқеи ҷойгиршавии бозори маҳсулоти илмию техникӣ дар бозори молӣ низ муҳим мебошад.
Дурнамои рушд ва ба бозор баровардани дастовардҳои илмию техникӣ аз марҳилаҳои ҷараёни давраи инноватсионӣ арзи вуҷуд намудани он вобастааст. Ҳар қадар, ки ҷараёни иннноватсионӣ зудтар сурат гирад, ҳамон қадар имконияти он, дар кишвар ба муваффақият ноил хоҳад шуд. Дар робита бо ин, ду ҷараёни ташкили маҳсулоти инноватсиониро тезонидан зарур аст. Илова бар ин, ҳоло мушкилии рақобатпазирӣ ва маҳсулоти илмталаб тезутунд мегардад. Ҳар қадаре, ки доираи инноватсия «ҷавонтар» бошад, ҳамон қадар ояндаи ба бозор соҳиб шудани он бештар мегардад.
Ҳарчанд дар ин маврид хавфи он низ афзунтар аст. Инноватсияе, ки дар марҳилаи камолот қарор дорад, метавонад танҳо барои фаровон сохтани бозори дохилӣ бо молҳои камчину дастнорас истифода шавад. Агар вай дар ҳолати рушду инкишоф қарор дошта бошад, пас дар ин маврид, ба ғайр аз талаботи дохилӣ барои баромадан ба бозори ҷаҳонӣ ҳам шароити воқеӣ мавҷуд мебошад. Вале, агар инноватсия дар марҳилаи ба вуҷуд омадан ва ҳатто камолот қарор дошта бошад, пас роҳёбӣ ба соҳаи илмию техникии ҷаҳонӣ имконпазир мегардад.
Назар ба биржаи мол, мол-навоварии фурӯхташуда (натиҷаи фаъолияти илмию техникӣ) объекти истеъмоли якдафъаина мешавад. Ҳоло хусусият ва фарқи фурӯши мол-навовари аз фурӯш дар бозори молҳо (ҷадвали 3) дида мебароем.
Ҷадвали 3. Хусусиятҳои фуруши мол-инноватсия
Бозори мол | Бозори мол – инноватсия |
Фуруш – аз ҷониби фурушанда ба касе додани амволи фурухташаванда, ки барои харидор муҳиму манфиатнок аст, вале на барои фурушандае, ки молро фурухтааст, вай аз ин ҳуқуқ маҳрум мешавад. | Фуруш ба каси дигар дода намешавад зеро фурушандаи навигарӣ ҳангоми фуруши он худаш аз он маҳрум намешавад. Навигарии фурухташуда ҳам ба харидор ва ҳам ба фурушанда хизмат мекунад. Навигарӣ аз ҷониби фурушанда ба каси дигар доданашуда вай азхуд карда мешавад. |
Фуруши махфӣ ва комилан бешахс аст. Фурушанда аҳамият намедиҳад, ки маҳсулоташро кӣ мехарад ва бо он чӣ кор хоҳад кард. | Фуруши ин намуди мол – мақсадноку маълум аст – фурушанда хуб медонад, ки харидори моли вай кист ва барои вай муҳим аст, ки молашро чӣ гуна истифода хоҳанд кард, вай чӣ самара медиҳад, ин барои обрую шаъни вай то чӣ дараҷа муҳим аст. |
Мавҷуд будани шартномаи махсуси ҳуҷҷатӣ ҳатмӣ нест, ягон хел масъулияти молиявию дигар хел ҷавобгариҳо, махфӣ будани назароти маълумот зарур нест. | Барои ҳамаи муомилоти ин навъ шартномаҳои махсуси ҳуҷҷатӣ заруранд, зеро хусусияти онҳо ба таври дақиқ муайян намудани усулу шаклҳои ҳифзи манфиатҳои муштарак, суғурта аз хавфу хатар, таъмини кафолати тақсими фоидаро талаб мекунад. |
Пуле, ки барои моли фурухташуда дода мешавад, арзиши мубодилаи онро инъикос менамояд, яъне ҳамарзиши пулии андозаи онро муайян месозад. Мубадалшавии мол ба пул хусусияти худ ба худ ба амалоӣ дорад. Ташаккул ва афзоиши (тақйирҳбии) нархҳо ба ягон хел таҳлилҳои илмӣ вобаста мебошанд. | Пули барои инноватсияи фурухташуда додашаванда вазифаи нархи кумулятивиро ба ҷо меорад ва барои истифодаи моликияти зеҳнӣ ҳуқуқ медиҳад. Нархи кумулятивӣ – ин арзиши ифодаёфтаи қарзи зеҳнӣ ба тарафи фурушанда бо ивази қарзи пулӣ аз тарафи харидори инноватсия мебошад. Ҷараё ни ба пул мубаддал гардидани мол – иннватсия ин равандест, ки аз тарафи қарздиҳандагон назорат карда мешавад. |
Хусусиятҳои фуруши мол-инноватсияро дар мисоли бозори ноу-хау мушоҳида кардан мумкин аст. Ин ҷо мехоҳем аз таърихи истифодаи мафҳуми «ноу-хау» маълумот диҳем. Пеш аз ҳама, ҳаминро бояд таъкид кард, ки агар дар кишварҳои хориҷӣ дар тавсифи таҷрибаи истеҳсолӣ мафҳуми «ноу-хау» истифода шавад, пас дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, яъне ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шуравӣ ба ҷои ин мафҳумҳои «таҷрибаи пешқадам» ва «таҷрибаи пешқадами истеҳсолӣ» истифода карда мешаванд.
Амалан, дар зери мафҳуми «ноу-хау» донишҳои техникӣ, таҷриба ва асрори истеҳсолот фаҳмида мешавад. Дар таҷрибаи байналхалқии тиҷоратӣ истилоҳи «ноу-хау» якумин маротиба дар ҳуқуқи амрикоӣ соли 1916 дар парвандаи Дюранд ба муқобили Браун истифода шуда, аз ҳамон сол бетарҷума ва айнан мавриди истифода қарор гирифтааст.
Истилоҳи «ноу-хау» (know how) айнан маънои «чӣ тавр иҷро кардан, донистан»-ро дорад.
Аз соли 1953 истилоҳи «ноу-хау» дар созишномаҳои байналхалқӣ ва дар адабиёти иқтисодӣ ба таври расмӣ мавриди истифода қарор гирифт. «Ноу-хау» аввалин маротиба дар таҷрибаи шартномавии ИМА ва Британияи Кабир истифода шуда буд. Ҳоло мо, таносуби мафҳумҳои «ноу-хау» ва «таҷрибаи истеҳсолӣ»-ро дида мебароем.
Дар адабиёти муосир маънидоди ин масъала се мавқеъро мушоҳида кардан мумкин аст. Ду мавқеи аввали он ба маънои маҳдудаш шарҳу тавсиф додашуда, онро ҳамчун донишҳои технологӣ дар бораи соҳаҳои нави истифодаи маҳсулот маънидод месозем. Муҳаққиқоне, ки тарафдори мавқеи сеюманд, шарҳ медиҳанд, ки «ноу- хау» донишҳоеро фаро мегирад, ки вай на танҳо истеҳсоли маҳсулоти дахлдор, балки дар асоси ҳалли вазифаҳои ғайритехникии такмили ташкили меҳнат, истеҳсолоту идораро инчунин баланд бардоштани сифатнокию самаранокии онро таъмин менамояд. Умуман, дар зери мафҳуми «ноу-хау» дар савдои байналхалқии литсензияҳо сирру асрори сохторӣ ва технологии истеҳсолот фаҳмида мешавад, ки онҳо ба ҳимояи патентӣ фаро гирифта нашудаанд.
Вобаста ба корҳое, ки дар натиҷаи онҳо «ноу-хау» ба вуҷуд омадааст, онро ба гурӯҳҳои зерин тақсим мекунанд:
- «ноу-хау»-и илмӣ-тадқикотӣ;
- «ноу-хау»-и конструкторӣ;
- «ноу-хау»-и технологӣ;
- «ноу-хау»-и истеҳсолӣ (асрори истеҳсолот);
- «ноу-хау»-и ҳисобкардабароӣ (дар соҳаи ҳисобҳои муҳандисӣ);
- «ноу-хау»-и лоиҳавӣ (дар соҳаи лоиҳасозии саноат ва иншооти шаҳрвандӣ);
- «ноу-хау»-и идорӣ – ин сохторҳо ва усулҳои идорасозии нисбатан самарабахш, инчунин робитаҳои нисбатан соддаву боэътимод;
- «ноу-хау»-и тиҷоратӣ – ин пешниҳоди донишҳо ва таҷриба дар соҳаи фурӯши маҳсулот, маълумот дар бораи сохти бозор, ширкатҳои бонуфузи миёнарав, шаклҳои фурӯш ва таърифи маҳсулот мебошад.
- «ноу-хау»-и молиявӣ – ин маълумотҳо дар бораи шаклҳои нисбатан муфиди истифодаи маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, хусусиятҳои хоси гумрукӣ, маълумотҳо дар бораи иттиҳодияҳои бонкӣ ва шаклҳои қарздиҳӣ мебошанд.
Гуфтаҳои болоро хулоса карда, дар маҷмӯъ чунин таърифи «ноу- хау»-ро пешниҳод намудан мумкин аст, «Ноу-хау» – ин донишҳо, таҷриба ва малакаҳо дар соҳаи кор карда баромадан (лоиҳасозӣ), азхудкунии саноатӣ, истеҳсолот, фурӯш, истифодабарӣ, хизматрасонӣ, таъмири ҷориву асосӣ, такмил додани техникаи нав, инчунин донишҳои бо онҳо алоқаманд ва таҷриба дар соҳаи идора, иқтисодиёт, молия ва ғайра мебошанд, ки онҳо метавонанд мавриди истифода қарор гиранд ё арзише дошта бошанд.
Ҳангоми муайян намудани «ноу-хау» чунин ҷиҳатҳоро ба инобат мегиранд:
- донишҳои техникӣ, идорӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва ғайра, инчунин аз таҷрибаву малакаи вобаста ба кор карда баромадан, азхудкунии истеҳсолот, фурӯш, истифодабарӣ, хизматрасонӣ, таъмир, такмили техника, технология ва маводҳои нав;
- арзиш доштани «ноу-хау»;
- истифода шудан ё имконияти истифода қарор гирифтани онҳо;
- мавҷуд набудани ҳимояи ҳуқуқии онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналхалқӣ.
Дар шароити гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ таҷрибаи истеҳсолӣ ва «ноу-хау» ба ҳамдигар алоқамандии зич доранд. Вале, ба назари мо ҳардуи онҳоро ба ҳамдигар айният додан ва як падида пиндоштан хатост.
Дар адабиёти солҳои 80-ум, одатан, таҷрибаи истеҳсолиро ҳамчун таҷрибаи фаъолияти нисбатан самарабахш ва мақсадноки кормандони алоҳида, ҷамъи кормандони корхонаҳо ва соҳаҳои саноат баррасӣ мекарданд.
Ба ҳамин тариқ, дар мамлакат зарурати асосноки ташкили шароити мусоиди қонунгузорӣ, ташкилӣ, иқтисодиву молиявӣ, андозӣ ва ғайра, ки фаъолияти иннноватсиониро озод месозанд ва ба ҳамин васила ташаккули бозори навовариҳо, аз ҷумла, бозори «ноу-хау»-ро таъмин менамоянд, пеш омадааст.
Ташаккули бозори «ноу-хау» захираи гуногуни вусъати корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ташкили намунаи таҷрибавии техника, истифодаи технологияи пешқадам, ихтисор намудани даври илмию истеҳсолӣ мегардад.
Дар баробари ин, имрӯз ҷараёнҳои вобаста ба тиҷоратикунонии инноватсионӣ босуръат инкишоф мёбанд. Вале дар кишварҳои ИДМ инфрасохтори бозори инноватсияҳо ниҳоят суст инкишоф ёфтааст. Масалан, дар Тоҷикистон вай танҳо бо маркази патентӣ, ки дар бораи инноватсияҳо дар доираи ҷумҳурӣ маълумот гирд меоварад, муаррифӣ мегардад.
Дар ташаккул ва рушду равнақи бозори навовариҳо ва «ноу-хау» марказҳои технологии иннноватсионӣ, паркҳои илмӣ, технологӣ, саноатӣ, гурӯҳҳои молиявию саноатӣ, ширкатҳои мубтакирӣ (венчурӣ), инчунин корхонаҳои хурди инноватсионӣ метавонанд нақши сазоворро иҷро созанд. Пайдоиши менеҷменти инноватсионӣ, тақозои замон аст. Равандҳои инноватсионӣ ва корбасти онҳо дар мавод ва техникаи нав асоси тараққиёти иқтисодианд.