Нушервон-Хусрави Анушервон – шоҳаншоҳи сулолаи Сосониён, мулаққаб ба Додгар, ки бистуякумин шоҳи сосонӣ буда, солҳои 531-579 ҳукумат рондааст, дар адабиёти бадеӣ (пахдавӣ, асрҳои миёнаи форсу тоҷик) ҳамчун шоҳи одилу раъиятпарвар ва оқил машҳур гардидааст. Асарҳои оид ба дини зардуштӣ, ки ба забони паҳлавй (форсии миёна) иншо шудаанд, номи ӯро ба одилӣ машҳур кардаанд.
Ба туфайли тарҷумаи асарҳои паҳлавӣ ба забони арабӣ образи Нушервони Одил ба асарҳои таърихнависони исломӣ низ дохил гардидааст. Симои Нушервони Одил ҳамчун шоҳи адолатпарвар дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Хамса»-и Низомй, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус тасвир шудааст.
Дар «Қобуснома» Кайковус асли худро мансуб ба ахли насаби Нушервони Одил дониста, пандҳои ӯро ёд мекунад. Ҳамин тавр, аз Нушервон «Панднома»-е дар ахлок боки мондааст.
***
Аз руйи наклу ривоятҳо Бузургмеҳр шахси окилу доно ва бомаърифату хирадманд буда, ҳамеша тарафдори адолат ва ободии мулк будааст.
ӯ аз Марв (вафоташ соли 590), дар авди сосониҳо умр ба сар бурда, вазири Нушервони Одил будааст, аз худ бозии «Нард» ва рисолае дар ахлоку хикмати тарбия боки гузоштааст.
Рисолаи «Панднома»-и ахлокй-тарбиявии Бузургмеҳр аслан ба забони паҳлавй буда, ба забонҳои арабй ва форсй тарчума шуда, аз ҷиҳати тасвир ба «Панднома»-и Нушервон муто-бикат надорад.
Дар «Китоб-ул-ғариб»-и Абдулнй ибни Шайх Муҳаммад Хатиб (Ҳиндустон) ва маҷмуаи рисолаҳои «Панднома»-и Муҳаммад Шокири Қорй (Тошканд) ба номи Бузургмеҳр ёд мешавад.
Афсона, нақлу ривоят, қиссаю ҳикоятҳои хурди панду ахлоқӣ, латифаҳои зиёде мансуб ба Нушервон ва вазири ӯ – Бузургмеҳр ба эҷодиёти даҳонй ва китобии Арабу Аҷам роҳ ёфтааанд.
Инак, ҳикояте аз пурсиши Нушервон ва посухи Бузургмеҳр Овардаанд, ки дар асл Нушервон одил набуда, золим буда. Дар авди салтанати ӯ раият пароканда, мулк табоҳ,. Бузургмеҳр вазири Нушервон таъйин гардида, аз пайи тараққию ободии мулку осудагии халоиқ шуда.
Нушервон бо Бузургмеҳр бо максади шикор ба биёбон кадам ранҷа намуда, дар роҳ деҳаҳои вайрону валангор ва харобгардидаи бешуморро дида, дар таҳайюр монданд. Аз деҳаи харобе дар болои девори фарсудае ду ҷуғз бо ҳам мунозараю мунокаша доштанд.
Нушервон ба вазир гуфт:
- Ту забони муронро медонй, гӯй, ки инҳо чиҳо мегуянд? Бузургмехр пас аз гӯш кардани садоҳои мурн ба Нушервон рӯй овард:
- Яке аз чуғзҳо писару дигараш духтар дорад. Сохиби писар мехоҳад бо ҷуғзи духтардор хешй (кудогй) намояд. Сохиби духтар ба ин фикр розй нест ва шарт мегузорад, ки ба ивази кудогй ба ман дувоздаҳ деҳаи харобгардидаро калин медихй. Сохиби писар розй шуда мегуяд, ки агар дар мамлакат Нушервон подшоҳ бошаду Бузургмехр вазир, на дувоздаҳ, балки дувоздаҳ ҳазор деҳаҳои вайронаю харобгардидаро калин медиҳам.
Нушервон, ки тарчумаи хикояти мурнро аз вазир шунид, гуфт:
- Зулму золимии ман танҳо ба халоик не, балки ба парандаҳои дашту ҳомун ҳам таъсир кардааст. Ҳамон замон Нушервон золимиро тарк намуда, одилиро пеша кардаааст, то ба дараҷае амониро барқарор кардааст, ки гургу меш аз як ҷӯй об мехурдаанд. Аз ҳамон вакт ӯро Нушервони Одил номидаанд.
Одина[1] ба бозор шудам, вакти намоз, Кабке дидам нишаста бар синаи боз, Он кабк ба он боз ҳамегуфт ба роз: Ҳар кас, ки ҷафо кунад, чафо бинад боз.
САВОЛҲОИ НУШЕРВОНИ ОДИЛ ВА ҶАВОБҲОИ БУЗУРГМЕҲРИ ВАЗИР – ФОИДАБАХШ БА ҲАР НЕКУАХТАР
Инсон бояд, ки чун вакти шаб сар ба болини истироҳат гузорад, тамоми аъмоли он рузро хисоб кунад. Аз корҳои нек карда, шукр ба ҷой оварад, агар афъоли зишт карда, нафси худро маломат кунад, тавба ва истиғфор намояд ва бори дигар гирди он кор нагардад. Инсон бояд, ки аз фикри маонии баланд офил набошад, инсони бефикр ба хисоби мурдагон аст, агарчи зинда бошад.
Ҳаким Файсоғурас
Савол: – Аз Худованди таоло чи бояд хост?
- – Хайру офияти дорайн.1
- – Такдими авомири[4] илохи ва шафкат бар бандагони Худо.
Савол: – Зиндагони чи гуна ба сар бояд кард?
- – Ба хушнуди ва камозори.
Савол: – Умр ба кадом шуғл сарф бояд кард?
- – Ба таҳсили улум ва ҳунару адаб.
Савол: – Илм чи натиҷа диҳад?
Чоб: – Хонандаи илм, агар кеҳ бошад, меҳ гардад ва агар факир бошад, тавонгар шавад.
Савол: – Рохи рост чи гуна маълум шавад?
Чавоб: – Ба рушноии илм.
Савол: – Рушноии рохи сулук чист?
Чоб: – Мағлубии нафс.
Савол: – Нафс ба чи тадбир мағлуб шавад?
Чавоб: – Ба мухолифати ӯ.
Савол: – Иззат ба чи афзун шавад?
Чоб: – Ба кам гуфтан.
Савол: – Некии мукаддамтар аз ҳама ба ки бояд кард?
Чоб: – Дар ҳаққи модару падар.
Савол: – Бади ба ки бояд кард?
Чоб: – Ба нафси худ.
Савол: – Хушнудии Худо ба чи ҳосил ояд?
Чавоб: – Ба хидматгории волидайн.
Савол: – Кадом неки назди Худо макбултар аст?
Чоб: – Некиҳое, ки ба волидайну устод ва фарзандону кавму кабилаи худ кунанд.
Савол: – Кадом бади назди Худо макбухтар1 аст?
Чоб: – Дуои бад, ки бар фарзандони худ кунанд ва зулм бар зердастони худ раво доранд.
Савол: – Некбахт ба чи далел шинохта шавад?
Чоб: – Ба се далел: яке талаби илм; дувум: саховат; севум: шукуфтаруй.
Савол: – Нектарини корҳо чист?
Чоб: – Дар маҷлиси уламо ва ҳукамо нишаста ва аз суҳбати эшон мутаматтеъ[5] [6] шудан.
Савол: – Далели марди ориф[7] чист?
Чоб: – Он ки дар пайи озори кас нагардад.
Савол: – Камозорй чй гуна ҳосил ояд?
Чоб: – Худро аз ҷамии зайи[8] ҳаёт камтар ва бадтар донад.
Савол: – Ин сифат чй гуна ҳосил ояд?
Чоб: – Аз баракати суҳбати уламо ва ҳукамо.
Савол: – Дар факр чй чиз ихтиёр бояд кард?
Чоб: – Ризои Ҳақ.
Савол: – Дил ба суйи ибодати Илоҳи чи гуна моил шавад?
Чоб: – Ба ёд доштани мавт.1
Савол: – Торикии дил аз чи чиз аст?
Чоб: – Ба муҳаббати амволи дунё.
Савол: – Рушноии дил чи гуна ҳосил ояд?
Чавоб: – Ба тарки хубби[9] [10] дунё ва хитоми[11] дунёви.
Савол: – Дар дунё чи гуна бояд монд?
Чоб: – Мисли мусофире, ки дар сарое фуруд ояд, шаб бигзарад, субҳ ч кунад.
Савол: – Мардро аз ҷон чи азизтар аст?
Чоб: – Диндорро дин ва бединро дирам[12]
Савол: – Бар хусну кубҳи[13] инсон чи гуна матлаъ[14] тавон шуд?
Чоб: – Ба муомила.
Савол: – Кадом сухан аст, ки рост бошад, дурӯғ намояд?
Чоб: – Баёни зури ҷавони дар пири ва айши тавонгари дар факири.
Савол: – Ёр чи гуна шинохта шавад?
Чоб: – Дар вакти ҳоҷатманди ёр ва ағёрро[15] маълум тавон кард.
Савол: – Фарзанди нохалаф[16] чи гуна бошад?
Чоб: – Чунон ки ангушти шашум, агар бибуранд, дард кунад ва бигзоранд, айб бувад.
Савол: – Дар миёни зану мард чи фарк аст?
Чавоб: – Аз осмон то замин. То аз осмон наборад, бар замин наруяд.
Савол: – Мусофир беҳтар ё муким?
Чоб: – Мусофир ҳукми оби равон дорад ва муким ҳукми оби баста.
Савол: – Доруи гуноҳон чист?
Чоб: – Тавба кардан.
Савол: – Сибдавлатро кадом амал хуштар аст?
Чавоб: – Ба мухтоҷон нон додан ва ба тавозуи1 мехмонон пардохтан.
Савол: – Аз чумлаи аврод[17] [18] ба чи чиз мувозабат[19] бояд кард?
Чавоб: – Номи Холик ва ёд кардани мавт.
Савол: – Ризк чист?
Чоб: – Ҳар чи ба ту бирасад.
Савол: – Кадом кас аст, ҳар ҷо, ки равад, ӯро дуст доранд?
Чоб: – Сохиби илму адаб.
Савол: – Хоб беҳтар ё бедори?
Чоб: – Золимро хоб беҳтар ва одилро бедори.
Савол: – Он кадом кас аст, ки агар сад айб дошта бошад, бар вай айб нагиранд?
Чоб: – Марди сахи.
Савол: – Чанд чиз аст, ки андухро бибарад?
Чоб: – Ду чиз: яке рафики мувофик, дуюм дидани рӯи дустони содик.
Савол: – Марди окил кист?
Чоб: – Он ки аз мухолафати дунё озурдаву дилтанг набошад.
Савол: – Олихиммат кист?
Чавоб: – Он ки неъмати охиратро бар неъмати дунё нагузинад.
Савол: – Кадом мараз аст, ки табиб ба илоҷи он фуру монад?
Чоб: – Ҳамокат1 ва аблаҳӣ.
Савол: – Кадом амал бояд кард, ки аз шарри[20] [21] аҳли дунё амн[22] ҳосил ояд?
Чоб: – Бо дустон талаттуф[23] ва бо душманон мадоро.
Савол: – Он чӣ чиз аст, ки беҳтар аз зиндагонӣ ва бадтар аз марг бошад?
Чоб: – Беҳтар аз зиндагонӣ некномист ва бадтар аз марг бадномӣ.
Савол: – Сиҳатии чисм дар чӣ чиз аст?
Чоб: – Ба иштиҳои содик таом хурдан ва ҳанӯз андаке аз иштиҳо бокӣ аст, ки даст аз таом боз кашидан.
Савол: – Дуст кадом аст?
Чоб: – Он ки айбҳои туро бипушад ва ҳунарҳои туро зоҳир кунад.
Савол: – Инсон аз кадом амал маҳбуби дилҳо шавад?
Чоб: – Аз ростмуомалагӣ ва шукуфтаруӣ.
Савол: – Аз неъматҳои дунё чанд чиз хуштар аст?
Чоб: – Яке фарзанди солеҳ[24]; дувум давлат аз касби ҳалол; севум зани неккирдор ва сохибҷамол;
Савол: – Нишони дусти содик чист?
Чоб: – Он ки дар некӣ ёрии ту кунад ва аз бадӣ туро нофеъ[25] ояд ва боздорад.
АЗ «ПАНДНОМАИ ҲУКАМО1
Ҳар ки накнад эхтиёти корҳо, Бар дилаш охир нишинад борҳо.
Чомаро бар тан нашояд дӯхтан, Бояд аз мардон адаб омӯхтан. Фаридаддини Аттор
Ҳар ки аз ин хислатҳо худро дур надорад, ба ифлос[26] [27] дармонад, агарчанде ки молики[28] сад ҳазор бошад: Аввал: – Бавл кардан бараҳна хоҳ ба рӯз, хоҳ ба шаб.
Дувум: – Чуст[29] таом хурдан.
Савум: – Нонрезаҳоро хор доштан.
Чаҳорум: – Сиру пиёз ба пуст мондан.
Панчум: – Ба шаб хона руфтан.
Шашум: – Пеши номахрамон будан.
Ҳафтум: – Падару модарро ба ном хондан.
Ҳаштум: – Ба ҳар чубе дандон кофтан.
Нуҳум: – Ба гил ва хок даст шустан.
Даҳум: – Бар остонаи дар нишастан.
Ёздаҳум: – Дар ҷои бад таҳорат кардан.
Дувоздаҳум: – Дегу косаро ношуста гузоштан.
Сездаҳум: – Чомаро пӯшида духтан.
Чаҳордаҳум: – Дасту рӯй бо доман пок кардан.
Понздаҳум: – Чомаҳои худро ночида гузоштан.
Шонздаҳум: – Дар хонаҳои худ анкабут1 гузоштан.
Ҳафтдаҳум: – Аз масҷид зуд баромадан.
Ҳаждаҳум: – Аз соилон[30] [31] нон харидан.
Нуздаҳум: – Фарзанди худро дуои бад кардан.
Бистум: – Каломи фаҳш ва дурӯғ гуфтан.
Бисту якум: – Модару падарро бараҳна дидан.
[1] Одина – чумъа.
[2] Дорайн – ду дунё.
[3] Сулук – роҳу равиш.
[4] Авомир – чамъи амр; амрҳо.
[5] Мақбуҳ – зишт, бад.
[6] Мутаматтеъ – баҳраманд, баҳравар.
[7] Ориф – окил, доно
[8] Зай – воситаи зиндагй.
[9] Мавт – фавт, вафот.
[10] Ҳуб – муҳаббат.
[11] Хитом – ин чо ба маънои меҳр.
[12] Дирам – пули нукра.
[13] Қубҳ – бади, зишти.
[14] Матлаъ – оғоз, шурӯъ.
[15] Ағёр – бегонагон.
[16] Нохалаф – фарзанди ношоиста.
[17] Тавозуъ – фурӯтанй.
[18] Аврод – чамъи вирд; такрори сухан ва фикр.
[19] Мувозабат – андешаи доимй.
[20] Ҳамоқат – аҳмақӣ.
[21] Шар – бад.
[22] Амн – амният.
[23] Талаттуф – лутфу меҳрубонӣ.
[24] Солеҳ – нексират, покдил.
[25] Нофеъ – нафъ.
[26] Дар Китобхонаи миллии ба номи Фирдавси таҳти рақами 44 бо номи «Панднома»-и Ҳукамо маҳфуз аст (дастнавис). Дар «Мачмаъ- ул-калом» (дастнавис) «Панднома» ба номи Муҳаммад – пайғамбар нисбат дода шудааст.
[27] Ифлос – бенавой, муфлисй, камбағалй.
[28] Молик – соҳиб, хӯчаин.
[29] Чуст – чақон, зуд, тез.
[30] Анкабут – тортанак.
[31] Соил – гадо.