Зиндагии Паёмбар (с) ҳамроҳи Хадиҷа бо хушбахтӣ ва саодат сипарӣ мешуд ва ҳар чи Паёмбар (с) ба синни чиҳилсолагӣ наздиктар мешуд, вежагиҳои рӯҳӣ ва ахлоқии ӯ тараққӣ меёфт ва мутаъолитар мегардид. Паёмбар (с) ҳар сол моҳи Рамазонро дар ғори Ҳиро, ки дар кӯҳи Нур воқеъ шуда буд, сипарӣ менамуд. Аммо дар ин сол Паёмбар (с) бо ғори Ҳиро унсу улфати бештаре пайдо намуда буд ва рӯҳи Паёмбар (с) ба гунае мутаъолӣ шуда буд, ки хобҳои содиқонаро мушоҳида менамуд ва ҳар чи дар хоб медид, ба вуқӯъ мепайваст.
Оре, Худованд ирода карда буд, то лутфи бениҳояти худашро машмули ҷаҳониён созад ва Паёмбар (с)-ро “Хотамуланбиё” қарор диҳад ва динро ба василаи ӯ комил гардонад.
Паёмбар (с) дар яке аз рӯзҳо, ки барои розу ниёз ба ғор Ҳиро рафта буд, бо шахсе рӯ ба рӯ гардид, ки ҳаргиз ӯро надида буд ва он шахс Ҷабраил (а) буд. Дар ин рӯз ҳомили як паёми бисёр бузургу навидбахш барои Паёмбар (с) буд. Он паём чунин буд: “Эй Муҳаммад, башорат ва мужда бод туро, ки ман Ҷабраил ҳастам ва ту Паёмбари Худо ба сӯи ин уммат ҳастӣ”. Онгоҳ Ҷабраил (а) ба Паёмбар (с) гуфт: “Иқраъ” (бихон). Паёмбар (с) дар ҷавоб фармуд: “Мо ана биқориъин” (Ман хонданро намедонам). Ҷабраил (а) Паёмбар (с)-ро бисёр фишор доду он гоҳ гуфт:
“Бихон ба номи Парвардигорат, ки ҳамаи ҷаҳонро офаридаст. Инсонро аз хуни баста офаридаст. Бихон ва Парвардигори ту бузургвортар ва бахшандатар аст аз он чи ту мепиндорӣ. Ҳамон Худованде, ки ба василаи қалам инсонро таълим дод ва ба ӯ чизҳое омӯхт, ки намедонист”.
Паёмбар (с) баъди нузули ин оятҳо, бо ҳолати пур аз тарсу ҳарос ғори Ҳироро тарк карду ба сӯйи хона шитофт. Аз шиддати ларзу тарс ба ҳамсари меҳрубонаш Хадиҷа (р) гуфт: “Маро бипӯшонед, маро бипӯшонед”. Хадиҷа (р) Паёмбар (с)-ро пӯшонид ва сабаби ба вуҷуд омадани тарсу ларз дар вуҷуди ӯро ҷӯё шуд. Баъд аз ин ки тарсу ларзи Паёмбар (с) бартараф шуд, моҷароро барои Хадиҷа (р) баён кард. Ин ҷо суоле пеш меояд, ки чаро Паёмбар (с) дучори тарсу ҳарос гардид? Ҷавоб ин аст, ки ҳамон тавре ки ҳазрати Мӯсо вақте таҷаллии азамати илоҳиро бар кӯҳ диду беҳуш шуд ва аз шиддати хавфи Илоҳӣ тоб наёвард, ин масъала дар мавриди Паёмбар (с) низ содиқ аст, чунки Паёмбар (с) аз қабл омодагии ин мавзуъро надошт ва интизор надошт, ки рӯзе бо падидаи бузурге ба номи “ваҳй” рӯ ба рӯ хоҳад шуду бори сангину хатири нубувват бар дӯши ӯ вогузор хоҳад гардид.
Азбаски ҳамсари меҳрубони Паёмбар (с) аз шахсияти волои эшон бохабар буд ва медонист, ки ин башорати азим барои эшон аст, ба Паёмбар (с) гуфт: “Аз он ҷое ки шумо дар гуфтору кирдори худ содиқ ҳастед ва ҳаққи хешовандону заифонро ба ҷой меоваред, Худо шуморо азият нахоҳад кард”.
Хадиҷа (р) баъд аз он Паёмбар (с)-ро назди амакаш Варақа ибни Навфал бурд ва моҷароро барояш нақл кард. Варақа чун маълумоте аз китобҳои гузаштагон ва анбиёи илоҳӣ дошт, ба Паёмбар (с) гуфт: “Ин ҳамон фариштаест, ки Худованд ӯро ба сӯйи Мӯсо (а) фиристодааст. Яъни ӯ Ҷабраили амин, ваҳйовари Илоҳӣ аст ва қавми ту ҳамон мушкилот ва азиятҳоеро барои ту эҷод хоҳанд кард, ки барои паёмбарони пеш аз ту эҷод карданд ва туро аз шаҳри худ (Макка) берун хоҳанд кард”.
Tags Дин Ислом Паёмбар Муҳаммад (с)
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …