Главная / Илм / Одоб ва суннатҳои курбонй

Одоб ва суннатҳои курбонй

Факеҳони киром маҷмуаи одоб ва мустаҳабботеро зикр намуда-
анд, ки шахси курбоникунанда баъзе аз онҳоро пеш аз забхи курбонй,
баъзеро ҳангоми забҳ ва баъзе дигарро пас аз забхи он бояд риоя на-
мояд. Ҳамчунин корҳоеро ёдовар шудаанд, ки анҷом додани онҳо дар
чараёни курбонй кардан карохият доранд. Риояи мустаҳаббот бар аҷ-
ри курбонй меафзояд ва макруҳот бошанд, онро нокис мегардонанд.
Касе дар чараёни анҷоми курбонии худ мустаҳабботро риоя намояд
ва аз макруҳот дурй гузинад, иншоаллох,, аҷри курбониро ба таври ко-
мил ба даст меоварад. Қисмте аз ин корҳо каблан зикр гардид ва ҳоло
бахши дигари онҳоро ёдовар мешавем:
1. Бо банде бастани курбонй.
2. Ҳангоми забҳ онро бо лутфу нармй ба сӯи забҳоҳ бурдан.
3. Агар чорвои курбониро муддате пеш аз рузи ид харида бошад
ва ё аз байни гову уфандони хоҷагиаш якеро барои курбонй дар на-
зар гирифта бошад, онро то рузи ид нағз тарбия ва нигоҳубин намояд.
4. Чорвои фарбеҳ ва хубро барои курбонй интихоб ва харидорй
намояд. Зеро тамоми ин корҳо навъе бузургдошт ва изҳори таваҷҷӯҳ
ба ин шиори Ислом ва шаоири дини Худо ба шумор мераванд ва Ху-
дованд мефармояд: «Ин ва касе шаоири Аллохро бузург дорад, ин ама-
ли вай аз тақвои дилхост».
5. Курбониашро агар ба куштани чорво кодир бошад, бо дасти
худаш забх, намояд. Зеро он курбат ва ибодат аст ва бехтар аст, ки ба
дасти худаш анҷом гирад. Дар сурати кодир набуданаш шахсе бо ва-
колат аз вай онро забҳ намояд ва ин низ ҷоиз аст ва аз аҷри он чизе
кам намесозад.
6. Чорвоеро аз байни гову молаш барои курбонй муайян созад ва
ё муддате пеш аз ид барои курбонй харидорй намояд, агар он чорво
пас аз муайян кардан ва харидорй намудан барра ва ё гусола кунад,
онро низ бояд ҳамрохи модараш курбонй кунад. Ҳамчунин агар дар
вакти забҳ барра ва ё гусолааш зинда берун ояд, онро низ бояд забҳ
намояд. 
Вале агар барра ва ё гусола пеш аз муайян кардан ва ё харидорй
намудан барои курбонй таваллуд шуда бошад, он дигар дар ҳукми
курбонй дохил намешавад.
7. Агар то замони ид рӯзҳои каме бокй монда бошад, дигар таро-
шидан ва истифода аз пашми курбонй низ ҷоиз нест, вале агар то иди
курбон чанд моҳ бокй монда бошад ва гузоштани пашм сабаби лоға-
рии он гардад, тарошидан ва ислохи он ҷоиз аст, зеро ин амр аз ҷум-
лаи корҳои парвариш ва нигоҳубини чорво ба шумор меравад.
Ривоят шудааст, ки марде аз ахли Ҳамдони Яман ба назди Алй (р)
омад, дар ҳоле ки говеро бо гусолааш бо худ мебурд. Гуфт: Ин говро
харидам, ки курбонй кунам, он гусола кард. Алй (р) фармуд: Ба ҷуз
фазл (зиёдатй)-и гусола аз шири он нануш ва рузи ид онро ҳамрохи
гусолааш аз тани ҳафт нафар курбонй кун!.
8. Вакте чорвоеро барои курбонй муайян намуд ва ё харидорй
кард, дигар фурухтан ва иваз кардани он ҷоиз нест. Зеро он барои
курбат мукаррар гардидааст, пас истифода аз пули он ҷоиз нест, чй
тавре истифода аз пашмаш ҷоиз набуд.
9. Пеш аз забх, дар гӯшае дуртар аз чашми ҳайвони курбонй корд-
ро тез намояд. Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) вакте
хост курбониашро забҳ намояд, ба ӯ гуфт: «Эй Оиша, кордро бо санге
тез карда биовар».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

images-32

Барномаи ғизои ва тарбияи ҷисмӣ дар Ислом

дар баробари ин ҳама бахрахои маънавй, баракоти рухй ва фоидахои бехдоштие, ки рӯза барои шахси …