Главная / Илм / Одоб ва суннатҳои рӯзи ид

Одоб ва суннатҳои рӯзи ид

Рузхои ид рузхои покизагию озодаги, шодмониву фароғат ва анҷо-
ми амалхои башардустона мебошанд. Бинобар ин, шахси мусулмон дар
он рӯз бояд баландтарин одоби муошират ва меъёрхои ахлоки шаръиро
риоя намояд.
1. Дар рӯзҳои ид корҳои зерин суннат мебошанд: 1. Ғусл намудан,
2. мисвок кардан, 3. беҳтарин либосҳои худро пушидан, 4. атру хуш-
бӯӣ задан, 5. субҳ барвакт аз хоб бархестан, 6. ба идгоҳ зуд рафтан, 7.
дар иди Фитр пеш аз рафтан ба намозгоҳ бо чизе даҳон ширин наму-
дан, 8. закот (садақа)-и Фитрро пеш аз намоз пардохтан, 9. дар
иди Қурбон хурданро то адои намоз ба таъхир гузоштан ва агар кур-
бонй дошта бошанд, аз он хурдан. 10. намози идро дар идгоҳ хон-
дан, 11. аз роҳе ба намозгоҳ рафта ва аз роҳи дигаре баргаштан, 12.
пиёда ба намозгоҳ рафтан, 13. дар роҳ рузи иди Фитр такбирро оҳиста
гуфтан, 14. дар рузи иди Кубон такбирро баланд гуфтан.
2. Дар идгоҳ гузоридани намози дигаре пеш ё баъд аз намози ид
макрӯҳ аст.
3. Барои касоне, ки намози ид бар онҳо воҷиб нест, низ пеш аз
баргузор шудани намози ид хондани намози нафл макрӯҳ аст.
4. Намози идро дар чандин масҷиди шаҳр баргузор намудан ҷо-
из аст.
5. Касе, ки ба ҷамоат нарасад, наметавонад намози идро танҳо би-
гузорад. Ҳамчунин, агар намози намозгузоре аз аҳли ҷамоат фосид гар-
дад, наметавонад онро қазо ба ҷой оварад, зеро намози ид қазо надо-
рад, аммо агар чанд нафари дигаре пайдо шаванд, метавонанд бо ҳам
ҷамоати дигаре барпо намоянд ва намози идро бо ҳам бигузоранд.
6. Шахсе пас аз фориғ шудани имом аз такбироти ракъати якум ба
ҷамоат пайваст, агар имом дар ҳоли қиём бошад, баъд аз ният кардан
фавран такбиротро бигуяд, агарчи имом машғули қироат бошад.
Агар имомро дар рукуъ дарёбад, дар сурате ки гумони олибаш ин
бошад, ки баъд аз гуфтани такбирот метавонад дар рукуъ ба имом би-
расад, такбиротро фавран баъд аз ният бигуяд ва ба рукуъ равад.
Вале агар олиби гумонаш ин бошад, ки дар сурати гуфтани так-
бирот наметавонад дар рукуъ ба имом бирасад, ният карда, ба рукуъ
равад ва дар рукуъ ба ҷои тасбеҳоти рукуъ, такбиротро бигуяд. Агар
пеш аз тамом кардани такбирот имом аз рукуъ баланд шавад, ӯ низ
ҳамроҳи имом баланд шавад ва бақияи такбирот аз вай муъоф
(соқит) аст.
7. Агар касе пас аз хондани як ракъат ба ҷамоат пайваст, дар вақ-
ти ба ҷой овардани ин ракъат аввал қироат намояд ва баъд такбирот-
ро бигуяд.
8. Агар имом гуфтани такбиротро фаромуш кунад ва ба рукуъ ра-
вад, дар рукуъ такбиротро бигуяд ва ба киём барнагардад. Агар бар-
гашт ва такбиротро гуфт, низ намоз ҷоиз мешавад ва дар ҳар ду сурат,
аз сабаби издиҳом саҷдаи саҳв воҷиб намешавад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

images-32

Барномаи ғизои ва тарбияи ҷисмӣ дар Ислом

дар баробари ин ҳама бахрахои маънавй, баракоти рухй ва фоидахои бехдоштие, ки рӯза барои шахси …