Главная / Илм / ҲОЛАТҲОЕ, КИ НАГИРИФТАНИ РУЗАИ МОҲИ РАМАЗОН ДАР ОНҲО ИҶОЗАТ АСТ

ҲОЛАТҲОЕ, КИ НАГИРИФТАНИ РУЗАИ МОҲИ РАМАЗОН ДАР ОНҲО ИҶОЗАТ АСТ

усофире, ки намозҳои чаҳорракъатаро дар сафар ду
ракъат мехонад, дар он сафар нагирифтани руза низ ба-
рояш иҷозат аст, вале бояд казои онро дар наздиктарин
фурсати муносиб ба ҷо оварад ва мусофире, ки намозашро тамом ме-
хонад, монанди касе, ки кори ӯ сафар аст, бояд дар сафар руза биги-
рад. Дар сафаре, ки руза боиси машаккат нагардад, гирифтани он беҳ-
тар аст.
Беморе, ки бим дорад, ки бо руза гирифтан беморияш зиёд меша-
вад, руза нагирад ва пас аз беҳбудиаш казои онро ба ҷо оварад. Вале
агар руза гирифтан ба бемории ӯ зарар надошта бошад, беҳтар аст, ки
руза бигирад.
Занони ҳомила ва ширдеҳ агар аз ҳалокати худ ё тифлонашон бим
дошта бошанд, ҷоиз аст дар моҳи мубораки Рамазон руза нагиранд,
вале бояд казои онро ба ҷо оваранд.
Ибни Аббос (р) дар тафсири ояти: «Ва бар касоне, ки рӯзаро бо
сахти ва машаққат тахаммул менамоянд, ба андозаи таоми як мискин
фидя додан аст» мефармояд: «Ин барои пирамарди солрафта ва зани
пир, ки ба зӯр метавонистанд руза бигиранд ва ҳамин тавр, барои за-
ни бордор ва ширдеҳ, вакте бар (ҳалокати худ ва ё тифлаш) хафв ба-
рад, рухсате аст. Онҳо ифтор карда, ба ҷои ҳар рӯз мискинеро таом
медиҳанд».
Вале назари машоихи мазҳаби ҳанафӣ дар ин масъала он аст, ки
зани ҳомила ва ширдеҳ, агар бар худ ва ё тифлаш хавф барад, ифтор
намуда, дар муносибтарин фурсат казои онро ба ҷо меоваранд ва ҳеҷ
гуна фидяе бар онҳо воҷиб намебошад.
Дар ҳолати ҳайзу нифос руза гирифтани занон ҷоиз нест, вале пас
аз пок гаштан бояд казои он рузҳоро ба ҷо оваранд.
Касе, ки ба сабаби пири наметавонад руза бигирад ва баъд аз моҳи
мубораки Рамазон ҳам наметавонад казои онро ба ҷой оварад ва ҳам-
чунин беморе, ки то охири умр ба саломатиаш умеде нест, метавонанд
дар моҳи мубораки Рамазон руза нагиранд, вале бояд барои ҳар рузаш
фидя диҳанд. Фидя он аст, ки ҳар рӯз як мискинро ду вақт таом диҳанд.
Тифле дар рузи моҳи мубораки Рамазон болиғ гардад ва ё кофире
мусалмон шавад, бар онҳо лозим аст, ки дар рӯзҳои боқимонда руза би-
гиранд. Кои худи он рӯз бар онҳо воҷиб нест, вале ба хотири ҳамбас-
таги бо мусалмонони рузадор бояд аз хурдану нушидан имсок намоянд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222