Сардор Раҳдор дар “Орзуи модар” талоши як духтареро ба қалам кашидааст, ки новобаста ба хурди ва ҳама мушкилиҳо бо писарбачаҳо ба кӯҳ мебарояд ва барои модари бемор сиёҳалаф ва занбуруғ меорад, то ҳаваси модар шиканад. Ин кушиш ва талоши духтар бори дигар исбот мекунад, ки новобаста ба ҷинс фарзанди хуб дар ҳама ҳолат метавонад ба падару модар хидмат кунад ва дуои неки онҳоро бигирад.
Ҳикоя
Баҳори имсола барвақт ва хеле серборон омад. Дашту ёлаву кӯҳу дара сарсабзу хуррам шуд. Калонсолон мегуфтанд, ки имсол соли занбӯруғу алаф ва гандуму мева аст.
Бачаҳо ба кӯвдоману дараҳо рафта занбӯруғу торон, сияҳалафу чукри меоварданд. Модарон ҳар замон занбӯруғбирён мекарданду сиёҳалаф мепухтанд.
Модари Саида бемор буд, ҳаваси ин хӯрокҳоро мекард. Ба кӯҳ танҳо писарбачаҳо барои занбӯруини мерафтанд. Модари Саида ду духтар дошт. Ба духтарҳо иҷозати ба кӯҳ рафтан намедод.
Як бегоҳ ӯ сарро аз болишт бардошта бо овози аламнок гуфт:
– Кош соҳиби писаре мебудаму ба кӯҳ рафта, занбӯруғу сияҳалафу чукри меовард.
Саида ин суханони модарро шунида афсӯс хӯрд, ки писар таваллуд нашудааст. То нисфи шаб хобаш набурд. Орзуи кӯҳравӣ лаҳзае ҳам ӯро ором нагузошт.
Вай субҳи барвақт хоҳараш Ситораро бедор карда оҳиста гуфт:
– Ман ба кӯҳ меравам. Ту аз назди модарам дур нарав ва ба кӯҳ рафтанамро ҳам нагӯй.
– Ту танҳо ба кӯҳ нарав! Занбӯруғзор хеле дур аст. Агар падарам пурсанд, чӣ гӯям? – пурсид Ситора.
– Ман танҳо намеравам, то омадани падарам бармегар- дам, – гуфт Саида ва нону зардолу гирифту аз дарвозаи ҳавлӣ баромад.
Саида медонист, ки ҳамсинфонаш Акрам, Наим ва Зафар имрӯз ба кӯҳ мераванд. Чун онҳо сӯйи кӯҳ равон шуданд, аз паси онҳо равон гардид.
Ҷӯраҳо то даромадгохи дара омадани Саидаро пай набурданд.
Вақте ки ӯро диданд, ба қафо баргардонидани Саида аллакай дер шуда буд. Бачаҳо ҳайрон монданд:
– Ту чаро бе маслиҳат чунин рафтор карди? – гуфт Акрам, – охир ба кӯҳ баромадан барои ту хатарнок аст.
– Ман мехоҳам барои модарам сиёҳалаф чида барам. Модарам бисёр мехоҳад, ки барояшон шавлаи сиёҳалаф тайёр намоям. Илтимос, маро ҳамроҳ гиред, – илтиҷо кард Саида.
– Ман рози, – гуфт Наим.
Зафар ҳам рози шуд.
– Хайр, модоме ки аз пасамон омади, акнун ҳамроҳи мо мерави, – гуфт Акрам.
Роҳ мушкил буд. Аз чанд руду чари гузаштанд. Саида ҳам ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, аз оби сард гузашт.
– Монда нашуди? – ба Саида рӯ оварда гуфт Акрам.
– Не, – гуфт Саида, аммо дар асл хеле хаста шуда буд. “Дар ҳақиқат кӯҳбароӣ кори мушкил будааст”, аз дил гузаронд ӯ, вале орзуи писар доштани модар ҳар замон дар гӯшаш садо медод.
Онҳо ба доманакӯҳе расиданд, ки пур аз занбӯруғ буд. Саида бори аввал бо чашми худ занбӯруғҳои сап-сафеди тару тозаро медид, ки мисли донаҳои шатранҷ атрофи сангҳо ва лаби ҷӯйҳо рӯида буданд.
– Торону сиёҳалаф дар кучо? – пурсид Саида.
– Аз ин ҷо занбӯруғ мечинем, поёнтар мефуроему сиёҳа- лафу торон мечинем, – гуфт Зафар.
Саида бо шавқ занбӯруғҳоро чида, ба борхалтааш меандохт. Пеши назар чеҳраи модараш буд, ки занбӯруғҳоро дида, хурсанд мешавад.
– Занбӯруғҳоро дар борхалтаат бисёр нагир. Барои сиёҳалафу торон ҳам ҷой монад, – гуфтани Акрам ӯро ба худ овард.
Баъди чидани занбӯруғ сари чашмае тановул намуда, ба ҷустуҷӯйи торону сиёҳалаф рафтанд.
Саида барои модараш бештар сиёҳалаф чида, чанд дона торон ҳам гирифт.
– Хаво гарм нашуда баргаштан лозим, – гуфт Акрам.
– Мо омода, – гуфтанд ҳамроҳон.
– Ин тавр бошад рафтем, – гуфта роҳбалад шуд Акрам.
Гарчанде роҳ мушкил бошад ҳам, хурсанд намудани мо- дараш ба дили Саида қуввату шоди мебахшид.
Саида ба хона расида тозон назди модар омад.
– Кучо буди, ки ин қадар хастаи? – пурсид модар.
– Хаста нестам. Медонед, модарҷон, ман як гуноҳ кар- дам, – гунаҳгорона гуфт Саида.
– Чӣ хел гуноҳ?
– Ман, аз Шумо напурсида, ҳамрохи ҳамсинфонам ба кӯҳ рафтам, – сарашро хам карда гуфт Саида.
– Кори хуб накарди, – ҷиддӣ чавоб дод модар.
– Модарчон, барои чидани сиёҳалаф рафтам. Бобоям гуфтанд, ки сиёҳалаф барои шифои модарат зарур аст. Модарчон, маро бубахшед, дигар такрор намекунам, – гуфт Саида.
– Э, ширинаки ман. Заҳмат кашиди. Роҳи дуру дарози хатарнокро тай намуди. Бо баҳонаи занбӯруини манзараҳои диёри биҳиштосоямонро диди, – Саидаро аз хиҷолат бароварда гуфт модар.
– Бале. Манзараҳои зебо, обҳои мусаффо, ҳавои тоза доштааст кӯҳсор, – ҷавоб дод Саида.
– Сайри табиат ба саломатии инсон манфиатовар аст. Тамошои табиат, обҳои мусаффо, меваҳои гуногун ба инсон нерӯ мебахшанд, – гуфт модар.
– Акнун ман рошро омӯхтам. Шумо сиҳат шавед, ҳат- ман ҳамроҳ меравем, – хурсандона гуфт Саида.
– Албатта меравем. Имрӯз орзуи ман амалӣ шуд, ман ме- хостам, ки шумо ба камол раседу самараи меҳнати шуморо чашам. Аз роҳи дуру хавфнок бароям рустаниҳои шифобахш овардӣ. Бо ин хел духтари нотарс дигар ман аз надоштани писар ҳасрат намекунам.
Аз шунидани ин суханҳо Саида ба ваҷд омада, худро бе- ихтиёр ба оши модар партофт.
Оҷонсии ИМА оид ба Рушди байналмилали (USAID) ва Фонди Оғохон барои дастгирии молиявиашон дар нашри ин китоб миннатдории худро изҳор менамояд.
Китоби мазкур дар доираи лоиҳаи «Робитаҳои иқтисоди ва ичтимои: сохтори молияви барои рушди соҳаҳои гуногун дар Тодикистон» ба нашр расидааст.
Ба чоп 12. 09. 2019 идозат дода шуд.
Андозаи 60х84 1/8. Коғази офсет. Чопи офсет.
Чзъи чопи 2, 5. Адади нашр 7900 нусха.
Супориши № 101/2019
Муассисаи нашриявии «Маориф»-иВазорати маориф ва илми Чумҳурии Тодикистон,
734024, ш. Душанбе, чаи Аҳмади Дониш, 50.
Тел.: 222-14-66
E-mail: najmiddin64@mail. ru
Дар матбааи ЧДММ «Офсет» ба табъ расидааст.