Дар ташаккули афкори сиёсии халқи точик матбуоти давраги сахми калон бозид. Аввалин намунаи нашрияҳо дар Осиёи Миёна варақаю хитобномаҳо буданд, ки аз Руссия ба аҳолии маҳали дастрас мешуданд. Яке аз аввалин варақаҳо «Мактуб аз Петербург» ном дошт, ки 7-маи соли 1901 дар Хучанд пайдо шуд.
Аввали соли 1903 дар Осиёи Миёна, аз чумла дар Хучанд варақаҳои гурӯҳҳои социал-демократҳои рус паҳн шуданд. Охирҳои соли 1904 ва ибтидои соли 1905 ташкилотҳои маҳали социал-демократҳои Туркистон имконияти нашр кардани хитобномаҳо ва варақаҳоро пайдо карданд.
Аввалин нашрияи пинҳонкорони сотсиал-демократҳои Туркистон бо номи «Рабочый» 20 сентябри соли 1905 дар шаҳри Тошканд интишор ёфт. Рӯзнома равияи большевики дошта, хонандагонро ба муборизаи зидди ҳокимон ва мустамликадорон даъват менамуд. Рӯзнома то моҳи феврали соли 1906 нашр мешуд.
Дар Қизил-Аврот рӯзномае бо номи «Рабочий листок» чоп мешуд, ки аз нигоҳи мавзӯъ ва равияи сиёси идомаи рӯзномаи «Рабочий» буд. Ин рӯзнома то моҳи октябри соли 1906 нашр мешуд.
Дар ин давра дар шаҳрҳои гуногуни Туркистон нашрияҳои дигар бо номҳои: «Самарканд» (10 апрели соли 1904 то баҳори соли 1907), «Русаки Туркистон» (солхои 1878 то августи соли 1906), «Асхабод» (январи соли 1899 то майи соли 1918) чоп мешуданд, ки дар ҳаракатҳои инкилобии солҳои 1905-1907 ҳиссаи арзанда гузоштанд.
Дар охири соли 1905 ва ибтидои соли 1906 дар Туркистон як қатор нашрияҳои хусуси ба миён омаданд, ки онҳоро буржуазияи нав таъсиси кишвар нашр менамуданд, ки аксари онҳо равияи туркпарастона доштанд. (Усмонов И., Давронов Д. Таърихи матбуоти Тик.- Душанбе, 1997). Яке аз ин гуна нашрияҳо «Тарчумон» буд, ки аз рӯзи аввали таъсисёби то шумораи охиринаш дар барои устувории ваҳдати миллати туркзабон хизмат намуда, онро дар байни хонандагон тарғибу ташвиқ мекард.
Бо таъсири «Тарчумон» аксари рушанфикрони Осиёи Миёна аз кабили Мунавар Кори ва Маҳмудхуча Беҳбуди, барои муттахид кардани неруҳои ичтимои андешаҳои пантуркизм кӯшиш мекарданд.
Омили дигари пайдо шудани матбуоти турки дар Осиёи Миёна таъсири рушанфикрони тотор аст. Тоторҳо аз як тараф ҳамчун намояндаи халкдои туркнажод афкори туркиёнро дар Осиёи Миёна оварда бошанд, аз тарафи дигар онҳо воситаи пайванди мардуми Осиёи Миёна, аз чумла точикон бо русҳо буданд. Зеро дар ҳамаи муассисаҳои давлатии Руссия аксарияти тарчонҳо аз тоторҳо буданд. Мардуми корафтодаи точик, ки дар муассисоти давлатии рус кор мекарданд ва забони русиро намедонистанд, худро мачбур месохтанд, ки забони туркиро омӯзад. Ин омил ба сарнавишти баъдинаи Осиёи Миёна ҳам таъсири амиқ гузошт. Аз тарафи дигар бошад сабабгори ба вучуд омадани матбуоти турки гардид.
Ҳамин тавр мохи ноябри соли 1905 аввалин нашрияи миллии ғайри давлатии Осиёи Миёна ба номи «Таравди» аз нашр баромад.
Баъдтар як силсила рӯзнома ва мачалаҳо аз қабили «Туоччрат», «Хуршед», «Осиё», «Вакт», «Иршод» таъсис ёфтанд.
Аввалин нашрияи точики «Бухорои Шариф» буд, ки шумораи якуми он 11-марти соли 1912 аз чоп баромад. Рӯзнома то 2-январи соли 1919 фаъолият намуд. Рӯзнома дар таърихи афкори сиёси ва фарҳангии халки точик накши босазо гузошт. Бесабаб нест, ки 11-март дар Точикистони сохибистиклол рузи матбуот эълон шудааст. Рӯзномаҳои «Самарканд», «Зарафшон», «Танг» (Шафак), «Кутулуш», (Озоди) ва мачалаи «Ойина»- нашрияҳои характери сотсиал – демократи дошта буданд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …