Главная / Илм / ПАЙДОИШИ ДИНҲО

ПАЙДОИШИ ДИНҲО

Барои шинохти илмии динҳо донистани раванду ҷараёни пайдоиш ва таҳаввулу такомули онҳо зарур аст. Дар мавриди пайдоиши динҳо ихтилофу баҳсу муҷодилаву мубоҳисаҳои илмию динӣ зиёданд. Оё инсон ҳамеша диндор будааст? Агар ҳамеша диндор набуда бошад онро чӣ гуна метавон исбот кард?Дин дар ҷамъияти инсонӣ дар кадом марҳалае аз таърихи башар пайдо шудааст? Аввалин шаклҳои диндории башар чӣ гуна будаанд? Оё инсон аз аввал яктопараст будааст? Агар не, пас яктопарастӣ ( динҳои тавҳидӣ) кай пайдо шуданд?

Ин ҳадди ақали он саволҳое мебошанд, ки таърихан инсоният ба миён гузоштааст ва имрӯз низ дар зеҳни як шахси ҷӯянда метавонад пайдо шавад. Ҷавоби илмӣ додан ба ин саволҳо танҳо дар ду садаи охир (Х1Х-ХХ) бар асоси кашфиёт ва бозёфтҳои нави илмӣ муяссар гардид. Пешрафти як қатор илмҳо ва бой гардидани маълумоту бозёфтҳои илмӣ ин имконро ба вуҷуд оварданд.

Аз ҷумлаи он илмҳое, ки барои таҳқиқу муайян намудани ҷараёни пайдоиши нахустин эътиқодҳо ва парастишҳои одамони ибтидоӣ маълумот медиҳанд: бостоншиносӣ (археология), мардумшиносӣ (этнография), инсоншиносӣ (антропология), забоншиносии таърихӣ ва инчунин асотиршиносӣ (мифология) мебошанд, ки дар ду асри охир пешрафти бесобиқае доштанд.

Пайдоиши динҳоро бе шинохти шароити пайдоиши инсон ва зиндагии инсонҳои ибтидоӣ имконнопазир аст.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222