Главная / Илм / ПАЙДОИШИ ИНСОНИ ОҚИЛ

ПАЙДОИШИ ИНСОНИ ОҚИЛ

Мувофиқи маълумоти тозатарини илмии инсоншиносӣ таърихи ташаккул ва ҷудо шудани он шохаи ҷонварон, ки баъдан аз он инсон ташаккул ёфтааст ба 50 миллион соли пеш ва пайдоиши мавҷуде дар рӯи Замин, ки онро метавон ниёгони инсони оқил номид, наздик ба 6 то 3 миллион сол пеш тахмин шудаст. Аммо дар муқоиса бо ин давраи диндории одамон як ҳиссаи ночизи ин таърихро ташкил мекунад. Олимон аксарият, пайдоиши динҳоро ҳудуди 40 то 25 ҳазор сол пеш аз ин, дар давраи палеолити поёнӣ ( яъне оғози асри сангӣ) муайян кардаанд.

Пас маълум мешавад, ки камаш зиёда аз 2 миллиону 970 ҳазор сол, баъди ҳамчун инсон ташаккул ёфтан, инсоният бе дин зиндагӣ кардааст. Баррасиҳову омӯзиши ҷоҳҳо ва манзилу нишемангоҳҳо ва қабрҳои қадимтарини одамон (архантропҳо[1]) ба олимон ҳеҷ гуна далелу бурҳоне, ки мустақим ё ғайри мустақим ба диндории онҳо далолат кунанд, то ҳол, надодаанд. Дин ҳатто панҷсад то сад ҳазор сол пеш аз ин, дар назди ҷонварони шабеҳи инсон аз қабили «питекантроп»-ҳо ва «синантроп»-ҳо низ, вуҷуд надоштааст, зеро аз мутолиаи нишемангоҳҳо ва манзилҳои онҳо чизе, ки камтарин далолат ба диндории онҳо кунад, пайдо нашудааст.

Олимон инсони неандерталро*, ки дар асри сангини боло зистааст, нахустодами диндор дар рӯи замин мешуморанд, ки мобайни сад то бисту панҷ ҳазор сол пеш аз ин мезистааст. Баъзе ашё ва осоре, ки дар ҷойҳои зист ва қабрҳои ин одамон ёфт шудаанд, ҳикоят аз навъи эътиқод ва бовариҳои онҳо доранд.[2] [3] Аз ҷумла, дар қабру гурҳо ҳамроҳи мурдагони худ ғизову таъом ва ҳамчунин асбоби ҷангу набард- асбоб аслиҳаи ҷангии сангӣ ва ғ-раро дафн кардаанд, аз ин метавон тахмин кард, ки онҳо як навъ боварӣ ба аз нав зинда шудан ва ҳаёти баъд аз марг ё тасаввуроти дигаре доштаанд.

Баъдтар, ҳудуди 30- 25 ҳазор сол пеш аз ин одамони шабеҳи мо, ки кроманионс (Сго-Матоп$) * номидаанд зиндагӣ мекарданд. Кроманионсҳо одамони оқил (Ното- $ршя) дорои қобилияти тафаккури таҷридӣ (абстрактӣ) будаанд.

Кроманионсҳо дар воқеъ нажоде аз башари ҳақиқии камолёфта будааст. Косахонаи сари онҳо як миқдор бузургтар аз косахонаи сари имрӯзаи башар, баландқоматтарин ва танумандтарин нажодҳои башари ҷаҳон будаанд. Онҳо ҳам, монанди гузаштагони худ-неандерталҳо мурдаҳои худро дар зери хок месупориданд ва расми аҷибе доштаанд, ки бадан ва устухонҳои мурдаҳоро бо як навъ ранги сурхе рангин мекардаанд. Ин худ гувоҳӣ ба ҷой доштани маросимҳои хосе дар асоси эътиқоди динӣ мебошад. Гузашта аз ин наққошӣ ва рангомезӣ дар ҳаёти ин гурӯҳи башарӣ нақши бузурге доштааст, дар ғорҳое, ки фаслҳои сармо дар он зиндагӣ ихтиёр мекардаанд, нигорандагӣ ва наққошӣ аз худ боқӣ гузоштаанд. Олимони инсоншиносу бостоншинос бар ин ақидаанд, ки кроманионсҳои шикорчӣ қабл аз он, ки ба шикор раванд дар манзилгоҳҳои худ, ҳамон гӯшаҳои ғорҳои торик ҷамъ шуда, бо маросим ва ташрифоти хосе пешвоёни худро бар он тарғиб мекардаанд, ки бадани ин ҳайвони рӯи сангҳо кашидашударо ранг намуда, аломати аслиҳа ё афзоли шикорӣ бар он гузорад, фақат баъд аз ҳамин аз мағораҳо берун мерафтаанд ва боварӣ доштаанд, ки он амалеро, ки дар ғор таваҳҳум ва тасаввур карданд, ба зудӣ ба вуқӯъ хоҳад пайваст.

insonХулоса барои аз қувва- имкон (потенция) ба феъл омадан (воқеъият ёфтан)-и он қобилияти зотии диндорӣ ва худоҷӯии инсон замони тулонии дуру дарози таърихӣ ва шароити маърифатию иҷтимоӣ ( сабабу иллатҳои гуногун) лозим буд. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки ҳарчанд диндорӣ билқувва хусусияти зотии инсон бошад ҳам, дин дар ҷамъияти инсонӣ аз азал набуда ва пойдоиши он дорои чандин омилҳо ва решаҳоест, ки дар диншиноси омӯхта мешаванд. Барои он ки инсон олами воқеӣ, ҳаводиси табиат, ҷамъият ва моҳияти худро шиносад ин муқаддамот зарурат дошт. Чунин имконият ва қобилият дар инсони таърихӣ танҳо дар давраи палеолит (100­25 ҳазор сол пеш) пайдо гардида, то давраи неолит (асри сангини нав 7-5 ҳазор сол пеш) ташаккулу такомул ёфта ва заминаи пайдоиши аввалин тасаввуроти соддаи динӣ гардидаанд. Ин давраро метавон давраи худшиносии инсон, давраи тазаккур, ёдоварии моҳияти фитрии хештан, давраи нашъу намои исолати зотии инсон дар асари таъсири сабабу ангезаҳои маърифатӣ, иҷтимоӣ ва ғ-ра номид. Ин раванди худшиносии инсон дар давраҳои баъдӣ низ то пайдоиши динҳои тавҳидӣ қатъ нагардид.

[1] архантроп (юн. агсйаюз қадим +ап1горос одам)- истилоҳест дар инсоншиносӣ барои ифодаи навъҳои одамони қадим аз навъи питекантропҳо ( юн. рнИекоҷ маймун+ апИороз одам) ва синантропҳс( 8та Хитой+ ап1гороҷ одам – одами қадимае, ки дар Хитой наздикии Пекин ёфт шудааст) .

* неандерталь( номи водии Неандерталь дар Олмон- ҷои аввалин бозёфт боқимондаи одамони қадим аст, ки соли 1856 кашф шуда)- навъи одамони ҳафриётии қадим, ки дар таҳаввули инсоният маҳалле байни питекантроп ва одамони ҳозираро ишғол мекардаанд.

[3]   Ф. Кликс. Пробуждающееся мышление:У истоков человеческого интеллекта\\ перев.с нем. М.: Прогресс. 1983.-С. 136-137.,144-146.

* кроманьонцы ( аз номи ғори Кро-Маньон дар Франсия, ки маҳалли аввалин базёфти боқимондаҳои ҳафриётии одамон аст)- навъи одамони шабеҳи одамони муосир ,ки дар Аврупо мезистаанд ва аз неандертальҳо хело фарқ мекардаанд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222