Главная / Илм / ПАЙДОИШШ ҶАРАЁНҲОИ СИЁСИ. ТАЪЛИМОТИ МАРКСИСТИ.

ПАЙДОИШШ ҶАРАЁНҲОИ СИЁСИ. ТАЪЛИМОТИ МАРКСИСТИ.

Асри XIX дар таърихи башарият бо зиддиятҳо ва ихтилофҳо ва бархурдҳои идеологи мақоми хоса дорад.
Зиддиятҳои чамъияти танҳо хоси карни XIX нестанд, дар олами ҳасти зиддиятҳои ногузир чой доранд. Дар сурате, ки аз зиддиятҳо ба мақсад истифода бурда шаванд, метавонанд омили пешрафти чомеа гарданд. Дар ҳолати мукобил чомеаро ба харобкориҳо оварда мерасонад.
Дар асри XIX аксарияти мамлакатҳои Аврупо бо таравдиёти саноати фарк мекарданд.
Дар натича чомеа торафт бештар ба табақаҳои ба ҳам зид тақсим шуд. Сохибони воситаҳои истеҳсолот бо истифода аз мехнати кироя бою кудратманд мешуданд ва коргарони кироя, камбаал шуда, дар байни онҳо мубориза шиддат мегирифт. Зиддияти синфи барои тамоми форматсияҳои чамъияти хос аст. Лекин қарни XIX бо он хосият фарқ мекунад, ки дар муборизаи сиёси коргарони кироя ширкат карданд. Иттифоки коргарон сабаб шуд, ки фикру андешаҳо оиди баробарии ичтимои ба амал оянд. Дар натича дар асри XIX назария ва таълимотҳои нав пайдо шуданд, ки марому мақсадҳои баробарии ичтимои ва адолатхохи чомеаро тачассум менамуданд. Маркази ин таълимҳои нав Аврупо буд.
Мамлакатҳои пешқадами Аврупо маркази ҳодисаҳои муҳими характери ичтимои дошта гардиданд.
(Револютсияҳои буржуазии асрҳои 17-18). Маҳз ин мамлакатҳо ба назарияе, ки характери ичтимои дошт, асос гузоштанд.
Нимаи дуюми асри XIX таълимоти нав – марксизм ташаккул ёфт. Асосгузорони ин таълимот К. Маркс ва Ф. Энгельс буданд.
Карл Маркс 5-майи соли 1818 дар шахри Трир (Германия) дар оилаи адвокат ба дунё омадааст. у дар вакти таҳсил дар университет ш. Берлин ба гурӯҳи инкилобчиён (гегелчиёни чавон) ҳамроҳ шуд. Баъди ҳимояи рисолаи доктори фалсафа соли 1842 Маркс ба шахри Кельн омада ба сифати муҳаррири газетаи Рейн ба фаъолият сар кард. Соли 1843 баъди баста шудани газета Маркс ба Париж омада дар мачаллаи «Немиси – франсави» кор мекунад. Дар ин мачалла якчанд мақолаҳои фалсафии ӯ чоп карда мешаванд.
Натичаи фаъолияти эчодии К. Маркс дар асарҳои «Танкиди иқтисоди сиёси» соли 1859 ва «Карпитал» соли 1867 чоп шуданд. Дар ин асарҳо дар натичаи омӯхтани иктисодиёти капиталисти Маркс таълимоти худро дар бораи арзиши изофа ва капитал асоснок мекунад.
Маркс дар як вақт фаъолияти революсиони мебурд. Соли 1864 бо ташаббуси бевоситаи ӯ дар Лондон ташкилоти байналмиллали интелнасионали – 1 таъсис дода шуд, ки то соли 1872 фаъолият намуд. К. Маркс 14 марти соли 1883 вафот кард.
Маркс асосгори назария ва тактикаи инкилоби пролетари буд. у бо ҳамроҳии Ф. Энгельс чаҳонбинии революсионии пролетари – диалектикаи материалиро кашф намуданд. Онҳо дар натичаи омӯхтани таърихи чамъият, назарияи материализми таърихиро эчод намуданд.
Энгельс ҳамсаф ва рафики К. Маркс буд, ки тамоми ҳаёти худро ба муборизаи революсиони бахшида буд. Ф.Энгельс 28 – ноябри соли 1820 дар шаҳри Бармени
Германия дар оилаи фабрикант таваллуд шудааст. у ба монанди К. Маркс барвақт ба фаъолияти революсиони дода шудааст. Назарияи инкилобии Ф.Энгельс дар асарҳояш: «Очеркҳои танкиди оиди иқтисоди сиёси» (соли 1844), «Вазъияти синфи коргари Англия» (соли 1845), «Идеологияи немис», «Манифести партияи коммунисти» (якчоя бо К.Маркс), «Чанги деҳқонон дар Германия», «Анти-Дюринг», «Диалектикаи табиат», «Пайдоиши оила моликияти хусуси ва давлат», «Людвиг Фейербах» ва гайра инъикос ёфтааст.
Ф.Энгельс муборизи фаъоли революсиони буд. Ҳамчун доҳи таълимоти революсионии синфи коргар ба муқобили ҳамаи чараёнҳо созишкор ва опортунисти муборизаи беамон бурда буд.
Марксизм – системаи таълимотҳои фалсафи, иқтисоди, сиёси, ичтимои ва маънави мебошад. Ин таълимот дар «Карпитал», «Манифести партияи Коммунисти» ва асарҳои дигари фалсафи, иқтисоди ва таърихи асоснок карда шудааст.
Мувофики акидаи марксизм чомеа чандин зинаҳо (формасияхои чамъияти) ичтимоиро аз сар гузаронидааст. Зинаи Оли ва охирини он чамъияти коммунисти мебошад. Коммунизм чомеаи бе синфу бе табақа мебошад. Дар натичаи таравдиёти бемайлони куввахои истехсолкунанда дарачаи баланди таравдиёти чомеа ба даст дароварда мешавад. Ин имконият медихад, ки одамон аз чихати ичтимои баробар шаванд. Як чихати мухими таълимоти марксисти дар он аст, ки моликият умуми гардонда мешавад. Ба чомеаи коммунисти гузаштан дар натичаи пурзӯр шудани зиддиятхои оштинопазири буржуазхо ва синфи коргар имкон мегардад. Ва ин гузариш дар натичаи тараққиёти баланди зинаи капиталисти ба амал меояд. Таълимоти марксисти дар бораи гузариш аз капитализм коммунизмро В. И. Ленин дар шароити нав инкишоф дода, назарияи революсияи сосиалистиро кор карда баромад.
Бо пайдоиши назария ва таълимотхои нав хизбу созмонхои сиёси дар Аврупо, Осиё, Амрико пайдо шуданд. Қадимтарин хизби сиёсии чахон ин хизби Тори буд, ки дар нимаи дуюми асри XVII дар Англия ташкил ёфтааст. Даххо хизбхову созмонхо, ки дар асри XIX пайдо шуданд, равияхои мухталифи сиёси дошта, манфиатхои табақахои гуногуни чамъиятиро химоя менамуданд.
Дар Руссия чараёнхои сиёси дар зери таъсири акидахои сиёсии мамлакатхои Ғарб пайдо шуданд. Ҳаракатхои инкилоби – озодихохии Руссия ба се давра тақсим карда мешавад. Ба ин харакатхо Шӯриши соли 1825 ибтидо мегузорад. Аз ин сабаб давраи якум харакати декабристон ном гирифтааст. Дар давраи якум намояндагони дворянинхо – афсарони рус ширкат карда мохи декабри соли 1825 шӯриш бардоштанд, ки дар таърих ба номи харакати декабристон маълум мебошад. Аввалин ташкилоти декабритон, ки соли 1816 ташкил ёфта буд, «Иттифоки начот» номида мешуд. Рохбарон ва фаъолони ин ташкилот бародарон Александр ва Никита Муравевхо, бародарон Сергей ва Матвей Бестужевхо Апостолхо, Якушкин, Пестель, Лунин, Трубецкой ва дигарон буданд. Ташкилоти «Иттифоки начот» барнома ва оинномаи худ дошт.
Мақсади ниҳонии ташкилот бекор кардани тартиботи крепостной ва баркарор намудани сохти констутсиони дар Россия буд.
Соли 1818 дар як вакт чамъияти дигари декабристон «Иттифоки беҳбуди» ташкил ёфт. Ин ташкилот накшаи аники муборизаро баён накарда, асосан ба фаъолияти ташвиқоти таргиботи махдуд мешуд. Баъдтар дар асоси ин ташкилотҳо чамъитҳои пинҳонкори декабристон «Чамъияти Шимоли» ва «Чамъияти Чануби» ташкил ёфтанд. Барномаи кори ин ташкилотҳо дар «Ҳақиқати рус» ва «Конститусия» инъикос ёфта буданд. Мувофики «Ҳақиқати рус» дар Россия сохти крепоснои барҳам хӯрда, баробарии комили шахрвандон ва барпо кардани сохти республикави дар назар дошта шуда буд.
Муврофики «Конститутсия» -и Н.Муравёв Россия манархияи конститусиони эълон карда шуда, подшоҳ ҳамчун ваколатдори олии давлатии ичроия боки мемонд.
Баъди бе муваффакият анчом ёфтани шӯриши декабристон ташкилотҳои онҳо пароканда гашта, соли 1861 давраи якуми ҳаракати озодихохи ба охир мерасад.
Аз соли 1861 давраи дуюми инкилоби – озодихохии Россия сар мешавад. Ин давра разночини (гуногун табақави) номида мешавад, ки намояндагони фаъоли ин давра халкчиён буданд.
Асосгузорони назарияи халкчиги мутафаккирони бурузги рус, Александр Иванович Герцен (1812-1870) ва Николай Гаврилович Чернышевский (1828-1889) буданд. А.И.Гернец анъанаҳои декабристонро идома дода, дар сахифаҳои журнали «Колокол» (Зангула) мутлакият ва тартиботи крепоснойчигиро фош мекарданд. ӯ чунин мешуморид, ки Россия бар хилофи Аврупои Ғарби давраи капиталистиро аз сар нагузаронида, ба воситаи чамоаи (общинаги) дехдон ба сосиализм гузашта метавонад.
Ин акидаи Герценро Н.И.Чернышевский идома дод. Чернышевский орзуҳои худро дар бораи чамъияти нав дар романи «Чи бояд кард?» тачассум кардааст.
Кори Герцен ва Чернышевскийро халқачиёни революсиони солҳои 70-уми идома доданд. Ба ин гурӯҳ намояндагони зиёиён-табақаҳои гуногун (разночинхо) дохил мешуданд.
Халқачиён роли прогрессиви доштани капитализмро инкор карда, чунин акида доштанд, ки капитализм мамлакатро ба таназзул бурда мерасонад. Дар Россия барои капитализм замина вучуд надорад. Россия бо рохи махсуси худ таравди карда, ба воситаи чамоаи дехдони ба сотсиализм рафта мерасад.
Халқчиён дехдонро кувваи асосии инкилоби дониста, дар давоми ду- се сол ба «револютсияи сотсиалисти» мамлакатро расонидани буданд. Ба ин мақсад «ба назди халқ» рафтан сар шуд. Аз ин ибора номи халкчиҳо пайдо шудааст. Аммо ин мақсадҳои халкчиён амали нагаштанд ва идеяи халкчиги шикаст хӯрд.
Соли 1876 чамъияти «Замин ва озоди» ташкил ёфт, ки кружокҳо (маҳфилҳои) гуногуни халқчиён ба як ташкилоти марказонидашуда муттахид намуд. Аъзоёни ин чамъият пропагандаи акидаҳои революсиониро дар байни коргарон ва дар ҳамин асос тайёр намудани роҳбарони ояндаи шуришҳои дехдони аз хисоби коргарон машғул шуданд.
Соли 1879 чамъияти «Замин ва озоди» дар натичаи пайдо шудани ихтилофҳо ба гурухдои «Черный передел» (гурӯҳи сиёҳ) ва «Народная воля» (Озодии халқҳо) тақсим шуд. Агар гурӯҳи, «Чёрный предел» тарафдори давом додани ташвиқоти революсиони бошанд, гурӯҳи «Народная воля» рохи террор – куштани подшоҳ ва гузаронидани табадулотро пеш гирифтанд. Ба подшоҳ Александри – 2 чанд маротиба сӯиқасд ташкил карда шуда, ниҳоят соли 1881 бо рохи тарконидани бомба ӯро куштанд. Ташкилкунандагони суиқасд А.Желябов, С. Перовская, Н. Кибальчич дар Петербург ба дор овехта шуданд.
Умуман, халкчиги ба се гурӯҳ: инкилоби, ислоҳотчиги ва террористи (сӯи касдчиги) тақсим мешуданд.
Революсионерони пролетарии ворис ва
давомдиҳандагони кори декабристон, революсионерони демократи, ташкилотҳои пинҳони, халкчиёни солҳои 70-ум ва аввалин ташкилотҳои пинҳонии коргари буда ба ҳаракати озодихохии Россия ворид гаштанд.
Дар охири асри XIX дар Россия пролетариат ҳамчун синф ташаккул ёфт. Ин зарурияти ташкил кардани ташкилотҳои коргариро ба миён овард. Соли 1875 дар Одесса «Иттифоки коргарони Россияи Чануби» ташкил карда шуд. Баъди се сол дар Петербург Степан Халтурин ва Виктор Обнорский «Иттифоки коргарони Руси Шимол» – ро ташкил доданд.
Гарчанде, ки ташкилотҳои пинҳонкори коргарон камтар аз якуним сол фаъолият карданд, онҳо дар таърихи ҳаракати коргарии Россия осори худро гузоштанд.
Сардори сотсиал – демократияи рус Георгий Плехонов соли 1883 дар Женева кружоки гурӯҳи «Озодикунии мехнат»- ро ташкил намуд.
Гурӯҳи «Озодикунии мехнат», ки ба он Г.П.Плеханов, П.Аксельрод, В.Засулич, Г.Дейч ва дигарон роҳбари мекарданд, «Манифести партияи коммунисти» ва дигар асарҳои Маркс ва Энгельсро ба забони руси тарчума намуда ба Россия мефиристоданд. Ташкилот барои пахн шудани марксизм дар Россия сахми калон бозид. Махсусан асарҳои Г.Плехонов «Сотсиализм ва муборизаи сиёси» ва «Ихтилофҳои мо» дар ин масъала аҳамияти калон доштанд.
Дар Петербург соли 1895 бо ташаббуси В.И.Ленин ташкилоти марксисти пролетарии «Иттифоки мубориза барои озодикунии синфи коргар» ташкил ёфт. Дар нимаи дуюми солҳои 90-ум чандин ташкилотҳои дигар дар марказҳои калони саноатии мамлакат таъсис ёфта буданд.
Соли 1898 съезди 1-сотс иал-демократҳои Россия даъват карда шуд. Аммо дар съезд ташкилёбии партия имкон нагардид.
Съезди дуюми РСДРП 17 июли соли 1903 дар Брюсела давом намуда, баъдтар кори худро дар Лондон идома дод. Съезд «Программаи Партия», ки аз ду кисм иборат буд, қабул намуд: Программаи минимум сарнагун кардани мутлакияти подшохи, баркарор кардани чумхурии
демократи. Программаи максимум бо рохи революсияи сотсиалисти сарнагун кардани капитализм.
Дар съезд оиди параграфи якуми оиннома дар бораи аъзоёни Ҳизб баҳсу мунозираҳо сар шуд. В.И.Ленин ва тарафдорони ӯ, ки дар вақти овоздиҳи аксарияти овозҳоро сохиб шуданд, болшевик ва тарафдорони Мартов-меншевик ном гирифтанд. Бо ҳамин РСДРП ба ду шоха тақсим шуд.
Дар давраи инкилоби якуми рус солҳои 1905-1907 дар Руссия хизбу ҷараёнҳои сиёсии нав, аз ҷумла хизби конститусиони- демократи «Иттифоки 17 октябр» (октябристҳо), «Черносотенцы», «Партияи монорхистии Россия», «Иттифоки халки рус», «Иттифоки мардуми ба номи Архангел», «Чамъияти муборизаи фаъол зидди инкилоб ва анархия» ва айраҳо, ташкил ёфтанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222