Главная / Илм / Пайравии Имом Аҳмад аз суннати Расулуллоҳ (с) ва эҳтиром ба аҳли ҳадис

Пайравии Имом Аҳмад аз суннати Расулуллоҳ (с) ва эҳтиром ба аҳли ҳадис

Абдулмалики Маймунӣ мегўяд: «Чашми ман касеро беҳтар аз Аҳмад ибни Ҳанбал надидааст, ба дастуроти Худованду суннати Расулуллоҳ (с) ва пайравӣ аз он арзиши бас бузург мегузошт, ки ҳаммонанди ў касеро аз муҳадддисин надидаам. Мегуфтанд: «Касе ҳадиси Расулуллоҳ (с)-ро рад намояд, наздик аст, ки ҳалок шавад».
Имом Аҳмад мегўяд: «Тааҷҷуб мекунам аз афроде, ки саҳеҳ будани санади ҳадисро шинохта, бо ин ҳол ба раъйи Суфёни Саврӣ рўй меоваранд, дар ҳоле ки Худованд мефармояд:
«Фаляҳзариллазина юхолифуна ъан амриҳи ан тусибаҳум фитнатун». Яъне: «Пас, онон, ки хилофи ҳукми Пайғамбар мекунанд, бояд аз он битарсанд, ки ба онҳо балое бирасад».
Мегуфтанд: «Касе ки аҳли ҳадисро эҳтиром ва таҷлил намояд, дар назди Расулуллоҳ (с) эҳтиром ва манзалат дорад ва касе, ки аҳли ҳадисро таҳқир кунад, дар назди Расулуллоҳ (с) ҳақир мебошад, зеро аҳли ҳадис уламои Расулуллоҳ (с) мебошанд».
Фазли Зубайдӣ мегўяд: «Имом Аҳмад дар ҳоле, ки аҳли ҳадис ба назди ў омада буданд, ба қаламҳои онҳо ишора карда гуфт: «Ин қаламҳо чароғҳои Ислом ҳастанд». Ҳамчунин дар бораи асҳоби ҳадис гуфтанд: «Агар инҳо беҳтарини мардум набошанд, пас дигар чӣ касоне беҳтарини мардум ҳастанд».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222