Главная / Илм / Пайравии Имом Шофеъӣ аз суннати Расулуллоҳ (с)

Пайравии Имом Шофеъӣ аз суннати Расулуллоҳ (с)

Ҳамон тавре ки қаблан гуфтем, Имом Шофеъӣ ба хотири пайравии шадид аз ҳадиси Расулуллоҳ (с) ба «Носирул-ҳадис» мулаққаб гардид. Ҳамчунин ба хотири ин буд, ки Имом Шофеъӣ ҳар қавл ва иҷтиҳодеро, ки бо ҳадис мухолиф буд, мардуд мешумурд ва ҳеҷ касро дар мақоми муқоиса ба Расулуллоҳ (с) намедид, то қавли ў дар баробари ҳадиси Расулуллоҳ (с) арзиш дошта бошад. Ҳангоме ки ҳадиси саҳеҳе бо ў мерасид, ки ҳукми он ҳадис мансух нашуда бошад, пайравӣ аз он ҳадисро лозим медонист ва ин аз суханон ва баҳсҳои Имом ошкор мебошад. Абдулмалик ибни Абдулҳамид ибни Меҳрон мегўяд: «Имом Аҳмад ба ман гуфтанд: Чаро китобҳои Имом Шофеъиро мутолиъа намекунӣ? Ҳеҷ кадом аз уламои муаллифин тобеътар аз Шофеъӣ ба ҳадис ва суннати Расулуллоҳ (с) нест».
Аҳмад ибни Ҳанбал мегўяд: «Беҳтарин кори Имом Шофеъӣ ин буд, ки вақте ба ҳадисе, ки қаблан нашунида буд, огоҳӣ меёфт, фавран дар асоси ин ҳадис фатво медод ва аз раъйи худ боз мегашт».
Имом Шофеъӣ мегўяд: «Ҳар кадом аз мо ҳадисе аз аҳодиси Расулуллоҳ (с) барои ў махфӣ мемонад, пас ҳар фатвое, ки бидиҳам ва ё қоидаеро баён бикунам, ки ҳадиси Расулуллоҳ (с) бо он мухолиф аст, пас қавл қавли Расулуллоҳ (с) аст ва он ҳадис ҳам раъйи ман мебошад».
Рабиъ аз Шофеъӣ нақл мекунад, ки ҳангоме ки дар китобам хилофи суннати Расулуллоҳ (с)-ро ёфтед, пас аз суннати Расулуллоҳ (с) пайравӣ кунед ва сухани маро тарк кунед. Аз ў ин ҷумла машҳур шудааст: «Изо саҳҳал-ҳадису фаҳува мазҳабӣ».
Ибни Ҳаҷар ин воқеаи зерро, ки далели пайравӣ ва илтизоми шадиди Имом Шофеъӣ ба ҳадис ва суннати Расулуллоҳ (с) мебошад, нақл мекунад: «Марде аз Шофеъӣ дар бораи масъалае суол кард, Имом чавоби ўро дод, ки Расулуллоҳ (с) инчунин мефармоянд. Он шахс гуфт: Оё ин фатвои ту ҳам ҳаст? Шофеъӣ гуфт: Инро бингар, оё дар либосам аломат ва нишонаи ғайри мусалмонро мебинӣ? Оё маро дар ҳоле, ки аз калисо хориҷ мешавам, дидаӣ? Мегўям, ки Расулуллоҳ (с) инчунин мефармоянд, боз мегўӣ, ки раъйи ту чист?».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222