«Агар кувваҳои бадан бар ақл ғолиб оянд, мувозинати инкишофи табиату ниҳоди инсон вайрон мешавад. Бинобар ин хайрияти олии рӯҳ дар мувозинати ақлу ҷисм аст. Агар ҷисм солим бошад, рӯҳ низ саломат аст».
Абӯалӣ ибни Сино
Эй азизам, бидон, ки зарари муҷомаат[1] [2] ин аст:
- Аммо он чи муҷомаатро зарар расонад аз таом, ҳар чи ба таъм шӯр бошад, зеро ки ҳар чи шӯр бувад, рутубати аслиро хушк гардонад. Чунончи, Абушайх Қӯшй дар «Муҷиз» гуфта, ки:
- Чизи шӯр баданро хушк гардонад ва лоғар кунад ва дигар ҳар чизе, ки бетаъм бошад ва илтизоми[3] таоми бемаза кардан иштиҳоро соҷит кунад ва коҳилӣ оварад ва дигар ҳар чизе, ки турш бошад, мардумро зуд пир гардонад.
Чунончи, устод гуфта:
Назм:
Тариқи ҳакимона маслук[4] дор,
Зи туршй фаровон макун ихтиёр.
Ки пирӣ ба зудӣ падид оядат,
Дамодам заифй падид оядат.
Аммо он чи Луқмони Ҳаким фарзанди худро манъ фармуда, амалест, ки мубошаратро[5] зиён дорад, нутфаро кам кунад ва чамии кувваҳоро заиф кунад:
Аввал: пешоб бисёр нигоҳ, доштан; дувум: бисёр шаб бедор будан; савум: бисёр пиёда рафтан; чаҳорум: дар гармоба бисёр арақ кардан; панҷум: савории бисёр кардан; шашум: кори сахт бисёр кардан; ҳафтум: ба паҳлу ҷимоъ кардан; ҳаштум: рост истода мубошарат кардан; нуҳум: туршӣ бисёр хурдан; даҳум: гуруснагӣ ва ташнагии бисёр кашидан; аз мазкурот, албатта, иҷтиноб1 лозим аст.
Хикмат: Ҳакиме гуфта, ки:
- Ҳар ки баъд аз суҳбати мубошарат ба чизи ширин хурдан одат кунад, асло заиф нашавад, ҳамчунон гулқанд ва монанди инҳост ва маъҷуни[6] [7] бодом.
Маъҷуноти Луқмони Хаким[8]
…Тамоми тандурустиҳо зи кай кардан бувад ҳосил, Ба ҳар моҳе ду навбат кай бикун, дигар ту медонӣ. Ҳамехоҳӣ зи ранҷе ҷумла танро карданат зоил, Зи маъҷуни билодур[9] нафъ хоҳӣ ёфт чандоне, Барои сустии тан гар зи балғам* бошад, эй оқил, Набошад беҳ зи маъҷуни билодур ҳеҷ дармоне…
Сифати маъҷунот аз барои рутубати аъзо ва тамоми бодҳо ва иллатҳои даруну берунро аз тамоми иллатҳои сафровиву* савдовӣ* ва аз балғам халосӣ диҳад ва куввати боҳро[10] зиёда кунад. Ҳар ки бо ин маъҷунот одат кунад, марди пирро дар ҳолати ҷавонӣ оварад. Агар хоҳӣ, ки ҳамеша тандуруст бошӣ, ин маъҷунотро истеъмол кун.
Доруҳои маъҷунот ин аст:
Тухми зардак,1 тухми шалғам, тухми турб, тухми пиёз, пусти бехи кавар, тухми арча, лисон-ул-усфур,[11] [12] пудинаи бои мурч ва занчабил[13]: аз ҳар як кадре бо шарбати ширинии сафед се чандон маъчун кунанд ва ҳар сабоҳ тановул намоянд, меъдаро кувват диҳад, об рафтани даҳонро боздорад, дилро соф кунад ва гармии пушт бияфзояд, баданро тавоно кунад, гурдаро гарм кунад ва аз савдову сафро ва аз балғам халоси ёбад.
ИҚТИБОСҲО ДАР ИЛОҶИ АМРОЗ[14]
«Боигарии одам тани сиҳат аст».
Ҳикмати халқ
Агар касе дарди шикам дошта бошад, бояд ки санчидро чушонад, то гӯшту пусти он аз дона чудо шавад ва оби онро низ бихурад ва гӯшту пусти онро бихурад, аз дарди дарун халос шавад, аз таомҳои бодангез ва аз оби сард парҳез кунад, ҳафт рӯз оби гарм бихурад, шифо ёбад.
***
Аз барои сахтии шикам: санчидро чушонад, ки донаи ӯ аз пуст чудо шавад ва оби ӯро бихурад ва маи (тилфи) ӯро ба болои сахтии шикам барбандад, шифо ёбад.
***
Агар касеро таом дар меъда карор нагирад, санчидро бо набот биёмезад ва бихурад, беҳ шавад ва чашмро равшан кунад ва димоғро кувват диҳад.
***
Агар касеро меъда ҷароҳат шуда бошад, мисли дарди дил, сузиши дилу сипурз1 ва ҷигару руда ва мисли силу сулфа ва аз ҷароҳати кулли дарунӣ халос шавад, бояд ки тухми мурғро ба об андохта, ҳамчунон ҷӯшонанд, ба адад чаҳорсад шуморида, аз даруни об гиранд, ба оби сард андозанд, дарҳол шикаста зардӣ ва сафедии ӯро ҳамроҳ карда, нимпухта гармогарм фуру барад, се рӯз ба наҳор ба ин тариқа амал кунад, аз иллати дарун ва берун халос шавад.
***
Назм:
Ҳар он кас, ки зи анҷир мехурад бисёр,
Даруни синааш намонад зи балғам осор.
Даруни шир чун анҷирро биҷӯшонӣ,
Бихур аз он, ки худ сулфаро чу биншонӣ. [15] [16]
***
Агар хоҳӣ, ки куввати ту зиёда шавад ва рутубат аз бадани ту дур шавад, аз имсол то соли дигар тамоми аъзои ту аз иллат ва рутубат сиҳатӣ ёбад, ҳеҷ давое ба микдори сир нофеъ нест.
***
Агар сирро об карда ба шири гов ба сабусаи сар бимоланд, сабусаро дафъ кунад ва муйро дароз кунад.
***
Дафъи сабӯсаи сар: ҳанзалро1 маъи[17] [18] заҳраи гов хилт карда, нахудоб ва сирко дар вай кунанд ва бар сар моланд, сабуса, хориш ва ҷунбандагон ҳамаро дафъ кунад.
***
Агар касеро бехи дандон суст шуда бошад, гули анорро куфта ва бехта, ба бехи дандон пахш карда хоб кунад, дафъ шавад.
***
Филфилро[19] куфта, ҳар сабоҳ дар наҳор бихурад, балғамро дафъ кунад.
***
Агар касе ду мисқол шакар бо ҳалилаи занги (сиёх,) ё заъфарон бихурад, бодҳои мухталифро дафъ кунад.
***
Испурчи уфандро мурчи сиёҳ пошида, дар наҳор бихурад, дарунаш биистад ва шифо ёбад.
***
Барои печиши шикам ва аз барои кулли дарди дарун: тухми турбро куфта ва бехта, бо ҳамроҳии асал бихурад, аз печиши шикам халос шавад ва ҳам суддаро[20] ва ҳам сулфаро дур кунаду балғамро* дафъ кунад ва аз бисёр хурдан хориши бадан пайдо кунад ва ҳеҷ дору беҳтар аз ин муфид нест.
***
Оби кашниз ба дарди сари сафрови* фоида дорад.
***
Зи тухми зардак агар ду сабоҳ як мисқол
Ҳамехӯрӣ, равад омос аз шикам филҳол.
***
Агар касе турбро бо намак бихурад, балғамро бибарад ва оби даҳонро таскин диҳад.
***
Қуввати меъда:
Ҳар ки ба ношто турб хурад, балғамро бибарад ва меъдаро қувват диҳад.
***
Дафъи санги масона1 ва сӯзок: агар чанд рӯз тухми турб бихурад, шифо ёбад.
***
Дафъи хоб: мурчи сиёҳ ва намак ва зардчуба ҳар серо баробар куфта ва пухта, чанд рӯз мутавотар[21] [22] бихурад, ҳаргиз хоб наёяд.
Дар илоҷи бии дахон: хардал[23] ва филфил, вазни ҳар кадом баробар бар руйи забон гиранд то чанд маротиба, беҳ шавад. Агар бадбуйии даҳон аз бод ё аз меъда бошад, лодаво гуфтаанд.
***
Илоҷи дарди меъда: агар аз сарди бошад, оруғи турш ояд ва агар аз гарми бошад, таом зуд ҳазм нашавад, об бисёр хурад ва дилаш тапидан гирад, бояд, ки давои сарди хурад. Барои сардии меъда: окиркара, филфил бо ангубин се ҳафта хурад, шифо ёбад.
***
Давои баста шудани овоз: тухми турбро куфта, бо оби гарм силоба карда ғарғара кунад, овози баста кушода гардад.
Навъи дигари гирифтани овоз аз гарми ва хушки бувад. Аломаташ: ба оби бисёр майл ва хушкии даҳону дуруштии забон аст. Илоҷи ӯ як ҷузве аз набот ва як ҷузве маскаи гов ҳар дуро бо якдигар ҳамроҳ карда ба ношто бихурад, аз баста шудани овоз халоси ёбад.
***
Гули сурх, набот, маи бодом ва кашнизро майда ҳаб кунад ва бихурад, сулфа дафъ шавад.
***
Ҳар ки испанддонаро об кашида, се рӯз ба наҳор бихурад, шаш ҷиҳатро нафъ расонад: аввал: зики нафас; дувум, сулфа; севум: дарди сар; чаҳорум: рутубати бадан; панҷум: балғам*; шашум: дарди гӯш; ҳамаи инҳоро нофеъ аст.
***
Ҳар ки рузона як мискол испанддонаро ба наҳорӣ бихурад, кушояд аз даруни вай ҷисмҳои хикмат ва улум, ки сироят ба забон кунад ва аз ҳафтод илал маҳфуз монад.
[1] Аз мачмӯаи «Одоб-ул-мубин»-и Ғиёсуддин ибни Эшон Мирзиёуддин, Тошканд, соли 1326 (1908).
[2] Мучомаат – ҳамбистарии зану мард.
[3] Илтизом – лозим донистан.
[4] Маслук – чори, маъмул.
[5] Мубошарат – заношӯй, чимоъ.
[6] Иҷтиноб – парҳез.
[7] Маъҷун – омехтаи якчанд дорувор.
[8] Аз боби маъҷуноти «Баёзи тиббӣ» – и дастнавис (котиб ва санаи китобаташ номаълум).
[9] Билодур – номи омехтаи якчанд дору. * — Нигар ба шарҳи «Аҳлоти чоргона».
[10] Боҳ – шаҳват.
[11] Зардак – сабзи.
[12] Лисон-ул-усфур – гиёҳест, ки «забони гунчишк» гӯянд; лочиндона.
[13] Занчабил – гармдору (имбир), дар Ҳиндустон рӯяд.
[14] Амроз – чамъи мараз; бемори.
[15] Сипурз – испурч.
[16] Дар асл бо ҳамин шаклу вазн.
[17] Ҳанзал – харбузаи ёбой (сагак).
[18] Маъ – бо.
[19] Филфил – мурч.
[20] Судда – гиреҳ, монеа.
[21] Масона – шошадон.
[22] Мутавотар – паёпай.
[23] Хардал – испандон.