Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз руйи пешайвон бардошта, ба тарафи собот рафтанӣ буд, вале чӣ фикре ба сараш омад, ки аз роҳаш гашт.
– Очаи Баҳодур! – ҳамсарашро, ки дар хона дар бухорӣ ангишт меандохт, ҷеғ зад. Баҳодур ҳам телпакашро ба сар гузошту аз паси модар берун давид.
– Аз ту як чӣ пурсиданиам, – гуфт додояш ба модари Баҳодур.
– чӣ будааст?
– Чанд руз мешавад, занак, ки аз болохона алаф фурорам, як дарза ё ним дарзааш гум мешавад. Хаёл мекардам, ки худат ба очаат ё ба ягон ҳамсоя медиҳӣ, «ҳеҷ боке не», мегуфтам, лекин наход ҷави турбаро ҳам ба онҳо диҳӣ? Як соат пеш ҳамин турбаро, – вай турбаи дасташро аз нав ба замин монд, – пури ҷав карда будам, ана бин, нимаш холӣ.
– Ба ҳеҷ кас ман коҳу ҷав намедиҳам, додош.
– Набошад, кӣ мебарад? Ягон каси бегона ба хонаи мо намедарояд-ку?
– Ин кори бачаатон – Баҳодур.
– Баҳодур алафу ҷавро чӣ мекунад?
– Аз худаш пурсед.
Баҳодур, гуё худро аз назари падару модар панаҳ кардан мехост, сарашро ба даруни гиребони палтояш кашида, гунаҳкорона ба замин, ба пеши пойҳояш менигарист.
– Баҳодур, ҷавро ту гирифтӣ? – ба писараш муроҷиат намуд падар. – Боз барои гунҷишку мусичахо Наход ним халта ҷавро барои онхо гирифта бошӣ?
Баходур, сараш хам, хомуш буд. Модар сирри вайро фош кард. Баҳодур ҷавро ба хари бобои Салим бурдааст, дарзаҳои алафу беда ҳам эми он мешудааст. Барои ҳамин ҳам ҷойи маркаби бобои Салим пушти дарвозаи онҳо. Шабу руз ҳеҷ ҷо намеравад. Касе аз дарвоза берун шавад, ҳушаш кашол, ки ба вай ягон чӣ медиҳанд. Ҳурт-ҳурт мекунад.
- Шаби набуданатон вайро оварда, дар ҷойи асп баст,- гуноҳҳои дигари Баҳодурро ҳам модар пеши падараш хабар кашид ва боз гуфт, ки модар ҳамон руз бо як азобе маркабро аз оғил баровардааст.
- Инсофи соҳибашро Худо гирифтааст, – гуфт додои Баҳодур.
- Пагоҳиҳо аз пеши маркабаш гузашта масҷид мера- вад, намоз мехонад,- киноя зад модар. – Ба ҷойи намоз хондан ба ин ҳайвони безабон ҷойи гарму хурок диҳад, ҳазор бор савоб.
Падари Баҳодур ба писараш дигар чизе нагуфта, тур- баро бардошт, аз коҳдон ба он боз ҷав андохта, ба суйи собот, ба назди аспашон равон шуд.
Баъди ин вокеа Баҳодур гуё рӯҳ гирифт. Рузе ду-се бор дар тағора коҳу ч гирифта, ба паси дарвозаашон меба- ромад ва онро ба назди маркаби бобои Салим мемонд. Маркаб кумур-кумур коҳу ч мехурд, гоҳе пойҳои Баҳо- дур, либосҳояшро бу мекашид, гушҳояшро меҷунбонд, фаххос мезад, аз афташ, аз писарак миннатдор буд, та- шаккур мегуфт.
Рузе Баҳодур пеши маркаб меистоду ҷонвар аз тағора коҳу ч мехурд. Бобои Салим дар роҳ намоён шуд. у баъзан ба риши сафедаш панҷа зада, якто-якто кадам мемонд.
- Ассалом, бобо, – гуфт Баҳодур ба муйсафед.
- Салом, бачам.
– Бобо, ҳамин харатонро ба ман дихед, – хоҳиш кард Баҳодур.
– Гир, бачам, азони худат, поку пиҳил бахшидамат, ба Худо, ки додамат, – такрор намуд бобои Салим.
Баҳодур бовар надошт, ки бобои Салим маркабашро ба ӯ мебахшад, не, бовариаш намеомад. Кайҳо боз вай дар орзуе буд, ки ҳамин маркаби сафеди бобои Салим азони худи ӯ бошад, онро ба хонаашон оварад, ба монанди падараш, ки ба аспашон нигохубин мекунад, ӯ ҳам ба маркаб коҳу ч, об диҳад, бо ҷулу курпача болояшро пушонад, нагузорад, ки он хунук хурад… Баъд дар баҳорон ба он савор шаваду ба боғҳои колхоз, ба дашту саҳро, ба дараҳои дур равад, алаф даравад, гул чинад. Ана ҳоло бобои Салим маркабашро ба вай дода «гир, бахшидам» гуфт. Наход ин маркаби сафеди калони бобо аз они вай шуд?
– Ба хонаамон дарорам? – аз ёлҳои маркаб сахт дошта буду.
– Наход, Баҳодурҷон, ту ба гапи мани муйсафед бовар накунӣ? Гуфтам-ку, гир, бахшидам. Паох, хона биё, чу полонашро ҳам медиҳам, – гуфт бобо. Дар ин лаҳзаҳо Баҳодуру бобои Салим танҳо набуданд. Ҳамсояҳо ҳам дар назди дарвозаҳояшон меистоданд. Модари Баҳодур низ ҳозир буд. Ҳама гапхои муйсафедро шуниданд.
– Гир, бачам, бонӣ кун, савоб мешавад, дигар он ба ман лозим нест, – гуфт бобои Салим ва ба роҳаш рафт.
Баҳодур маркабро ба хонаашон даровард. Дар бурҷи оғил, дар пеши гову гусфандҳояшон, ба он ҷо ёфт. Шабҳои барф, хунукии каҳратун дигар хаёли вай ба маркаби бобои Салим намешуд, хиҷил набуд, ки он дар ча асту зери барф хунук мехурад. Маркаб дар оғилашон, дар ҷойи гарм, охураш пури коху алаф. Вале гоҳ-гоҳ Баҳодур аз падар ғурбат мешунид:
- Якто гуфта, бачам, туро аз ҳад зиёд эрка кардем, чӣ номаъкулие кунӣ, ҳеҷ чӣ намегуем, оқибат аз худ рафтӣ. Бобои Салим маркабашро ба ту намедиҳад, заҳмат на- каш, мон равад, аз оғил барор.
Хатто як руз падараш маркабро пешандоз карда аз ҳавлӣ баровард ва дарвозаро аз дарун занҷир андохт.
- Пагоҳ ру ба гармӣ шавад, албатта, вай омада мар- кабашро мебарад, онро соҳиб мешавад, ин муйсафедро ман медонам, – гуфт вай боз ба Баҳодур.
Маркаби бобои Салим аз ҳавлиашон рафту ҳамон шаб Баҳодурро хоб набурд, фиғон андохт, то саҳар хомуш нашуд, ба ақидаи модар «бачаяки талбидааш» сухта бирён шуд. Падар ба ӯ гуфт, ки аз бозор барояш маркаби дигар меорад, бо пули худашон мехарад, беминнат, беиллат… Аммо Баҳодур кабул накард, гуфт, ки ҳамин маркаби бобои Салим аз они худаш аст, бобо додааст, падараш агар маркаби дигар орад, онро ҳай карда аз дарвоза мебарорад, намехоҳад. Падар ноилоҷ монда буд. Рузи дигар пагоҳӣ катӣ ӯ боз маркаби бобои Салимро ёфта овард. Баҳодур аз он шод буд, ки маркаби сафеди пири дустдоштааш дигар дар ча, дар зери барфу борон хунук намехурад.
Рӯзҳои хунуку яхбандиҳо ҳам гузаштанду ҳаво ру ба гармӣ ниҳод. Дар яке аз ҳамин рӯзҳо Баҳодур маркабашро савор шуда, ҳамроҳи бачаҳо ба сайри беруни деҳа рафт. Дар роҳ бобои Салим бо ӯ ру ба ру омад.
- Баҳодур, бачам, ин маркаби моро куҷо мебарӣ? Дигар вайро азоб нате, убол аст, бас! – бобои Салим пеши роҳи уро гирифт ва Баҳодурро аз маркаб фуровард. – Агар бинам, ки дар роҳу ру ба он даст расонӣ, мезанам, гушатро бурида мепартоям, ин маркаби мо, – таъкид кард бобо ва аз банди он дошта этак кард… Баҳодур дар ҷавоб ба пирамард чизе гуфта натавонист, нагуфт, ки вай маркабро дар рӯзҳои хунуки зимистон нигохубин кард, ба замми ин худи муйсафед онро «азони худат, бахшидамат» гуфта буд, магар вай ин суханҳояшро аз хотир баровардааст? НБаҳодур дар ҷавоби ин ваъдахилофӣ, дуруягии муйсафед забон кушода натавонист. Бо дили пуралам ва лабу лунҷи кашол ба хонаашон баргашта, ба падару модараш гуфт, ки бобои Салим маркабашро гирифт…
– Дидӣ, бачам, гапи худам рост баромад. Гуфта будам, ки муйсафед дурӯғ мегуяд, фиреб медиҳад. Вай бераҳм, беинсоф аст, одами беинсоф рост намегуяд, шарму ҳаё надорад. Айби худат,- падар уро сарзаниш кард.
Боз фасли зимистон омадааст. Рӯзҳо хунук шуда, оби ю ҷӯйчаҳо ях бастанд. Мардум боз хонаҳояшонро гарм мекунанд, гуншкакон дар лонаҳояшон панаҳ мебаранд. Бобои Салим боз маркабашро, ки баҳорону тобистон, дар рӯзҳои гарм, бо он коҳу алаф, ҳезум кашонда, ҳамаи корҳои рузгорашро ба ҷо оварда буд, аз ҳавлиаш ба берун ронд, ҷойи маркаби пир боз ча, паси дару девори
ҳамсояҳо гашт. Соҳибаш – бобои Салим бошад, ҳар пагох, худашро ба ҷомаҳои серпахтаю ғафсаш печонда аз назди он мегузарад, масҷид меравад, намоз мехонад…
Аммо ғами маркаби ӯ бошад, ҳанӯз дар дили кучаки Баҳодур. Маркаб аз паси дарвозаи онҳо дур намеравад. Баҳодур гоҳ-гоҳе дар тағора коҳу ч гирифта, пеши он бурда мегузорад, лекин падараш дигар намегузорад, ки маркабро ба ҷои гарм – ба оғилашон дарорад. Айби пада- раш не, бобои Салим одами нағз набудааст, бераҳм будааст.
МУАЛЛИФ: КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО
Муҳаррир
Муҳаррири техникй Тарроҳ ва ороишгар Рассом
Ҳуруфчин
Амирхон Ахмадхонов
Робия Абдуллоева
Фирдавс Давлатбеков
Ҳусейн Чилаев Суруш Зайниддинов
Ба чопаш 13.01.2015 имзо шуд. Андозаи 60х84 1/16.
Коази бурандуд. Чопи офсетй. Чуъи чопй 0,5.
Гарнитура Times New Roman Tj.
Адади нашр 5000 нусха. Супориш № 41/2015
Муассисаи нашриявии «Маориф»-и
Вазорати маориф ва илми Чумхурии Тикистон.
734024, Душанбе, кӯчаи А. Дониш, 50.
Тел: 98-552-89-89. E-mail: najmiddin64@mail.ru