Дар кисмати охири оят ба поён расидани вакти саҳарихурй дар
мохи Рамазон муайян гардидааст. Дар ибтидои фарзияти руза муайян
сохтани поёни вакти саҳарихурй барои баъзе мусалмонон мушкилоте-
ро эҷод намуда буд. Барои осонтар сохтани саҳархезй ва саҳарихурй
дар шабҳои мохи Рамазон Паёмбари акрам (с) ба гуфтани ду азон
дастур дод: Яке барои бедор сохтани мардум ва дигаре барои муайян
намудани дамидани субҳ ва поёни вакти саҳарихурй. Аммо ин ҳолат
низ баъзе мусалмононро ба саросемагй водошт. Онҳо бо шунидани
азони якум дигар саҳарихуриро бас мекарданд. Паёмбар (с) ба онҳо
гуфт, ки: «Бо шунидани азони Билол аз саҳарихурӣ даст накашед, зеро у
шаб (барои бедор сохтани хуфтагон) азон мегуяд ва вакте азони Ибни
Уммимактумро шунидед, он г؛оҳ хурдан ва нушиданро бас намоед, зеро
вай бо дамидани субҳ азон мегуяд».
Қисмати охири ояти 187-ум ҳамин чизро барои мусалмонон рав-
шан месозад, ки онҳо то дамидани субх, ва равшан шудани риштаи са-
феди субҳ аз риштаи сиёхи шаб бихуранд ва бинушанд ва ҳамин ки да-
мидани субҳ барои онҳо маълум гашт, аз хурдану нушидан боз ис-
танд. «Ва то равшан шудани риштаи сафеди субх, бароятон аз риштаи
сиёх, (-и шаб) бихӯред ва бинӯшед ва пас аз он рӯзаро то шаб (то фурӯ
рафтани офтоб) ба итмом расонед».
Аҳёнан мусалмонони дигар кабилаҳои араб тобишҳои маъной,
таъбироти дакик ва корбурдҳои куръониро хуб дарк намекарданд, зе-
ро он аксаран бо лаҳҷаи Қурайш нозил мешуд ва ҳамаи мусалмонон
ҳанӯз захираи бои луғавй надоштанд. Адй ибни Ҳотим (р) ривоят ме-
кунад: Вакте ояти «Бихӯред ва бинӯшед, то вақте риштаи сафеди шаб
аз риштаи сиёх, бароятон маълум шавад» нозил шуд, як риштаи сафед
ва як риштаи сиёҳро дар зери болиштам гузоштам ва (барои муайян
намудани дамидани субҳ) ба онҳо нигоҳ кардам, чизе бароям маълум
нашуд. Инро барои Паёмбар (с) накл кардам, он Ҳазрат (с) хандид ва
гуфт٠.
сафеةии руз аст» .81
Дар ривояти дигар омадааст, ки ояти мазкур нозил шуд ва ибораи
«мина-л-фачри» ҳанӯз нозил нашуда буд. Одамоне буданд, ки вакте
касе аз онҳо мехост руза бигирад, дар пояш риштаи сафед ва риштаи
сиёҳеро мебаст ва ҳамчунон мехурд ва менушид, то он ки пас аз рав-
шан шудани ҳаво риштаи сафед аз риштаи сиёҳ барояш маълум гар-
дад. Пас аз он Худованд вакте ибораи «мин-л-фаҷри»-ро нозил кард,
он гоҳ донистанд, ки шаб ва рузро дар назар доштааст.
Дар охир Куръони карим бо таъкид мефармояд, ки инҳо ҳама ҳудуд
ва мамнуоти Худованд мебошанд, ба онҳо наздик нашавед ва ба ҳамин
сурати фаҳмову равшан Худованд оятҳои худро барои мардум баён ме-
намояд, то онҳо роҳи такворо дар пеш гиранд. «Инхо худуд (ва мамну-
оти) Худо мебошанд, ба онхо наздик нагардед. Хамин тавр, Худо оят-
хояшро барои мардум баён менамояд, то онхо такво намоянд». ,
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …