Главная / Маданият ва санъат / Пора – Мақ ла аз Умар Сайфиддин

Пора – Мақ ла аз Умар Сайфиддин

Шохҳои чинорҳои азими майдони бозор ба осмон сар кашида бу-  данд. Шамоли сахт мевазид. Шоху баргҳо ба ҳам бархӯрда, ғуввос ме-  заданд. Адвокат Ҳоҷи Номиқ Афандӣ барои парешон нагардидани  дастаи коғазҳои болои миз тирезаҳои дӯкони хурдакаки худро баст.  Баъд ҷониби дар рафт, ки шамол кушода буд. Дарро мебаст, чашмаш  ба марди деҳотии дастордори қадпасту фарбеҳ афтод, ки дар китф  хӯрҷин, аз лаҷоми асп гирифта наздик меомад.

– Салом, Али Хоҷа, – гуфт адвокат, – бемаҳалӣ ин ҷо чӣ кор мекунӣ?  Ба бозор ду рӯзи дигар ҳаст-ку?..

Умар СайфиддинМарди деҳотӣ ду чашми хурдашро, ки ду нуқтаи сиёҳро мемонд,  тангтар намуда:

– Ассалому алайкум, Номиқ Афандӣ! Аҳволам бад. Пеши шумо бо  додхоҳӣ меоям… – гуфт сар ҷунбонида.

– Хӯш, биё. Чӣ гапу чӣ кор?

– Албатта. Ҳозир мегӯям.

– Чӣ шуд? Ба ман аз як сар ҳикоя кун.

– Боз ба кӣ ҳам мегуфтам?..

Ӯ ҷилави аспро ба сутуни чӯбин баста, вориди дӯкон шуд. Дар та-  рафи рости мизи кории аз чӯби чормағз сохташуда – дар курсии хур-  ди болои бӯрё нишаст. Хӯрҷинашро дар паҳлӯяш гузошту дардашро  достон кард. Рақиби вай раиси деҳа, писари Ҷаҳлдор будааст. Пештар  Алӣ Хоҷа дар замини ӯ бино сохтааст. Чӣ ҳодисае шуда, акнун раис  мехоҳад ин биноро дубора бозгирад. Дар ҳоле, ки бино ба кӣ тааллуқ  дорад, замин низ бояд аз они ӯ бошад…

Номиқ Афандӣ риши мошубиринҷи худро палмосида кард. Аз болои  айнак нигоҳ карда гуфт:

– Ту ноҳақ ҳастӣ, Али Хоҷа!

– Ноҳақ?

– Бале.

– Не, ман дуруст мегӯям. Чаро вақте ки ман биноро месохтам “ғиқ”  нагуфт?

– “Ғиқ” накарда бошад ҳам, ин талаби ту норавост.

– Номиқ Афандӣ, ман ҳақ будани худро медонам. Ман аз ин даъво  даст намекашам.

– Бой медиҳӣ!

Номиқ Афандӣ корҳоеро, ки ишколе дорад, қабул намекард. Аз ин рӯ,  аз рӯйи иддаои Али Хоҷа адвокатӣ карданро намехост. Аммо мардуми  деҳаи “Бӯзӯюк” муштариёни сисолаи ӯ буданд. Хар оғилашро чӣ хел  биёбад, онҳо ҳам дӯкони Номиқ Афандиро ҳамин тавр дақиқ меёфтанд,  аз рӯйи ҳамаи корҳо оид ба ҳукумат ба вай муроҷиат мекарданд. Захи-  раи зимистонаи адвокат пурра аз ҳисоби ҳамон деҳа меомад. Ниҳоят:

– Хуб, кори туро мегирам. Аммо бой диҳам, аз ман хафа намешавӣ!

– гуфт ноилоҷ.

– Хафа намешавам. Аммо чаро бой медиҳам мегӯед? – пурсид Али  Хоҷа.

– Чунки даъвои ту норавост.

– Агар ба судя як қӯчқори зотдор фиристам чӣ мешавад?

– Чӣ?

– Ин корро кунам, ғалаба мекунам?

– Агар чунин кунӣ, бегумон бой медиҳӣ!

– Барои чӣ?

– Судяи нав аз тоифае нест, ки ту фикр мекунӣ …

Али Хоҷа сабаби ҳаяҷони адвокатро намефаҳмид. Аз забони ӯ дар  бораи судяи нав таърифу тавсифи зиёдро шунид. Ин одам душмани  пора ва тӯҳфа будааст! Рафту ягон даъвогари барҳақ ба ӯ пора диҳад,  ҳамон замон ӯро ноҳақ гуфта, парвандаро ба зарари вай ҳал мекар-  дааст!

– Оллоҳ чунин инсонҳои росткорро дар паноҳи худ нигоҳ дорад! –  дуо кард Али Хоҷа.

– Омин, омин! – ба ӯ ҳамроҳ шуд Номиқ Афандӣ.

Онҳо қариб як соат дар бораи даъво ва адолат сӯҳбат карданд. Ад-  вокат барои пирӯзӣ дар кор чашмаш намерасид, аммо танҳо барои  рӯйи хотир қабул карда буд. Беадолатӣ чун рӯзи равшан маълум буд.

Алӣ Хоҷа пас аз ду ҳафта, боз дар назди дари дӯкони хурдакак пай-  до шуд. Номиқ Афандӣ саргарми аризанависӣ буд. Ӯ ба мизоҷи худ аз  болои айнак нигоҳ карда, хандид:

– Хуш омадӣ! Ту чӣ фикр мекунӣ? Мо ғалаба кардем! – гуфт ӯ.

Адвокат як ҳафта боз дар ҳайрат буд, ки чаро додрас чунин ҳукми  ноодилона баровард.

– Бо шарофати қӯчқори зотдор, ки фиристодам, ғалаба кардем, –  бепарвоёна ҷавоб дод Али Хоҷа.

– Чӣ? Ту ба судя қӯчқор фиристодӣ?

– Ҳа.

– Ту ба ҳамин кор ҷуръат кардӣ, дуруст?..

– Ҳамин тавр. Лекин худатон “додрас пораро аз девона ҳам бад ме-  бинад. Кӣ тӯҳфа фиристад, ба зарари ӯ ҳукм мебарорад”, гуфта будед.  Дуруст?

– Ҳа, гуфтам.

– Аз ин рӯ, ман қӯчқорро аз номи худам нафиристондам.

– Пас, аз номи кӣ фиристодед?

– Рақибам – аз номи раис, писари Ҷаҳлдор.

Қалами адвокат аз дасташ афтод. Худ ба курсӣ такя кард. Ба чаш-  мони танги сиёҳаке, ки дар рӯ ба рӯяш меистод, бодиққат нигоҳ кард.  Ғуввоси чинорҳои азими майдон аз паҳлӯ, боло ва зери пои Али Хоҷа,  ки дар пеши дар рост меистод, ворид шуда, фазои дӯкони хурдакакро  пур мекард…

Аз забони ӯзбекӣ тарҷимаи  Фаридуни ФАРҲОДЗОД

 

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

pir

Пири бераҳм – ҳикоя аз Кароматуллоҳи Мирзо

Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз …

222222222222222