Главная / Гуногун / Протестантизм – равияи дини насронӣ

Протестантизм – равияи дини насронӣ

Протестантизм (эътирозиён) яке аз се равияи бонуфузи дини насронӣ буда, дар асари наҳзати густардаи ислоҳ (реформация), ки алайҳи равияи католикӣ дар асри XVI шурӯъ шуда буд, ба вуҷуд омадааст. Протестантизм аз Олмон бо наҳзат ва таълимоти Мартин Лютер (1483-1546) оғоз гардида, баъд аз сари ӯ тамоми Аврупоро фаро гирифт. Ин наҳзатро пас аз Лютер Томас Мюнцер (наз.1490-1525), Ульрих Цвингли (1484-1531), Жан Кальвин (1509-1564) сарварӣ кардаанд.

protesta

Омили асосии пайдоиши ин ҷараёни нави насронӣ зуҳури табақаи нави иҷтимоӣ бо номи буржуазӣ ва по ба арсаи вуҷуд ниҳодани сохти нави ҷамъиятӣ, яъне сармоядорӣ буд.

Манфиати ин табақаи ҷадид ва системи иқтисодии он зарурати озодии маънавӣ ва соҳибихтиёрии бештари одамонро тақозо мекард. Аз ин рӯ, онҳо бар зидди қонунҳо сохти феодалӣ ва калисои католикии ҳомии он бо шиддат мубориза оғоз карданд ва дар ниҳоят омили муҳимтарин навоварии мазҳабию эътиқодӣ «протестантизм» гардид.

Асли ислоҳ иборат аз он буд, ки Худои осмониро Лютер дар қалби одамон ҷой кард. Ҳаққу ҳуқуқи ҳар фардро дар озодиву соҳибихтиёрӣ дар умури динӣ ва имон тибқи ақли шахсӣ ва ба василаи имони қалбиаш эътироф кард.

Протестантҳо алайҳи бидъатҳои калисои катуликро, ки худро миёнрав байни Худо ва мардум эълон карда буд баромаданд.

Ғояи асосии протестантӣ иборат аз он аст, ки ба наҷот танҳо бо имони комил ба марги Эсои Масеҳ ҷиҳати кафорати гуноҳои инсоният мушарраф шудан мумкин аст. Ҳар як насронӣ, тибқи эътиқоди протестантҳо, баробари ғусли таъмид ва имон овардан, «огоҳӣ» ё «шиносоӣ» (посвяшение) низ пайдо мекунанд ва эҳтиёҷ ба ҳеҷ миёнраве надорад.

Протестантизм ба муқобили дуо барои мурдагон, саҷдаву ибодати ҷойҳои муқаддас, эътиқоду парастиши турбатҳо ва тимсол (икон)-ҳо баромаданд.

Зимнан таваҷҷӯҳ кунед, ҳар қадар динҳо аз асрҳои миёна рӯ ба даврони нав мераванд, ҳамон қадар маросим ва тазаҳуроти динӣ ва бидъатҳои асримиёнагӣ моҳияти худро гум мекунанд.

Хулоса, протестантизм тамоми фасод ва тазоҳурпарастии калисо ва попҳои катуликро, ки дар тӯли асрҳои миёна бо таассуби мазҳабӣ, тақлиду тазоҳур ба ҷомеаи аврупоӣ ҳокимият мекард, фош намуд. Сохтори калисои протестантӣ, ҳам дар меъморию ороиш ва ҳам дар русуми ибодат ва қонуни раҳбоният, аз калисои катуликӣ фарқи ҷиддӣ дорад.

Ҳаракати ислоҳи масеҳият як гардиши бузурге дар таърихи фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии Аврупо буд. Пайдоиши ин равия на танҳо ба озодии мазҳабию маънавӣ, балки аз ҳама муҳим, ба рушди сареъи иқтисодию иҷтимоӣ, ташаккули ҷамъияти сармоядорӣ кӯмаки бениҳоят бузурге кардааст.

Протестантҳо баъдан ба фирқаҳои зиёде тақсим шудаанд, ки аз маъруфтарини онҳо: лютеранҳо, калвинистҳо, баптистҳо, адвентистҳо, иеговистҳо, методистҳо мебошанд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Қиссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун ҳоло, офтоб ҳар саҳар тулӯъ ва ҳар шом ғуруб мекард. …

222222222222222