Провославия ё Калисоҳои Ортодокси Шарқӣ бар- хилофи католикҳо дорои як калисои марказӣ намебошад. Вай дар тӯли таърихи таҳаввули худ ба 15 калисои автокефалӣ (мустақил): калисоҳои Константиния (Костантинопол), Искандария, Антокия, Иерусалим, Руссия, Гурҷия, Сербия, Руминия, Кибризия, Элладия, Албания, Булғорӣ, Лаҳистон, Чехославакия, Амрико тақсим шудааст.
Усули дини православӣ дар анҷумани ҷаҳонии Нико (325) ва Константиния қабул карда шуда буд, ки сарчашмаи онро навиштаҷоти муқаддас- Библия ва суннатҳои муқаддас ташкил мекунанд.
Православҳо ваҳдат дар таслиси илоҳӣ, худои холиқ ва молики олам, ҳаёти пас аз маргӣ, мукофот ва кайфарии пас аз марг, масеҳи наҷотбахш Эсои Масеҳро, ки имконияти наҷоти инсониятро додааст, қабул доранд.
Матни пурраи эътиқодномаи мазкур чунин аст: «Мо ба Худои Воҳид Падари қодири мутлақи ҳама чизҳои диданӣ ва ғайри диданӣ ва ба худованди воҳиди Эсои Масеҳ Писари Худо, ки аз Падар берун омада, фарзанди ягона ва мавлуд аз ӯ, ки зоти Падар аст имон дорем. Худо аз Худо, Нур аз Нур, Худои ҳақиқӣ аз Худои х,ак,икӣ мавлуд аст на махлуқ, аз як Зот бо Падар, ки ба василаи Ӯ ҳама чиз вуҷуд ёфта. Он кӣ дар осмон аст ва барои хотири мо одамиён ва барои наҷоти мо нузул кард ва муҷассам шуд ва инсоне гардид ва ранҷ бурд ва рӯзи савум бархост ва ба осмон сууд кард ва I бозХоҳад омад, то зиндагон ва мурдагонро доварй намояд» Инчунин ҷузви эътиқоди мазҳабии православҳо боварӣ ба нахустгуноҳ инсон мебошад.
Пайдоиши равияи православи ба асри 5 рост меояд.