Инкишофи дониши таҷрибавӣ талаб менамуд, ки ба
ҷои методи схоластии та-
факкур методи нав маъмул шавад. Махсусан, тараққиёти
донишҳои анатомию психологӣ дар бораи сохт, кори
ҷисм, ба вуҷуд омадани кашфиёту ихтироотҳо фаҳмиши
рӯҳро мазмунан дигар кард. Файласуфи англис Ф.Бэкон
(1561-1626) саромади материализми замони нав буда, роҳи
нави тадқиқи рӯҳро ба роҳ монд. Ӯ даъват намуд, ки ба
тадқиқи эмпирикии протсессҳои рӯҳӣ бояд гузашт.
Тадқиқотҳои Ф.Бэкон барои пайдоиши илми нав доир ба
шуур замина гузашт. Ӯ андешаи илми ягонаро дар бораи
одам инкишоф медиҳад, ки қисми асосии онро психология
ташкил медиҳад. Таълимот дар бораи одам, мувофиқи Ф.
Бэкон, аз ду қисмат иборат аст: яке аз онҳо инсонро ҳамин
тавре, ки ҳаст, дида мебарояд; дуюмаш-муносибати ӯро ба
ҷамъият. Якумашро философияи одам номид ва дуюмаш-
ро философияи шаҳрвандӣ. Ӯ ба одам натуралистона му-
носибат мекунад ва вобаста ба қисмҳои таркибии инсон
(ҷисм ва рӯҳ), ду илмро ҷудо кард: илм дар бораии рӯҳ ва
илм дар бораи ҷисм. Ягонагии ин илмҳо ва алоқамандиа-
шон ба ташаккули ҳаёти солим имконият медиҳанд.
Ф.Бэкон қайд мекунад, ки илм бояд ба фактҳо асос
ёбанд ва барои аниқ кардани онҳо чунин методҳои индук-
тивиро пешниҳод намудааст: мушоҳида, таҳлил, муқоиса
ва таҷриба. Таҷриба дар сурате дониши саҳеҳ дода мета-
вонад, ки агар шуур аз «шабаҳи» қалбакӣ фориғ бошад.
«Шабаҳҳои авлод» ғалатҳоеанд, ки инсон дар бораи таби-
ат аз рӯи намунаи ҳаёти одамон мулоҳиза меронанд; «ша-
баҳҳои ғор»-ин ғалатҳои фардианд, ки ба тарбия, табъу
завқ, одати одамони ҷудогона вобастаанд; «шабаҳҳои бо-
зор»-ин одати бе мулоҳизаи танқидӣ истифода кардани
ақидаҳои маъмул аст; «шабаҳҳои театр» бо эътиқоди кӯр-
кӯрона ба мӯътабарон алоқаманданд. Ба ақидаи ягон
шахси мӯътабар истинод накарданро принсипи асосии
илмӣ медонист. Ф. Бэкон пайрави принсипҳои материа-
листӣ бошад ҳам, ба мавҷудияти худо иқрор буд ва қону-
ниятҳои ҳаёти ҷамъиятиро умуман идеалистона шарҳ ме-
дод.
айян мекарданд. Р. Декарт аксарияти асосҳои математика |
Агар Ф. Бэкон ба тадқиқи методи
эмпирию таҷрибавии табиат пардохта
бошад, пас олиму файласуфи франсуз Р.
Декарт (1596-1650) баръакс, хирадро ба
мадди аввал гузошта, роли таҷрибаро
аз санҷиши оддии маълумоти интеллект
иборат кунанд. кушиш мекард, ки наза-
рияи ратсионализмро ба асос гирифта,
барои ҳамаи илмҳо методи универсалӣ
офарад. Ратсионализми ӯ бошад дар
майнаи сари инсон идеяҳои модарзоди-
яро раво медонист,ки ин идеяҳо
натиҷаи донишро аз бисёр ҷиҳатҳо му-
ва мантиқро аз ҷумлаи идеяҳои модарзодӣ медонист.
Р. Декарт дар китоби худи «Рағбатҳои рӯҳӣ»
масъалаҳои психологиро дида мебарояд. Ӯ ба боэътимо-
дии олами ҳиссӣ шубҳа мекунад. Мо ба онҳо аз рӯи
маълумотҳои узвҳои ҳиссӣ баҳо медиҳем, ки аксар моро
фиреб медиҳанд. Р. Декарт ба тафаккур такя намуда, онро
амали соф рӯҳӣ ва ғайримоддӣ мепиндорад. Ин хулосаро
ҳамасрони ӯ қабул накарданд. Масалан, Т. Габбс мегӯяд,
ки «ман фикр мекунам, пас ба хулоса омадан мумкин аст,
ки ашёи фикркунанда ҷисмӣ аст ва набояд ба хулоса омад,
ки субстансияи ғайримоддӣ мебошад» – (А.Н. Ждан. Ис-
тория психологии-М.: МГУ, 1990. – С. 78)
Ҷисми ҳайвону одамро Р.Декарт ҳамчун физик баҳо
медод. Ҳамаи ҳаракатҳои мо ва гармӣ аз фикр новобаста-
анд ва ба ҷисм тааллуқ доранд. Аз ин рӯ «хатои бузург»
аст, ки агар протсессҳои ҳаракат ва гармӣ бо рӯҳ
алоқаманд карда шавад ва дар робита бо ин мегӯяд:
«Марг ҳеҷ вақт бо гуноҳи рӯҳ ба амал намеояд, балки бо
сабаби барҳам хӯрдани ягон қисмати асосии бадан рӯй
медиҳад» «А.Н. Ждан. История психологии – М.: МГУ,
1990. – С. 80).
Ҳайвонот, ба ақидаи Р.Декарт, рӯҳ надоранд. Ҳамаи
мураккабиҳоеро, ки дар рафтори ҳайвонот мушоҳида ме-
кунем, ҳатто дар ҳайвоноти олиташкил, он автома-
тизмҳои табиат мебошанд. Ӯ як чизро таъкид мекунад, ки
ҳайвонот фикр намекунанд, зеро онҳо номукаммаланд ва
забон надоранд. Аз ин рӯ мегӯяд, ки «ҳайвонот ақлу хирад
надоранд ва табиат дар онҳо мувофиқи ҷойгиршавии
узвҳояшон амал мекунад, чӣ навъе, ки соат аз чарху пру-
жина иборат асту вақтро аниқ нишон медиҳад ва чен ме-
кунад нисбат ба мо, ки бо ақламон ин корро иҷро меку-
нем» «А.Н. Ждан. История психологии-М.: МГУ, 1990. –
С. 83).
Р.Декарт таълимоти ратсионалистиро доир ба
рағбатҳо пешбарӣ мекунад. Рағбатро ҳамчун ҳиссиёт баҳо
дода, сарчашмаи зуҳуроти онро аз предмету ҳодисаҳои
олами беруна медонад. Ба рағбатҳо зуҳуроти беихтиёрӣ
хос аст ва танҳо фикр онҳоро идора мекунаду тарбия ме-
намояд. Р.Декарт рағбатҳои аввалин ва дуюминро фарқ
мекунад. Рағбатҳои аввалин дар рӯҳ ҳангоми бо ҷисм
пайваст шуданашон зоҳир мешаванд ва онҳо шаш
қисманд: ҳайрат, хоҳиш, муҳаббат. нафрат, шодӣ, ғусса.
Вазифаи ин рағбатҳо аз он иборат аст, ки ба рӯҳ аз он ху-
сус чӣ хуб аст ва чӣ ба даст, хабар медиҳанд. Боқимонда
рағбатҳо дуюмин шуморида мешаванд. Рағбатҳо на танҳо
хубӣ меоваранд, балки манбаи бадӣ ҳам мебошанд. Аз ин
рӯ, масъалаи тарбияи рағбатҳоро таъкид мекунад. Таҷри-
баро воситаи беҳтарини идоракунии рағбатҳо меҳисобад.
Одам бояд дар зиндагӣ мувофиқи қоидаи муайян рафтор
карданро ёд гирад ва ба он одат кунад.
Ҷанбаи материалистии таълимоти Р. Декартро фай-
ласуфи нидерландӣ Б. Спиноза (1632-1677) инкишоф дод,
ки вай ба дуализм монизми материалистиро муқобил гу-
зашт. Асари асосии Б. Спиноза «Этика» ба шумор мера-
вад ва равияи ахлоқиро дорад. Ӯ дар ин китоб масъалаи
муносибати фардӣ намуданро бо инсон таҳлил намуда,
барои роҳи ҳаёти озодонаро ёфтан ба одамон маслиҳату
тавсияҳои илмии судманд медиҳад. Б. Спиноза таълимоти
монистиро кор карда баромад ва дар ақида аст, ки як суб-
станция вуҷуд дорад ва ҳамаи чизро бо воситаи худаш
баҳо додан мумкин аст. Зарурати мавҷудияти ашёро дар
худаш ҷустуҷӯ кардан зарур аст. Ҳамин тавр, ӯ мафҳумҳои
«моҳият» ва «мавҷудият»-ро фарқ мекунад. Моҳият-ин
тавсифдиҳандаи ашё аст, бе он ашё худ ба худ вуҷуд до-
шта наметавонад.
Б. Спиноза табиатро бо худо монанд мекард ва
мегуфт, ки он хусусияти мустақилиро дорад. Агар
Р.Декарт мавҷудияти материяро амали эҷодиёти худой
донад, он гоҳ Б.Спиноза таъкид мекунад, ки табиат ба ху-
до эҳтиёҷ надорад. Ӯ табиатро худову худоро табиат ме-
номид.
Б. Спиноза оид ба масъалаи маърифат ва аффектҳо
андешаронӣ намуда, чор воситаи ҳосил намудани до-
нишро муайян кардааст: а) аз руйи шунидаҳо ё аз руйи
ягон аломати ихтиёрӣ; б) аз таҷрибаи бетартибонаи ғай-
ричашмдошт; в) бо роҳи аз кулл ба ҷузъ хулосабарорӣ
намудан; г) идроки бевоситаи моҳияти ашё тавассути са-
бабҳои наздиктарини он. Дар «Этика» ин роҳҳои до-
нишҳосилкунӣ дар се гурӯҳ таҳлили худро пайдо намуда-
анд. Ду роҳи аввал гурӯҳи аввалро ташкил медиҳанд ва он
андеша ва хаёл мебошанд, ки дар шакли образҳо вуҷуд
доранд. Ин дониши хираи барғалат аст. Гурӯҳи дуюмро
ақл ташкил медиҳад, ки он идеяҳои умумиро дар бораи
хосиятҳои моҳиятдори ашё медиҳад ва он ба илм такя ме-
кунад. Гурӯҳи сеюмро маърифати интуитивӣ (фаросат)
ташкил медиҳад. Дар ин ҳолат хосиятҳои моҳиятдор бо
хусусиятҳои фардии ашё дар ягонагӣ мебошанд. Ҳамин
тавр, Б. Спиноза ҳаракати маърифатро аз абстраксия ба
конкрет мебинад, ки минбаъд материализми диалектикӣ
онро инкишоф дод.
Файласуфи англис Ҷ.Локк (1632-1704) асосгузори
психологияи эмпирикӣ буда, асари фалсафиаш «Таҷриба
доир ба ақли инсонӣ» ӯро боз ҳам машҳуртар гардонд.
Тарҷумаи он ба забони франсавӣ дар инкишофи фалсафа
ва психологияи франсавӣ нақши муҳим бозид. У нуқтаи
назарияи «идеяҳои модарзодӣ»-ро рад карда, гумон дошт,
ки мо тамоми донишамонро аз таҷриба ва эҳсос ҳосил ме-
намоем. Одамон аз шиками модар бо ғояҳои тайёр ба дунё
намеоянд. Сари кӯдаки навзод тахтаи тозаест, ки ҳаёт дар
рӯи он нақшаҳои худ-донишро сабт менамояд. Ҳамин
тавр Локк, баръакси ратсионализми Р. Декарт, сенсуа-
лизмро асоснок кард. Агар чизе пеш эҳсос нашуда бошад,
пас дар ёд ҳам намешавад,-ин аст тезиси асосии Локк.
Эҳсос зери таъсири чизҳои берунӣ ҳосил мешавад. Ин
таҷрибаи берунӣ аст. Фаъолияти худ ва тарзҳои зуҳуроти
онро мушоҳида кардани мағзи сар таҷрибаи ботинӣ- ре-
флексия аст. Пас Ҷ. Локк манбаи якуми донишҳосилкуни-
ро агар дар таҷриба ва дуюмашро дар эҳсос дида бошад,
он гоҳ сеюмашро дар рефлексия мебинад. Рефлексия ин
идроки ботинии мо-ақл аст. Объекти асосии онҳо идеяҳои
пеш ҳосил шуда буда, органаш фаъолияти ақли мо аст ва
самарааш идеяҳои нав мебошанд. Таҷрибаи ботиниеро, ки
Локк муайн кард, ба пайдоиши равияи интроспексия асос
гузошт.
Ҷ. Локк пайдоиши идеяҳоро дар ассотсиатсияҳо дид.
У шахси аввалин аст, ки мафҳуми «ассотсиатсияи идеяҳо»-
ро пешниҳод дар илм намудааст. Фикрҳо ва ҳодисаҳо дар
асоси алоқаҳо ба вуҷуд меоянд. Ин алоқаҳо тавассути
тарбия ва одаткуниҳо пайдо мешаванд ва бо мурури за-
мон барҳам мехӯранд. Вазифаи тарбия аз он иборат ме-
шавад, ки дар кӯдакон пайдо шудани алоқаҳои номатлуб
дар шуурашон пешгирӣ карда шавад. Дар заминаи ин ме-
ханизм равияи нави психологияи ассотсиативӣ ташаккул
ёфтан гирифт.
Файласуфи немис Г.Лейбнитс (1646-1716) идеяҳои
идеализми объективии Афлотунро инкишоф додааст ва
инчунин як қатор ақидаҳои комили диалектикиро баён
намудааст. Лейбнитс Г. чунин ақидаро пешниҳод менамо-
яд, ки рӯҳ ва ҷисм ҳар яке ба худашон хос қонуниятҳоро
доранд ва маҳз ба онҳо итоат мекунанд. Аз ин рӯ, муво-
фиқати мутлақи рӯҳу ҷисм ҳеҷ вақт намешавад ва фақат
байни онҳо гармонияро (мутаносибӣ) ба вуҷуд овардан
мумкин асту халос.
Г.Лейбнитс модарзодӣ будани идеяҳои интеллектуа-
лиро тарафдорӣ мекунад. Эҳсос агар аз назари Локк пас-
сив бошад, он гоҳ мувофиқи таълимоти Лейбнитс Г., дар
эҳсосҳо фаъолӣ низ мавҷуд аст, ки туфайли онҳо идроки
пурраи предмет ба амал меояд. Ӯ махсусан апперсепсияро
ба асос гирифта, онро меъёри асосии эҳсосу идрок мешу-
морад.
Психологияи англис дар асри XVIII аз эмпиризми
Ҷ.Локк ба сӯи ассотсианизм дар осори Ҷ.Беркли (1685-
1753) ва Д.Юм (1711-1776) инкишоф ёфт. Ҷ.Беркли пайра-
ви Ҷ.Локк буд ва аз сенсуализм ба идеализми субъективӣ
майл намуд. Ӯ дар китоби худ «Таҷрибаи назарияи нави
биноӣ» (1709) таъкид менамояд, ки фаъолияти эҳсоси би-
ноӣ зимни ассотсиатсияҳо ба амал меояд. Беркли об-
разҳои биноиро бо забон муқоиса мекунад: босира барои
ломиса забон аст ва мазмуни таҷрибаи биноиро ифода
мекунад. Ақидаҳои Беркли дар психологияи эмпирикии
асри XIX инкишоф дода шуданд.
Англис Дуюм пайрави Ҷ.Беркли буда, дар рисолаи
худ «Рисола дар барои табиати одам» (1739) ва китобаш
«Тадқиқи шуури инсон» (1748) масъалаи ассотсиатсияро
инкишоф дод. У протсесси маърифатро ба ассотсиатсияҳо
вобаста кард. Д.Юм ҳамаи ҳолатҳои шуурро ба «таассу-
рот» ва «идеяҳо» тақсим намуд. Идеяҳо таассуротҳои паст
мебошанд ва онҳоро дар тафаккуру муҳокима истифода
мебаранд. Идеяҳо содда ва мураккаб мешаванд. Идеяҳои
мураккаб бо роҳи ассотсиатсия ба амал меоянд ва асоси
тафаккури илмиро ташкил медиҳанд. Ассотсиатсияҳо му-
носибатҳои сабабиву натиҷавиро дар ҳодисаҳо инъикос
менамоянд. Масалан, Д.Юм чунин таҳлил менамояд: «нон
моро сер кард. Нон амалеро иҷро мекунад, ки он сер кар-
дан аст. Минбаъд ҳам ин объект сабаби амал мешавад ва
натиҷаи он серӣ аст. Ҳамин тавр, боварӣ ҳосил мешавад,
ки чунин объектҳои оянда чунин амалҳоеро ба вуҷуд
меоваранд, ки яке сабаби дигаре мешаванд». Принсипи
асосӣ дар чунин хулосабарориҳо одатҳо ё худ принсипи
ассотсиатсия ба шумор меравад.
Намояндаи маъруфи равияи материалистӣ дар пси-
хологияи ассотсиативии асри XVIII духтури англис Давид
Гартли (1705-1757) буд. У ба тасаввуротҳои физикии
И.Нютон такя намуда, механизмҳои физиологии прот-
сессҳои рӯҳиро муайян кард. Ба ақидаи ӯ, ҳамаи қобили-
ятҳои рӯҳии одам аз мағзи сар вобаста аст. Ҳаёти рӯҳии
инсон дар асоси ассотсиатсияҳо сурат мегирад. Алоқаҳои
асабӣ асоси протсессҳои хотир, хаёл, эҳсос, мафҳум,
муҳокима, ҳаракатҳои ихтиёрӣ ва аффектҳоро ташкил
медиҳанд. Масалан, намуди одам моро ба идеяи номи ӯ
мебарад. Гартлӣ қайд мекунад, ки калима вазифаи
маърифатиро иҷро мекунад ва инчунин иродавиро. Маса-
лан, аввалан калонсолон дар кӯдакон алоқаро байни ка-
лима ва рафтору кирдорашон ба вуҷуд меоваранд, сипас
онҳо ин рафторро туфайли иродаи худ содир мекунанд.
Пас, вазифаи тарбия дар он аст, ки ин алоқаҳоро му-
стаҳкаму устувор гардонад.
Масъалаи рағбат дар психологияи Гартли ҷойи
муҳимро ишғол мекунад. У рағбатҳоро ҳамчун қувваи
ҳаракатдиҳандаи рафтор дида мебарояд. Рағбатҳои хубу
бади модарзодӣ вуҷуд надоранд. Рағбатҳо натиҷаи тарбия
буда, дар асоси механизми ассотсиатсия зоҳир мешаванд.
Бояд қайд кард, ки таълимоти Гартли дар заминаи прин-
сипи детерминизм (сабабият) ба вуҷуд омадааст.
Ҳамин тариқ, психологияи ассотсиативӣ ҳамчун
назарияе қабул шуд, ки он дар инкишофи психикии ода-
мон ва идоракунии рафтори онҳо нақши муҳимро бозид.