Хоб метавонад аз касалӣ ё ягон ҳодисаи пешоянда огоҳй диҳад. Масалан,Сезарро хобаш аз марг пешгӯи карда буд, ё ки Линколнро маргаш дар хоб таъкид карда буд ва ғ.
Баъзеҳо, яъне шахсони сахт эҳсосотӣ метавонанд аз беморӣ ё ягон ҳодисаи ногаҳонии шахси наздикашон хабар ёбанд. Шахс метавонад дар хоб марги худаш ё шахси дигарро дарк намояд.
Шахс баъди дидани хобаш мегӯяд, ки дилам гӯвоҳи медиҳад, ки нафаре аз хешовандонам касал шудааст ё ки ба онҳо воқеае рӯй додаст. Дар ин ҳолат бояд фаҳмид, ки ин хоби ӯ фармоишӣ мебошад агар вай дар бораи онҳо фикр карда хобида бошад, вале хоби қабулшуда аст агар ҳамон шахси хешаш дар бораи ӯ фикр карда бошад. Яъне дар ҳолати хоб байни рӯҳҳои шахсони хобида алоқа барқарор шуданаш мумкин аст. Натиҷаи алоқа комилтар мебошад, агар алоқа дутарафа бошад.