Главная / Илм / Раҳбоният, зӯҳд ва ирфон дар масеҳият

Раҳбоният, зӯҳд ва ирфон дар масеҳият

Сарчашмаи зӯҳд ва раҳбоният дар дини масеҳӣ нахуст худи Библия буд. Аз ҷумла, суханони ҳаввори Павел, ки мегуфт. «Мӯъминони эсавиро аз зан ва мард шоиста аст, ки ба танҳоӣ зиндагӣ карда, дӯшиза бимонанд».

Аввалин шахсе, ки ба ин роҳ рафтақуддус Антонӣ аз аҳолии Миср буд. Дар давраи аввал раҳбоният дар сарзаминҳои Миср, Шом ва соҳилу навоҳии Осиёи Хурд ба наҳваи ғорнишинӣ, паноҳ бурдан ба биёбон, хазидан дар гӯшаи харобаҳо, нишастан ба фарози сутунҳои сангӣ ва дохили шохҳо ва мағокиҳои дарахтон роиҷ буда аст.

Баъдан ин сабки раҳбоният давом наовард ва бар ивази он зӯҳду узлати дастаҷамъӣ ё гурӯҳӣ дар бинову иншооти махсус, ки дайр (монастир) ном гирифт, ривоҷ пайдо кард.

Аввалин дайрҳои раҳбонияти масеҳӣ дар мамолики Ғарб ҳанӯз қабл аз ҷангҳои салибӣ ба вуҷуд омада бошанд ҳам, танҳо дар ҷараёни ҷангҳои салибӣ ташкилот ва созмонҳо гурӯҳҳои роҳибӣ дар доираи тариқати систерсианҳо ва бенедиктианҳо созмон ёфтаанд.

Бенедиктианҳо нахустин тариқати раҳбониятӣ насронӣ дар Аврупои ғарбӣ буда, соли 530 аз тарафи Бенедикти Нурсӣ асос ёфтааст.

Тариқати систерсианҳо аз тарафи як нафар пайрави тариқати бенедиктион Роберти Молезмӣ соли 1098 поягузорӣ шудааст. Бенедикти муқаддас ба пайравони худ дастур дод, ки дар дайри худ ба корҳои дастӣ ва дар саҳро ва дӯконҳо машғули амали судманд бошанд.[1] Ба хондани китобҳои муқаддас ва ибодат дар аснои рӯз ва қисмате аз шабро бигузаронд.

Аз тариқатҳои маъруфи баъдӣ метавон аз франсискианҳо ва доминиканҳо ном бурд. Тариқати франсискианҳо дар ибтидои асри 13 аз тарафи Франсиси Ассизӣ дар Итолиё таъсис гардида. Муҳимтарин хусусияти франсискианҳо он аст, ки дайрнишин нестанд, балки бо мардум иқомат доштанд ва бештар мусофират мекарданд ва дар байни мардум фақру зӯҳдро бо забони соддаи омма тарғиб ва ба корҳои хайрия машғул буданд.

dominiko-degusmaМуассиси доминиконҳо Доминико де Гусман (1170-1221) буда, соли 1215 дар шаҳри Тулузи Испания ташкил гардидааст. Онҳоро сагони худо низ меноманд, чунки нишонаашон саге бо машъали фурӯзоне дар дандон мебошад.

Дар тамоми Аврупо дайрҳои мардона ва занона то имрӯз амал мекунанд ва аксари тариқатҳои номбурда то ҳолия вуҷуд доранд. Тибқи маълумоти ибтидои солҳои 80ум дар ҳоли ҳозир дар Аврупо дар калисо катулики ҳудуди 140 тариқати раҳбоният, бо 150 ҳазор роҳиб ва 1 миллион роҳиба ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар олами масеҳӣ дар доираи раҳбоният ирфон низ ба вуҷуд меояд. Яке аз орифони машҳури насронӣ Бернар Клервов (1090-1153)-и франсавӣ, асосгузори тариқати систерсианҳо мебошад. Тибқи ақидаи ӯ шахси солик дорои қуддусияти осмонӣ мешавад ва ба мартабаи ишқи улвӣ мерасад. Орифони насронӣ барои сайри сулук се марҳала қоиланд: тасфияи нафс, яъне пок кардани замиру ботини инсон аз ҳар гуна нопокиҳои фикриву равонӣ (психикӣ) ва нуронияти нафс, яъне мунаввар сохтани замир бо муҳаббату ишқи Парвардигор ва ниҳоят ваҳдати нафси муҳиб бо маҳбуб (Худо)

[1]  Чун тариқати нақшбандия, ки «даст ба кору дил ба ёр»ро шиор карда буданд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222