Он солҳо падарам ва модарам тақрибан ҳар шабу рӯз даъво мекар- данд ва сару садо ба роҳ меандохтанд. Вақте даъвояшон шурӯъ мешуд, рангҳояшон кабуд мегашт, чеҳраҳои хашине мегирифтанд. Бо қаҳр сари ҳамдигар фарёд мекашиданд ва ба якдигар дашном медоданд. Ва ҳар
бор падарам, модарам модарамро таҳдид ба куштан мекард. Модарам низ ҳар бор дар ҷавоби падарам бо тамасхур мегуфт:
– Кадом мушро бикуш, камбахт!
Ва ин ҷумла ҳамеша ғазаби падарамро дучандон месохт.билохира ҳамсоягон меомаданд ва падарамро берун мебурданд. Он вақт мода- рам гиряро мегирифт ва муддати дароз мегирист.
Мавзӯи даъво ҳамеша хонае буд, ки дар он зиндагӣ мекардем. Па- дарам мехост аз ин хона бароем, вале модарам ду пояшро дар як мӯза карда буд, ки беҳтар аз ин хона ёфт намешавад, бояд хаминҷо бимонем. Падарам барои тарк гуфтани хона далоили зиёде дошт. Масалан як рӯз дида будам, ки аз чапи утоқ пӯсти мор афтода аст. Аз ҳамин ҷиҳат ҳамеша дар зимни даъво фарёд мезад:
– Охир ин мор яке моро хоҳад кушт!
Ва модарам ҷавоб медод:
– Ин ширмор аст. Касеро ғараз надорад, камбахт!
Ҳамчунон як шаб падарам дар ҳавлии тангу кӯчаки мо зани сапед- пӯшеро диди буд, ки дар дам ба бузғолаи сиёҳе бадал шуда, аз сари девор ба кӯча ҷаста буд. Аз ҳамин рӯ шабҳо ғолибан ба хоб намерафт ва дар бистар ғам-ғам мекард:
– Дар ин хона зиндагӣ намешавад. Хона нест, дӯзах аст…
Ба ғайр аз инҳо, утоқҳоямон сахт намнок буданд. Деворҳои утоқҳо дарз дошта буданд ва анкабутҳо лойи – лойи дарзҳо лона карда бу- данд. Чӯбҳои сақфи утоқҳо, ки мисли ангуштҳои одамҳои мубтало ба бемории сил зарду норак буданд, зери фишори поҳои гурбаҳое, ки рӯи бом меҷангиданд, меларзиданд ва хок мисли борон бар сару рӯямон мерехт. Дар чунин мавоқеъ модарам ба ҳавлӣ мебаромад ва фарёд мезад:
– Пишт! . пишт!…
Аммо гурбаҳо намерафтанд ва модарам ба сӯяшон санг меандохт. Гурбаҳо мегурехтанд ва хоки бештаре бар сару рӯямон мерехт. Бори дигар даҳани падарам боз мешуд:
– Як рӯз охир ин чӯбҳои хасмонанд мешиканад ва ҳамаамонро мекушанд.
Модарам дар ҷавобаш мегуфт:
– Бас кун бобо.бе аҷал кӣ мурда?
Падарам фарёд мезад:
- Аҷал саратро хӯрад!
Боз ҳам даъво шурӯъ мешуд ва ҳамсояҳо меомаданд. Ин хонаро шаш сол мешуд, ки киро гирифта будем. Вақте ба он ҷо рафтем, ман хеле кӯчак будам ва ҳеч ёдам нест, ки чи чизҳое бароямон иттифоқ афтода буд. Танҳо ин қадар медонам, ки як бародарам ҳаминҷо тавал- луд шуда, баъд мурда буд.
Баъзе аз рӯзҳо карочии сангинвазне, ки қотире онро мекашид, аз кӯчаи мо мегузашт. Дар чунин мавоқеъ мисли он ки заминларзае рух дода бошад, хонаи мо ба сахтӣ такон мехӯрд ва пиёлаҳои рӯи рафи утоқамон ба садо дармеомаданд. Боз ҳам ранги падарам кабуд мегашт, бо шитоб ба кӯча мебаромад, аз дунболи карочӣ чанд гоме медавид ва баланд-баланд ба ронанда фаҳш медод. Карочивон бо хунсардӣ нигоҳе ба ақиб меандохт. Механдид ва ҳар бор дар миёни ханда садо мекард:
- Бахшиш! Бахшиш бошад!
Падарам барафрӯхтатар мешуд ва бо овози таҳдидомез мегуфт:
- Ба худо дафъаи дигар мекушамат!
Карочӣ нопадид мешуд ва падарам зери нигоҳҳои тамасхуромези мардум дар ҳоле, ки дастҳояшро ба ҳам мемолид, ба хона дохил мешуд ва даъвои ҳамешаро бо модарам шурӯъ мекард.
Аввалҳо намедонистам, ки чаро модарам ба ин хона дилбастагӣ дорад. вале саранҷом дарёфтам, ки чаро модарам ба ин хона танҳоии ӯ буд. Модарам ҳеч хешу қавме надошт ва аз ин бекасӣ ба сахтӣ ранҷ мебурд.
Ҳамсояи дасти рости мо як аттор буд. Модарам бо ин зани аттор чунон якдил ва самимӣ буд, ки тақрибан тамоми рӯзро бо ҳамдигар мегузарониданд. Бо ҳам сӯҳбатҳои гуногун мекарданд ва баъзе аз авқот, намедонам барои чӣ беҷиҳат ду нафарӣ гиряро сар медоданд. Агар модарам намехост ин хонаро тарк кунад, иллаташ он буд, ки намехост зани атторро аз даст бидиҳад. Ҳамеша ба ман таъкид мекард, ки аттор- ро момо ва занашро хола садо кунам, вале ман ҳеч хушам намеомад ин атторро, ки марде кар буд, момо хитоб кунам. Аз ин ҷиҳат модарам ҳамеша ба ман мегуфт:
- Бетамиз!
Ман мисли бачаҳои дигари кӯча зиндагии бесару сомоне доштам,
саросари рӯзро дар миёни хок ва касофат ба сар мебурдем. Гоҳе бо бақияҳо бозӣ мекардем, гоҳе занбӯр мегирифтем ва баъзе авқот ба ҷустӯҷуи бамбирак[1] мерафтем. Ин тавр рӯзҳо, ҳафтаҳо ва моҳҳо ме- гузашт.
***
Як рӯз субҳ падарам ба ман гуфт:
- Ту дигар бузург шудаӣ!
Аз сина то нуки поямро аз назар гузарондам. Мехостам дарёбам, ки чигуна бузург шудаам. Чизе наёфтам ва падарам афзуд:
- Дигар поятро аз кӯча ҷамъ мекунам.
Нафаҳмидам, ки чӣ тавр поямро аз кӯча ҷамъ мекунад. Падарам боз ҳам гуфт:
- Як соатсозро мешиносам. Мебарамат пеши ӯ, ки соатсозиро ёд бигирӣ.
Дилам завқ зад. Барои ин ки дӯконҳои соатсозиро дида будам, ки пур аз соатҳои гуногуни хурду бузург аст. Пеши худам гуфтам:
– Чӣ хуб, ҳар рӯз метавонам соатҳоро боз кунам ва даруни онҳоро бубинам.
Падарам пурсид:
– Чӣ тавр, хуш ҳастӣ?
Ҷавоб додам:
– Ҳо, хуш ҳастам.
Модарам дасту рӯямро шусту колои покизае пӯшонидам. Баъд падарам дастамро гирифт ва рафтем. Па- дарам ба як дасташ ба касааш гирифта буд ва ба як дасти дигараш маро аз дунболаш ме- кашид. Сараки даро- зеро паймудем ва аз чандин бозори муз-
диҳам[2] гузаштем. Билохира ба як дӯкони кӯчаки соатсозӣ расидем. Дӯкони муҳаққире буд ва аз пушти шишаи он соатҳои кӯҳна ва фар- судае дида мешуд. Дар дӯкон марде чоқ ва кӯтоҳқаде нишаста буд, ки пироҳан ва дундони зардранге ба тан дошт ва кулоҳи тории сафеде ба сараш буд.
Агарчи ҳанӯз аввали субҳ ва ҳаво хеле мулоим буд, аммо аз шақиқаҳо ва пушти гардани марди соатсоз донаҳои шаффофи арақ ба пойин мелӯлид. Бо овозе, ки шабеҳи кӯдакони ҳафтсола буд, бо падарам аҳволпурсӣ карда. Падарам гуфт:
– Овардамаш!
Соатсоз бо ҳамон овози кӯдакона гуфт:
– Хуб кардӣ, хуб кардӣ.
Баъд бо чашмҳои реза-резааш саропоямро аз назар гузаронида гуфт: – Бачаи хубе, маълум мешавӣ.
Падарам миқдоре бо ӯ сӯҳбат кард ва баъд ба ман гуфт:
– Ин Коко Назар устодат аст. Фаҳмидӣ? Ҳар чӣ мегӯяд, ҳамон тавр бикун. Дигар худам меёям ва мебарамат. Падарам рафт. Ғуссаи ноши- носе бар дилам сангин мекард. Ба назарам омад, ки гирифтори ҳодисаи баде шудаам. Ба назарам омад, ки чизеро аз даст додаам.
Муддате дар сукут гузашт. Соатсоз саргарми тармими як соати бан- дидастӣ буд. Ман соатҳои кӯҳна ва фарсударо аз назар мегузарондам.
Соатсоз арақ мерехт. Ба назарам омад, ки зери кулоҳи тории ӯ як махзани пинҳонии об вуҷуд дорад ва аз ин махзани кӯчак қатраҳои об рӯи шақиқаҳо ва пушти гардани соатсоз сарозер мешавад.
Боз ҳам хомӯш буд. Рӯи чавкӣ чӯбине нишаста будам. Чавкии но- роҳате буд. Баданро меозурд ва ман паиҳам рӯи он ҷобаҷо мешудам ва боз ҳам соатҳои кӯҳнаро аз назар мегузаронидам.
Билохира, соатсоз сарашро баланд кард, сӯи ман диду бо ҳамон овози кӯдаконааш пурсид:
– Чӣ тавр ҳастӣ?
Рӯи чавкӣ ҷобаҷо шудам ва ҷавоб додам:
– Шукр, хуб ҳастам.
Дубора сараш рӯи соати бандидастӣ хам шуд ва саргарми кораш гашт. Ман ба шақиқаи росташ хира шуда будам ва донаҳои арақеро, ки
аз зери кулоҳи тории сафедаш ба пойин мелажзиданд, мешумурдам. Як қатраи шаффоф аз шақиқааш сарозер шуд. Аз рӯи алошаиҳояш гу- зашт ва рафт ба пойин ба рӯи гулӯяш. Як қатраи дигар ҳамин масири қатраи аввалиро дунбол кард. Вақте бо қатраи аввалӣ якҷо шуд, раф- танд пойинтар ва дар яхани зери пироҳанаш даромаданд. Як қатраи дигар ҳам пойин лағжид ва бетаклиф рафт зери яханаш. Ба дунболи он қатраҳои чорумӣ ва панҷумӣ ҳам сарозер шуданд.
Вақте даҳ қатраи тамом зери яхани ӯ хазиданд, яхани зардрангаш кам-кам мартуб шуд. Фикр кардам:
- Бояд дастмоле медошт, ки арақҳояшро пок кунад. Бояд… Риштаи фикрам бурида шуд. Зеро як қатраи бисёр бузург роҳашро каҷ карда омада буд назди як кунҷи рости чашмаш ва мехост ҷилутар биравад ва дохили чашмаш шавад. Фикр кардам:
- Агар ба чашмаш биравад нороҳат мешавад.
Вале қатраи арақ мисли мӯтаре, ки тилаш халос шавад, ногаҳон истод. Дигар ҷилутар нарафт. Каме роҳат шудам. Бар чавкӣ ҷобаҷо гаштам ва боз ҳам фикр кардам:
- Як дастмол зарур аст.
Ногаҳон зарабони қалбам шадидтар гашт. Чӣ бад! Як қатраи дигар бо камоли суръат дар масири қатраи қаблӣ пойин омад. Агар бо он аввалӣ якҷо мешуд, фавран мерафтанд ба дохили чашм, аммо вақте назди як қатраи қаблӣ расид, аз суръаташ коста шуд. Баъд истод, вале пас аз лаҳзае ба қатраи аввалӣ наздиктар шуд. Худоё, танҳо як ангушт фосила доштанд. Баъдан фосила боз ҳам камтар шуд.
Бар шиддати зарабони қалбам афзуда гашт. Як бор ба фикрам гашт: – Бояд аз якҷо намудани онҳо ҷилавгирӣ кунам.
Вале чигунаимкон дошт аз ин ҳодиса ҷилавгирӣ кунам. Ба фикрам гашт:
- Чаро худаш мутаваҷҷеҳ намешавад?
Натавонистам дар бораи ҷавоби ин савол бияндешам. Барои ин ки дигар қатраи бузург хеле ба қатраи қаблӣ наздик шуда буд. Қалбам ба шиддат мезад ва навъе илтиҳоб вуҷудамро фаро гирифта буд. Қатра боз ҳам наздиктар шуд. Беихтиёр аз ҷо баланд шудам.
Соатсоз сарашро боло карду бо ангушташ ҳар ду қатраи арақро бардошт. Нафаси роҳат кашидам ва бар ҷоям нишастам. Соатсоз сӯям
дид. Ногаҳон бо овози борики кӯдаконааш хандаро сар доду гуфт:
– Хаста шудӣ?
Гуфтам:
– Не…
Боз ҳам дар ҳоле, ки механдид, саросари бадани чоқаш аз шиддати ханда такон мехӯрд, бо ангушташ арзояшро[3] пок карду гуфт:
– Арақ мисли соат аст.
Ба фикр фурӯ рафтам. Мехостам дарёбам, ки чи чизи арақ мисли соат аст. Ҳеч шабоҳате наёфтам. Соатсоз пурсид:
– То ҳоло даруни соатро дидаӣ?
Ҷавоб додам:
– Не.то ҳоло надидаам.
Пас биё, наздиктар. Биё, ки нишонат бидиҳам.
Рафтам наздик ва сарамро рӯи соат хам кардам. Чизи ҷолибе буд. Парзаҳои зариф ва кӯчаке рӯи якдигар қарор доштанд. Чандтои онҳо даври худ мечархиданд. Дигарҳо беҳаракат ба назар меомаданд. Со- атсоз, ки овози борики кӯдаконааш асроромез шуда буд, гуфт:
– Мебинӣ, хеле аҷиб аст.Ман ки тақрибан маҳви ин ҷаҳони кӯчак ва муғлақ шуда будам, сарамро такон додам ва гуфтам:
– Ҳо, аҷиб аст.
Соатсоз парзаи зариферо нишон дод, ки ба чапу рост, ба сурати нимдоирае мечархид ва гуфт:
– Инро мебинӣ, мисли қалби мост. Вақте ҳаракат накунад ва биистад ҳамаи парзаҳои дигар аз ҳаракат меафтанд.
Боз ҳам овози борики кӯдаконааш хандаро сар дод ва дар миёни ханда гуфт:
– Аслан ҳар кадоми мо як соат ҳастем. Ҳар вақт як парзаи мо хароб шавад, ноҷур мешавем. Масалан худи ман ин парзаам хароб аст. Ва бо дасташ чанд бор рӯи синаи чапаш навохт:
– Мефаҳмӣ, қалби ман хароб аст? Ҳар вақт ин парза аз ҳаракат бимонад, ҳамаи парзаҳои дигар аз ҳаракат меафтанд ва як рӯз.як рӯз ҳатман аз ҳаракат мемона!
Хомӯш шуд ва дар андеша рафт. Ҳанӯз соат дар дасташ буд. Овози хафифе аз ҳаракати парзаҳо бармехост. Ман маҷзуби ҳаракати ин
парзаҳо будам.
Соатсоз ором-ором гуфт:
– Аслан ин ҷаҳон монанди як соат аст ва қалби ҷаҳон кадом аст? Мефаҳмӣ кадом аст?
– Не, намефаҳмам.
Завқида гуфт:
– Болои сари мост. Офтоб.офтобро мегӯям. Ҳар вақт аз гардиш бимонд, ин ҷаҳон нобуд мешавад. Арақашро бо ангуштонаш пок кард ва афзуд:
– Ҳама чиз мисли соат аст.ҳама чиз…
Баъд, соатро наздики гӯшам овард ва гуфт:
– Мушунавӣ?
Соат садо мекард: тик, тик, тик ва ман шигифтизада бо лабханде ҷавоб додам:
– Чи хуб мегардад!
Чашмҳои рез-резааш бузургтар шуда буд ва бо навъе ҳаяҷон ме- ларзид. Бо ангушташ чанд зарбат рӯи синаи чапам навохт ва гуфт:
– Дастатро ин ҷо бигзор.бигзор.
Кафи дастам рӯи қалбам гузоштам ва тапиши қалбамро ҳис кардам. Соатсоз гуфт:
– Мешунавӣ?
Гуфтам:
– Ҳо!
Хандаи пирӯзмандонаро сар дод:
– Гуфтам ки мисли соат ҳастем. Ҳамаи мо мисли соат ҳастем. Ҳамон тавре, ки соат як рӯз меистад. (Рӯи синаи чапаш чанд зарба зад), инам як рӯз мистад.як рӯз ҳама чиз…дар миёни хомӯшӣ ба андеша фурӯ рафт. Донаҳои арақ ҳамчунон фуруд меафтод. Ба назарам омад, ки он махзани пинҳони зери кулоҳи ториш намоме надорад. Ҳоло дигар яхани пероҳанаш комилан мартуб шуда буд ва рӯяш монанди порчаи яхӣ, ки дар офтоб гузошта шуда бошад, медурахшид. Ногаҳон бо овози кӯдаконааш қаҳқаҳаи дигареро сар дод:
– Мефаҳмӣ.мефаҳмӣ?
Ханда маҷолаш надоду ман ба назарам омада ҳамон тавре, ки зери кулоҳаш як махзани пинҳонии об аст, дар дарунаш ҳам як махзан ханда
вуҷуд дорад, ки риштаҳои ханда аз ин махзани пинҳонӣ берун мезанад ва аз даҳанаш мебарояд.
Ҳамон тавре, ки механдид, гуфт:
– Як қисса бароят мекунам.як қисса.падарам маро ҳеч дӯст надо- шт. Ҳар коре, ки мекардам, ба назараш бад меёмад. Модарам мурда буд ва модарандарам падарамро таҳрик мекард, ки маро бизанад. ва падарам ҳар рӯз маро мезад.як рӯз як ҳамсояи мо омад ва аз падарам пурсид, ки чаро маро мезанад. Падарам ҷавоб дод, ки ҳеч ислоҳ намешавам. Он вақт ҳамсояамон пурсид, ки ба ростӣ ислоҳ намешавам. Падарам гуфт, ки ба ростӣ ислоҳ намешавам ва ҳамсояи мо гуфт: “Хуб, ин бача мисли як парзаи соат аст. Дигар кор намекунад, дур бияндозаш!”
Падарам ҳам ин гапро шунид ва як рӯз дарвозаи кӯчаро ба рӯям баст. Он вақт ба ин фикр афтодам, ки бояд бидонам чи тавр парзаи як соат кор мекунад. Рафтам пеши як соатсоз ва гуфтам: “Маро шогирд мегирӣ?» Соатсоз пурсид: «Падарат кист?» Ҷавоб додам: “Падарам мурда!” Гуфт: “Биё, шогирди ман ҳастӣ». Баъд шогирди соатсоз шудам ва донистам, ки чи тавр як парзаи соат кор мекунад.
Соатсоз, ки чеҳрааш аз рутубат арақ медурахшид, боз ҳам бо ово- зи кӯдаконааш хандид. Хандааш ин бор хеле дароз буд ва саросари баданашро такон медод. Ман ба фикри он маъзани пинҳони ханда афтодам. Баъд мутаваҷҷеҳи махзани оби зери кулоҳи торриш шудам ва аз худам пурсидам:
– Чӣ вақт ин махзанҳо тамом хоҳанд шуд?
Соатсоз ҳамон тавре, ки механдид ва чеҳраи гӯштияш гул андохта буд, пурсид:
– Чӣ тавр.аз қиссаам хушат омад?
Ҷавоб додам:
– Ҳо, хушам омад.
Бидуни он, ки ба ҷавобам таваҷҷӯҳе кунад, гуфт:
– Ҳоло яқин пайдо кардаам, ки он ҳамсояи мо рост мегуфт.
Барои нахустин бор аз ҷояш бархост. Андоми чоқ ва кӯтоҳаш на- моёнтар шуд. Як соати девориро гирифт ва боз кард. Дар ҳоле, ки парзаҳои онро як-як нишонам медод, гуфт:
– Мебинӣ.аҷиб аст..
Як парзаро ба дасташ гирифт ва гуфт:
- Вақте ин парза кор накунад, бояд бар он туф кард ва дураш ан- дохт. Ин тавр…
Ба ростӣ ҳам бар парзаи кӯчак туф кард ва дураш андохт. Баъд пар- заи дигареро нишонам дод:
- Ин ҳам ки кор накунад, бояд дураш андохт.вале ин яке кор меку- над. Бояд нигоҳаш кунем. Парзаҳоро ҳамин тавр нишон дода мерафт. Як бор ногаҳон сукут кард ва ба андеша фурӯ рафт. Ба парзаҳои соати деворӣ хомӯшона хира шуда буд. Баъд бори дигар ба хана даромад. Пушташро сӯи ман кард – мисли ин ки мехост хандаашро набинам – ногаҳон андаке хамида ва пушти гарданипурчарбияш ба шиддат такон мехӯрд.
Вақте рӯяшро гаштонд, чеҳраи аҷиб ва тарсангезе гирифта буд. Дигар чашмҳояш танг-танг набуданд. Омода ва кушода шуда буданд. Чеҳраи
гуландохта ва мартуб аз арақаш дар нуре, ки аз пушти шишаҳои дӯкон меомад, дурахшиши хосе дошт. Дигар намехандид. Танҳо лабханди тамасхуромез ва тарсноке канораҳои даҳанашро сӯи пойин кашида буд. Дар ин ҳол гуфт:
– Як рӯз мерасад, ки дигар парзаҳо ҳама аз кор меяфтанд. Он вақт чӣ бояд кард, медонӣ чӣ бояд кард?
Оби даҳонамро фурӯ бурдам. Чизе нагуфтам ва танҳо сарамро такон додам.
Соатсоз гуфт:
– Ман бароят мегӯям.он вақт бояд соатро дур андохт, ҳама чиз ҳамин тавр аст. Рӯзе фаро мерасад, ки парзаҳо ҳама бекора мешаванд. Он вақт бояд он чизро дур андохт. Чорае нест.
Ва боз ҳам ба ханда даромад. Баъд рӯи қалбашро бо ангушт зад ва гуфт:
– Ин парза хеле муҳим аст!
Дар даҳанаш чизе мисли як чоқу буд. Дар ҳоле, ки он шии[4] чоқумонандро такон медод, гуфт:
– Мо мисли соат ҳастем.
Сӯи парзаҳои соати деворӣ ишора кард:
– Мисли ҳамин соат..
Як қадам ба сӯи ман бардошт. Ба сахтӣ тарсида будам.
Соатсоз боз гуфт:
– Мо аз парзаҳо сохта шудаем. Вақте парзае хароб шавад, бояд дураш андохт.
Сипас тавре сӯи ман нигарист, ки ангор мехост бигӯяд: “Он парзаҳои бадани ту хароб нашудаанд?”
Як қадами дигар бардошт:
– Мо мисли соат ҳастем.
Ба назарам омад, ки мехост маро ҳам мисли он соати деворӣ боз кунад. Тарси бекароне дар рагҳоям давид. Тамоми қудратамро дар поҳоям ҷамъ кардам ва ба сӯи дари дӯкон давидам. Як ойина шикаст. Ман худамро берун андохтам ва гурехтам.
Вақте хуб дур шудам, рӯямро гаштондам ва дидам, ки соатсоз даҳа- ни дӯконаш истода аст, шии чоқумонанд дар даст дорад ва бо шиддат
механдад. Дар ин хол ба назарам омад, ки мегӯяд:
- Мо мисли соат ҳастем…мисли соат…
Бо ишкол роҳи хонааамонро пайдо кардам. Вақте наздики хона расидам, дидам, ки мардум даҳани дарвозаи мо гирд омадаанд. Бо шитоб ба ҳавлӣ рафтам. Маълум шуд, ки чӯбҳои сақфи утоқи мо пойин афтодаанд. Ҳамсояҳо худоро шукр мекарданд, ки ба касе садама на- расида аст. Падарам ғолмағол мекард ва ба модарам дашном медод. Модарам мегуфт:
- Чӣ парво дорад. Чӯби нав меяндозем.
Ман барои нахустин бор аз алоқаи модарам ба ин хона хашмгин шу- дам. Дар миёни сухани падарам давидам ва беихтиёр фарёд кашидам:
- Ин хона мисли як соат аст. Дигар ҳама парзаҳои он аз кор афто- даанд. Бояд бар он туф кард ва дур андохташ!
Ва ба сӯи девори утоқамон туф кардам.
Падарам бо нигоҳи таҳсиномезе ба сӯям нигарист ва модарам ба гиря даромад. Ба назарам омад, ки аз модарам дур андохтани ин соат сахт ғусса мехӯрад. Барои тасаллии ӯ гуфтам:
- Чорае нест. Бояд дураш андохт!
Дар ин ҳол ҳис кардам чизе аз шақиқаҳоям пойин мелағжад.
Дастаро бар шақиқаҳоям кашидам – донахои арақ буданд – ба фикри махзани пинҳони оби зери кулоҳи тории соатсоз афтодам. Ногаҳон қаҳқаҳае дар дилам ҷӯшид ва аз даҳанам берун ҷои дуре рафтем. Дигар соатсозро надидам ва шогирдии ман ҳамон як соат буд, аммо солҳои пас аз он ба дӯстонам мегуфтам:
- Мо мисли соат ҳастем.медонед, мисли соат?
Баргардони: Қурбонзода НАСИМБЕК
[1] Бамбирак-санҷоқак
[2] Муздиҳам-издиҳом
[3] Арзо – арз, паҳно
[4] Шӣ-чиз