Артур онро бо худ ба мактаб бурд. Дар хона ба модараш хабар дод: «Муаллими суруд ба ман гуфт, ки ғиҷҷак чӣ тавр сохта мешавад. Ба ман арра ва канифолу ширеш лозим аст”.
Ҳенриета гуфт: “Бигзор, писарам, ин корро карда наметавонӣ”. Аммо вай дар ин бора фикр мекард. Шояд дар кӯдак истеъдоде ҳаст? Вай ба ӯ он чизеро, ки лозим буд, гирифт ва Артур боз чанд рӯз ба сохтани ғиҷҷак машғул шуд. Вақте ки кор ба охир расид, он ба ғиҷҷаки аслӣ шабоҳат пайдо кард. Ҳатто садо мебаровард. Ҳенриета ба шодии пи- сараш шарик шуд.
Шабҳо Ҳенриета дар ошхона нишаста, ба ҳисобу китоб машғул ме- шуд. Ниҳоят вай қаламро ба як сӯ партофт. Оё вай ҷуръат мекунад? Артур ҳанӯз кӯдак буд, аммо дар даҳсолагӣ ӯ ба шонздаҳсола шабоҳат дошт. То ин вақт онҳо ба он чӣ ки пеш мегузоштанд, ноил гардиданд. Вай дароз ва дақиқ дар ин бора фикр кард ва вақте ки чизе фикраш мезад, аз пайи амалкардаш мешуд.
Инак, рӯзе вай ба деҳкон Мюлнер сухан кард. Таклиф кард, ки ба вай хатсайри ширфурӯширо фурӯшад: “Ман дуруст ҳисоб кардам. Агар шумо розӣ бошед, ман метавонам дар ду сол пули хатсайрро пардохт кунам. Ҳоло ман пул надорам, ки онро ба шумо нақд диҳам».
Деҳқон сарашро такон дод: “Чаро Шумо ташвиш мекашед? Шумо кӯдакони ноболиғ доред!”
“Барои ҳамин писарбача, ки ҳоло шашсола аст, аз қуттии сигор худаш ғиҷҷак сохтааст. Оё ин чизе нест? Набояд кӯмак кард?”
“Оё Шумо мехоҳед, ки ӯ кӯдаки аҷиб шавад?”
«Ман танҳо мегӯям, ки ин писар дар оянда соҳиби ҳунар гардад. Зиндагии пуразоби худам бас аст. Ҳоло зиндагиам бо кӯмаки Шумо беҳтар шуд. Писари ман низ бояд рӯзе беҳтар зиндагӣ кунад ва ӯ бояд рӯзе ба модар сипосгузор бошад. Мехоҳед ба ман кӯмак кунед?”
Онҳо боз нишастанд. Деҳқон муддате хомӯш монд. Дар охир деҳқон гуфт. “Шояд ин вазифаи масеҳии ман бошад”. Пирамард таклифи занро қабул кард.
“Чанд маркаро ҷамъ кардаам. Бо он аробаи калонтар мехарам ва агар шумо ба ман барои рӯзҳои аввал кӯзаҳои ширро қарз диҳед…”
Онҳо ба созиш омаданд.
Ҳенриета аробаи дучарха харид. Вай ба ҷои асп аробаро худ ме- кашид.
Аз ду тарафи ароба кӯдакон мекашиданд.
Элзбет норозигӣ баён кард: “Вақте ки номзадиамро тасдиқ кунанд, ҳамчун духтари хизматрасон кор мекунам. Маош мегирам, зеро бо шумо ҳеч чиз ба даст намеорам”.
«Ту духтари манӣ, на хизматгори ман. Шодмон бош, ки ин кор рӯ- зиамонро таъмин мекунад”.
Баъд се нафар хомӯшона аробаи пурборро кашиданд. Ҳенриета лабҳояшро газид. Бачаҳо модарро медонистанд. Агар мушкиле дошт, хомӯш мемонд.
Ба рӯи ӯ парда кашида шуда буд. Вай бе ягон сухан ба кӯдакон кӯ- заҳоро дод. Элзбет норозиёна кӯзаро бо асбоби ченкунӣ гирифт. Артур низ ҳаққи худро гирифту табассум кард. Ҳенриета писарашро сила кард ва ин меҳрубонии ғайриодӣ буд.
Дар вақташ Ҳенриета ба деҳкон маблағро дод ва ду сол пас хатсайр моликияти шахсиаш гашт.
Дар бораи пирамард боқимондаи оила дигар хабаре надошт. Ӯ фа- ромӯш шуда буд. Баъзан мактубе ё ҳатто як баргае аз ҷониби Дора меомад. Эрих бе ному нишон буд. Берта ва Алфред дер-дер ба назди модар меомаданд. Ҳенриета бо ду кӯдак зиндагии хоксорона дошт. Бояд қаноат мекарданд. Аммо Элзбети чордаҳсола Ҳенриетаро ғамгин мекард. Рӯзе набуд, ки байни модару духтар ҷанҷол нашавад. Чӣ қа- даре ки Элзбет худро аз модараш дур мекард, ҳамон қадар муҳаббати модар ба писараш зиёд мешуд. Артури ҳаштсола аз нафрати хоҳар дурӣ меҷуст ва зери муҳаббати модар паноҳ меҷуст.
Ҳенриета барои ояндаи духтар фикр намекард. Оянда аз Артур буд. Танҳо тафовути фарзандон ба Ҳенриета имкон дод, ки пай барад, ки Артур аз дигар фарзандонаш фарқ дорад. Артур ҳанӯз ба ёди ғиҷҷак буд, асбоби дигар месохт, аммо муваффақ намешуд, ба ҳар ҳол аз ин кор даст накашид.
“Оё ғиҷҷакнавоз шудан мехоҳӣ?”
Артур нохост баланд шуд. “Намедонам модар. Вақте ки аз мактаб меоям, кор меҷӯям ва пул меёбам. — Аммо ғиҷаакнавозиро ҳоло ҳам мехоҳам”.
Як рӯз Ҳенриета як қуттии сиёҳро овард. «Ана писар».
Дар дарунаш ғиҷҷак, бо чор тор ва камона буд. Ҳенриета онро аз марде харидорӣ карда буд.
Писарак мӯъҷизаро аз қуттӣ бароварда, ларзид. Вай ғиҷҷакро ба даст гирифта, саволомезона ба модар нигарист. Ҳенриета дар назди мизи ошхона нишаст. Тавре ки муаллими сурудро дида буд, Артур камонро
кашида, ғиҷҷакро зери манаҳаш гузошт ва ба навохтан сар кард. Камон ба ларза даромад ва танҳо як садои ларзон баромад. Аммо он садо буд.
“Модар!”— дод зад Артур.
Ҳенриета лабҳояшро ҷафс кард, зеро ханда ба гиря табдил ёфтан мехост ва эҳсосташ дар дидаҳояш намудор шуданд.
Артур пушташро ба модараш гардонд, зеро ӯ намехост, ки модараш кӯшишҳои авалинашро бубинад. Ғиҷҷак барояш ҳоло калон ва ноши- нос буд. Камонча дароз. Ангуштон одат накарда. Онҳо чизеро иҷро карданд, ки ба садои мусиқӣ монанд буд. Баъзе садоҳо мисли фарёд буданд, аммо он ба Ҳенриета мисли мусиқӣ менамуд…………………………………………………………………………………… Оё писар дар
ҳақиқат ғиҷҷакнавоз шудан мехоҳад? Шояд санъаткори асил шавад?
Элзбет зуд асбобро ба даст гирифт ва пеш аз он ки Ҳенриет онро ги- рифта тавонад, ғиҷҷакро ба канори миз зад. Он шикаст. Элзбет асбоби шикастаро ба замин партофт ва бо овози баланд аз ошхона баромад. Дарро аз пасаш сахт пӯшид.
Артур ях баста ба дар нигарист. Ҳенриета ҷаҳид ва аз паси духтар рафт.
Аз мӯйҳояш кашола карда, ба ошхона даровард. Артур ба замин хам шуда, пораҳоро ҷамъ кард. Ҳенриета ба сари Элзбет ваҳшиёна дод зад. Элзбет фарёд кард. Худро халос карду боз гурехт. Дар боз пӯшида шуд. Ҳенриетаба курсӣ нишаст ва дастонашро болои зонуҳои ларзон гузошт — мисли сад соли пеш — ва баъд сарашро ба рӯи миз гузошт. Вай гиря накард ва дар он ҷо интизор шуд, то баданаш ором шавад. Артур модарашро таъна кард, Ҳенриета сарашро бардошт. Рӯяш аш- колуд буд, аммо вай гиря кардан намехост. Артур бо чашмони тарсида ба модар нигарист. Ӯ мехост суханони тасаллобахш гӯяд, лабҳояш аз ҳад зиёд меларзиданд. Ҳардуро андом якранг буд.
“Ҳоло бо ту чӣ кор кунам?” Овози Ҳенриета паст буд.
Ғиҷҷаки дигарро Ҳенриета ба писараш нахарид. Вай асбоби ши- кастаро ба сатили партов андохт. Артур низ бори дигар дар ин бора сухан нагуфт. Зимистон ин дафъа тӯлонӣ буд.
То моҳи апрел барф меборид. Ҳенриета ба Элзбет манъ карда буд, ки вазифаи хидматгорро ишғол кунад. Ба вай кӯдакон лозим буданд.
Оила аробаи вазнинро болову поён мекашид.
Артур мисли асп садо кард. Элзбет гиря кард. Дар пеши хонаҳо та-
ваққуф карда, қувва гирифтанд. Элзбет тасмаро аз китфаш партофта, гиряро давом дод: «Дигар тоқат карда наметавонам!» Барои Артур ҳам ин кор вазнинӣ мекард, аммо хомӯшона монд.
“Баҳор ҳам наздик омад, корамон сабук мешавад”, гуфт Ҳенриета, ки барои истисмори онҳо худро гунаҳкор меҳисобид.
Баъзан мехост аз ин кор даст кашад, аммо агар онҳо бе рӯзӣ монанд, чӣ мешавад? Писарбачаро ҳанӯз чор соли мактаб дар пеш буд. Ҳенри- ета кӯзаҳои ширро ба фарзандон тақсим карда дод. “Рафтем, кӯдакон”.
Элзбет бо дили нохоҳам даст ба кӯзаи шир дароз кард. “Нола накун. Бародаратро мисол гир, барои вай ҳам ҳамон қадар душвор аст. Ҳамаи мо душворӣ мекашем. Биё!”
Ҳенриета рӯяшро гардонд, то азоби кӯдаконро набинад.
Бегоҳӣ Ҳенриета пас аз хоб рафтани бачаҳо дуру дароз дар ошхона монд.
Аз ин пас? Корро бас кунам? Ба завод равам? Рӯзномаҳоро тақсим кунам? Ба Алфред нависам? Ба Берта, ба Дора? — Ёрӣ диҳед, ман дигар тоқат карда наметавонам.
Ҳенриета бо чунин фикрҳо худро фиреб медод, ки бенатиҷа буданд.
Рӯзномаҳоро тақсим кардан, ба корхонае рафтан, ба фарзандон навиштан? – Ҳенриета лабонашро газид. “Барои худам заҳмат кашидан беҳтар аст”.
Ҳенриета чароғи керосинро хомӯш карда, ба назди тиреза рафт ва ба осмони сиёҳи шаб нигоҳ кард.
Ба ман пул лозим аст. Ду ҳазор марка!
Он шаб ду муштарии доимии ӯ дар фикраш даромаданд.
Яке Рихард Ҳаниш, констебл дар маҳбаси тафтишотӣ. Бар хилофи касби ғайридӯстдоштааш, одами некӯкор буд. Дар тӯли солҳо дар байни ӯ ва оилаи Ҳаниш муносибати дӯстона вуҷуд дошт. Артур ва ду писари Ҳаниш дӯст буданд.
Ҳаниш охирин муштарӣ дар рӯйхати ӯ буд. Бо як пиёла қахва худро гарм кард.
Ин дафъа ӯ як сигори гаронбаҳоро байни ангуштонаш нигоҳ медошт. Нозири маҳбас, ин хушбахт, дар лотереяи давлатӣ бурд гирифтааст. “Ман 10000 марка бурд кардам, хонум Балке. Ман танҳо як билет ги- рифтам. Бурди асосӣ сад хазор марка мебошад. — О, эй, агар ман як
билети дигар мегирифтам!
Даҳ ҳазор марка! Шумо ба ин чӣ мегӯед, хонум Балке? «Ҳенриета ба ин чӣ бояд мегуфт? Даҳ ҳазор марка. — ин имконият аст…Чаро мо низ бояд кӯшиш накунем?”
Ман панҷ сол боз ҳамон рақамро бозӣ мекунам. Шумо ҳам лотерея бозӣ мекунед?
-Ман пул надорам»-хоксорона гуфт Ҳенриета. «Аммо ин кор меар- зад, хонум Балке.»
Ҳенриета оҳ кашид: “Агар шумо пешакӣ медонистед…” Хонум Ҳаниш пиёлаи Ҳенриетаро пур кард. “Ӯ имрӯз боз ҳам қавитар аст”, табассум кард.
«Ман чашидам”, бо миннатдорӣ ҷавоб дод Ҳенриета. “Бурд тасо- дуфӣ набуд”, гуфт хонум Ҳаниш, “Ман кӯмак кардам”. “Ёрӣ расондӣ”, бо меҳри самимӣ хандид сержант. Азбаски панҷ сол аст, ки ман дар лотерея бозӣ мекардам, вай ҳар рӯзи якшанбе ба калисо мерафтам.
Ҳамсарон баробар хандиданд.
«Ду бор бозӣ кардан беҳтар аст – гуфтам худ ба худ. Шавҳарам дар қиморбозӣ ва ман дар калисо», андешамандона гуфт хонум Ҳаниш.
“Ман ба Худо бовар надорам, балки ба қувваи худам эътимод меку- нам”, ба таври ҷиддӣ гуфт Ҳенриета, “вале бо дин найрангбозӣ кардан мумкин нест!”.
Ҳаниш ҳам ҷиддӣ шуд. “Дар ҳеч куҷо бо дин ба ин қадар найрангбозӣ карда намешавад, магар дар маҳбас. Онҳо худро далер ва худотарс вонамуд мекунанд-коҳинон ва ифротгароён ҳатто сурх намешаванд. Яке дар болои минбар дигаре дар зиндон: куштор, оташзанӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ, ҷиноятҳои бадалоқӣ … боз мераванду дар калисо аз худо узр мепурсанд барои гуноҳҳояшон.
Ҳамин тавр аст, чӣ мемонад пас аз сигори хуб? — хокистар.
Ҳайрон аз хонум Ҳаниш Ҳенриета дар бораи фаъолияташ пурсид: “Оё шумо сотсиал-демократ ҳастед?”
Хонум Ҳаниш хандид: «Шавҳари ман – ва сотсиал-демократ?»
“Ман хизматчии давлатӣ ҳастам ва корамро иҷро мекунам”, — кӯтоҳ гуфт Ҳаниш”. Ҳоло аз бурди худ шодам”.
Ҳенриета аз андешаи бепарвоёна фишурда шуд: “Шумо бо ин ҳама пул чӣ кор мекунед?”
Ҳаниш бе гумон хандид: “Оё Шумо қисме аз ин пулро гирифтан мехоҳед?”
“Худоё… Ҳенриета худро ба даст гирифта, оҳ кашид: Оҳ, ҷаноби Ҳа- ниш…”.
Дигараш устои челонгар Антон Фридрих буд.
Ҳенриета ба моҳи пурра нигоҳ мекард. Агар Ҳаниш ду ҳазор марка қарз диҳад, хуб аст… Ҳенриета он шаб хеле дер хобид ва хоби ноором дошт.
Хунукии субҳ то ҳол фишораш медод, аммо Ҳенриета хушбахт буд, баҳор наздик меомад. Ҳаниш тайёр буд, ки маблағро ба вай диҳад: «Чаро не, хонум Балке», — гуфта буд ӯ. «Ду ҳазор марка – се фоиз. Модар чиро дар назар дорӣ? Ба ҳар ҳол омода аст ва пеш аз он ки писарони мо калон шаванд, шумо онро бармегардонед».
Ҳенриета бояд бо устои челонгар сӯҳбат мекард. “Хонаи рақами ҳафт дар кӯчаи Ҳарденбергерштрассе аз Шумо аст, дуруст?”
«Бале, ин хонаи ман аст».
“Як хонаи ошёнаи якум дар он ҷо солҳо боз холӣ мебошад. Чаро боз иҷора намедиҳед?”
Фридрих рӯй гардонд. “Чор ҳуҷра ва инчунин ошёнаи якум – кӣ мехоҳад бо нархи баланд иҷора гирад?”
“Ман”- Ҳенриета табассумкунон чашмонашро танг кард.
“Хонаи гаронбаҳоро?”
“Ва мағозаро” ҳамон қадар, ки челонгарро ба ҳайрат меовард, ҳамон қадар ӯ мулоимтар мешуд.
«Пас? Он мағоза нест-ку».
«Яке аз ҳуҷраҳояш шуда метавонад”.
“Чӣ, чӣ тавр?”
Ҳенриета нақшаашро гуфт. “Мехоҳам мағозаи шир кушоям. Дар хона. Шумо минтақаро медонед. Рақобат нест. Макони беҳтарин аст. Ҳамчун усто шумо медонед, ки ин чӣ маъно дорад. Ҳеч иштибоҳе нахоҳад шуд. Ғайр аз ин ду фарзанди солим дорам. – Канӣ, ҷаноби Фридрих?» вайро фирефт.
«Шумо дар назар доред, ки ман бояд…»
«Ман инро дар назар дорам. Агар шумо як қисми хонаро ба мағозаи ман табдил диҳед, пас ин барои ҳардуямон пул хоҳад овард».
Челонгар дудила хандид. «Шумо ҷасорат доред».
Челонгар ба зани хурдакак нигарист. Одами бағайрат. Мағоза? Кори бефоида нахоҳад буд. Вай манаҳашро хорид. «Хуб, хонум Балке, бояд дар ин бора фикр кард…»
Ҳенриета ба хурсандии вай аҳмият надод. «Дар бораи ин фикр кунед. Аммо на он қадар дароз».
Вақте ки рӯзҳои аввалини гармо фаро расид, устоҳо аллакай дар он ҷо буданд. Ҳенриета банд шуд. Маҷбур буд, ки пули қарз гирифтаро сарфакорона истифода барад, аз байни муштариёнаш дуредгари маъю- бро ба кор гирифт. Артур бо истифода аз ченак, мураббаъ ва қутбнамо нақшаи дақиқро кашид. Ҳенриета сари писарашро сила кард:
– Писарак, ту…
Вай ангушти худро ба ҷои мушаххаси эскиз гузошт”. Дар ин ҷо мо як чизи махсусе мекунем. Мизи хурд ва чанд курсӣ мегузорем. Дар рӯ ба рӯи миз гулдон мегузорем, ба одамоне, ки мехоҳанд як пиёла шир бинӯшанд, хизмат мекунем. Ин ба шумо маъқул аст?”
Ифтихормандона аз модари хирадманд Артур сар ҷунбонд: “Ман низ мехоҳам мисли Шумо далер бошам”.
Ҳенриета каме оҳ кашид: «Писари далерам… Мегӯянд касе бечора шуд Худо кӯакаш мекунад. Ту инро аз мактаб ҳам шунидаӣ.
“Бале, модар, медонам. Аммо мардум мегӯянд: Инсон фикр мекунад ва Худо ҳидоят”.
»Шумо фикри худро доред, модар?» «Намедонам, ки чӣ тавр ба худ хулоса баровардан мумкин нест. Эҳтиёҷ як кӯҳи баланд аст. Писарам, дар поёнаш наист, вагарна дар зераш монда, ноумед мешавӣ. Баръакс, ба кӯҳ баро, пас ба авҷи эҳтиёҷоти худ назари равшан андоз. Бубин, ман ҳамеша ин корро мекардам. Ту ҳам метавонӣ дар ин бора фикр кунӣ. — Аммо акнун биё дар ин бора фикр накунему дар бораи чӣ гуна мағозаи худро ташкил додан, ки одамон аз мо хариданро дӯст доранд, андеша кунем».
Мисли парранда дар лонааш, Ҳенриета дар дӯкони худ сахт меҳнат мекард. Вай ҳар рӯз дар ҷустуҷӯи таъминкунандагони молҳои гуногун буд. Шартномаи интиқол ва пардохт имзо мекард. Дар паҳлӯи мӯҳри ширкат ва имзои молрасон номи ӯ навишта шуда буд, ки чунин буд: “Ҳенриета Балке”.
Дар назди мизи ваколатдор ё директор дар идораи хусусӣ менишаст, хурдакак, хоксор, дар тан чакмани арзон буд, яке аз ҷанобон “хонуми меҳрубон” гуфта муроҷиаташ кард. Вай ғазабнок шуд.
Вай ҳанӯз оромона шир мекашонд, азбаски оғоёнаш ҳанӯз дар хоб буданд, вай аз дари хурд медаромад. Вай пеш аз нисфирӯзӣ дигар одам ва пас аз нисфирӯзӣ дигар одам буд.
“Яқин, хонум, шумо аз мо қаноатманд хоҳед шуд”.
Гарчанде ки тиҷорати Ҳенриетаро хурд ва фақат ба миқдори кам мол мехарид, аммо ҷаноби олиқадр ҳар як харидорро хуш истиқбол мекард. Чорвои майда низ саргин дорад.
Ҷаҳоне, ки Ҳенриета то он вақт медонист, бо қувваи ҷодугарии ду ҳазор марка ба ҷаҳони аҷоиб таҳрифшуда табдил ёфт. Баъзан вай ҳанӯз ҳам меларзид. Вақте ки вай номи худро зери шартнома гузошт, ди- лаш нигарон буд, зеро дар он як банди даҳшатнок мавҷуд буд: “Риоя накардани ӯҳдадориҳои пардохт…” Мисли харгӯш дар пеши мор буд. Баъд ба ҷанобе, ки шартномаро бо имзои ӯ қабул кард, табассум кард.
Аммо вақте ки аз идораи хусусӣ ба роҳи кушод баромад, боз ба худ омад. Не, ҷанобон, наметавонед маро танг кунед, ман ҳам намегузо- рам, ки сахтгир бошам. Ана моли ман, ана пули шумо. Мо бо якдигар коре надорем.
Онҳо ба хонаи нав кӯчиданд. Вақте ки хона ҷиҳозонида шуд, таҷҳи- зоти кӯҳна дар назди девор гузошта шуданд: вертикои қаҳваранг, сандуқҳо, дивани зардшуда… Вой бар ҳолатон агар битарсед… Рӯзе милисае омада, ҳамаатонро аз куҷое, ки омада будед, ба онҷо меронад.
Ягон милиса наомад. Ба ҷои ӯ моли фармоишӣ омад, аз тарафи ҷа- ноби олиҳиммат саривақт фиристода шуда буд. Гулчанбарҳо аз сержант Ҳаниш, аз челонгар Фридрих, аз муштариёни собиқ меомаданд. Ҷаҳон нек менамуд, мардум дӯстона.
Ҳенриета ба он умед баста буд, ки деҳкон Мюлнер дӯконашро бо шир таъмин мекунад, аммо он кифоят намекард. Вай ба ӯ шахсеро тавсия кард, ки ширро ба миқдори зиёд истеҳсол мекард ва ба шаҳр миқдори зиёд мефиристод. Ба Ҳенриета дар як рӯз шаст литр лозим буд. Бо ин ҳаҷм он шахс бо шир дӯконро таъмин накард.
Аз вокзал борро гирифта овард ва ба дӯкон кашола карда даровард. баъд ба ошхона рафта гуфт, ки кӯшиш хеле зиёд буд. Нафасаш мегашт,
зонуҳояш меларзиданд. Вай як ҷуръа об гирифт. Субҳи имрӯз тантана буд. Бори аввал нони мактабии Артур бо равғани ҳақиқӣ густурда шуд. Вақти ба мактаб рафтан фаро расид, Ҳенриета писарашро ба оғӯш гирифт. Дере нагузашта меҳри модарӣ, ки дар вай пайдо шуда буд, қувва бахшидаш барои зиндагӣ.
Бисёр дарҳо барояш кушода шуда буданд, аз замоне, ки пирамардро ронда буд. Тавассути тамоми дарҳо бе тарсу ҳарос роҳ мерафт, зеро зиндагӣ дигар нашуда буд. Вай ҳамеша хизматгор боқӣ монд. Ба воситаи ин дар вале вай дигар ба сифати хизматгор намерафт.
Ба Элзбет гуфт, ки либоси дигар пӯшад. Модару духтар либоси сафед пӯшиданд. Онҳо ба ҳамдигар гап намезаданд. Соати муҳим фаро расид.
Вақте ки Ҳенриета дарро кушод, Элзбет дар пасис мизи дӯкон истода буд. Акнун ба ақиб гаштан мушкил буд.
Ҳенриета ҳеҷ гоҳ ин қадар ба пеш ҳаракат накарда буд.
Аввалин мизоҷон омаданд. Кунҷковӣ зиёд буд. Дӯкони нав ба кор даромад. Шири тару тоза, равғанаш зарди зард, навъхои зиёди панир, як тухм шаш тин.
Мол бар ивази пул! Мубодилаи аҷиб. Тангаҳо мерехтанд касса пури пул шуд.
Вақти нисфирӯзӣ савдо паст шуд. Ҳенриета духтарашро барои тайёр кардани хӯроки нисфирузӣ фиристод. Артур аз мактаб ба хона омад. Вай мисли дузд ба хона даромада, ба утоқе, ки бо дӯкон ҳамдевор буд, даромад ва аз тиреза корро тамошо мекард. Вақте ки хазинаи дӯкон садо дод, ӯ шодмонӣ кард.
Дар аввал ҳама чиз хуб рафт. Мағоза боқимондаи оиларо бой на- гардонд, аммо зиндагии хоксоронаро мисли пештара таъмин мекард.
Барои андоз, даромад, иҷора ва векселҳои зиёд Ҳенриета ҳар бегоҳ пул ҷудо мекард. Тӯдаҳои танга Элзбетро меранҷонданд.
Вай музди кор мехост.
“Музди меҳнат? Ту инро чӣ гуна тасаввур мекунӣ? Ту корманди ман нестӣ”.
Ҳенриета ба чанд пул, ки дар касса боқӣ монда буданд, ишора кард. “Ин зиндагӣ боқӣ мемонад ва аз ин ту маош мехоҳӣ?”
«Ман шонздаҳсолаам ва кор мекунам. Дар ҷои дигар ман барои меҳнатам пул мегирам».
Ҳенриета аз ҷо бархоста, онро маҳкам кард. Ба духтараш рӯй оварда, дуру дароз нигоҳ кард. Хомӯшӣ. Аслан, духтар ҳақ аст.
«Ман ба ту музди кор дода наметавонам».
Артур дастонашро байни зонуҳо гузошт. Ба худ гуфт: «Модар бояд пулро аз куҷо гирад?»
Элзбет ба бародараш дод зад: “Хомӯш шав, ту чӣ кор мекунӣ, бе- корхӯҷа?”
“Артур танҳо кӯдак аст”, Ҳенриета писарашро ҳимоя кард. Элзбет ғазабнок шуд. Ҳенриет оҳ кашид: “Акнун бадбахтӣ боз бармегардад. Агар хоҳари ту ақлашро кор фармояд – мо қаноатманд мешавем”.
«Ман кор кардан мехоҳам, модар, метавонам куртаи сафед гирам?”
Ҳенриета сар ҷунбонд: »То имруз касе нишаста шир нахӯрдааст.
Мағозаи мо аслан макони нӯшокӣ нест».
Муносибати модару духтар бад шуд. Пеш аз он ки Ҳенриета барои гирифтани шир ба истгоҳ равад, Элзбетро бедор кард: “Бархез”.
Вазифаи духтар ҳар саҳар тоза кардани дӯкон буд. Вақте ки Ҳенриета аз истгоҳи роҳи оҳан бо банкахои вазнин баргашт, дӯконро ифлос ёфт. Ба ошхона рафт.
“Элзбет дар куҷост?”
Артур, ки хӯроки нисфирӯзии мактабашро тайёр мекард, ҷавоб на- дод, Ҳенриета шитобон ба хонаи хоб даромад. Элзбет ҳанӯз дар бистар буд. Чашмонаш пӯшида буданд. Ҳенриета гуфт: “Ба ту чӣ шудааст?”
Элзбет ба девор рӯ овард:
– “Беморӣ?”
– “Ман хастаам”
“Мағоза чӣ мешавад?”
– “Ман хастаам”.
Ҳенриета курпаро кашола кард: »Хез!”
Бо нигоҳи ғазабнок духтар аз ҷояш хесту фарёд кард: “Ман наме- хоҳам! Ман дигар ҳатто ба мағоза намеравам!»
Ҳенриета ба ба рӯи духтар шаппотие зад.
Ӯро хашм фаро гирифт, вай дасташро боло бардошт. Пас аз ним соат аввалин харидорон омаданд ва мағоза ҳанӯз пур аз гард буд. Ҳенриета ба ошхона рафт. Артур дигар дар он ҷо набуд.
Ҳенриета зуд ба рӯбу чини мағоза шурӯъ кард. Вай ҳанӯз дар мағоза
рӯбу чин мекард, ки аввалин харидорон омаданд. Мӯйҳои Ҳенриетаа дар чеҳраи арақинаш печида буданд. “Мутаассифона, духтарам бемор аст”, бубахшед барои ин вазъият. “Ҳозир шир медиҳам”.
Мизоҷон зиёд шуданду болои латтаи фарш ва гирди сатил гашту гузор карданд. Ҳенриета ба муштариён шир доданро оғоз кард, зеро худро аз даст надода буд. Чанде пас ба назди духтараш рафт. Ва бо қаҳр гуфт: “Ту муштариёни маро бо ин кор дур мекунӣ. Ба фикри ту, оё занҳо ба чунин ҷои ифлос бармегарданд?”
Элзбет чизе нагуфт. Аммо пас аз чанде вай аз ҷояш ҷасту ҳарф зад: “Ман ба ҷое меравам, ки пул кор кунам”.
– “Ту ҳайвонӣ”, гуфт Ҳенриета.
Садои занги дари мағоза баромад. Бе садо Ҳенриета духтарашро тарк кард.
Хушдилона ӯ мизоҷро пешвоз гирифт. “Субҳ ба хайр. Ним кило па- нир, лутфан. Вай тару тоза аст».
Вай молро баркашида, бор карда, ташвишу изтиробро аз худ дур кард. “Бо зира, намак ва мурч, вай мисли қаймоқ мегардад. Ин хӯроки нисфирӯзии хуб аст».
Вай бастаро ба зан дод: «Ана».
Чунин бояд бошад. Дар байни хона ва дӯкон девори ҷудокунанда вуҷуд дошт, вале вақте ки мизоҷ рафт, табассум дар паси пардаи ғам пинҳон шуд. Фикрҳояш ӯро хаста карданд. Хонум Ҳаниш омад. Ҳенриета хиҷолати занро пай бурд. »Чӣ?«— дилсӯзона пурсид вай.
Хонум Ҳаниш боз ҳам бештар хиҷолат кашид. “Одамон гап меза- нанд…”
“Оё то ҳол гап мезананд?”- пурсид Ҳенриета.
Хонум Ҳаниш чизе нагуфт, зеро хомӯш будан аз сухан гуфтан осон- тар буд.
“Ман барои духтарам ғам дорам”-иқрор шуд Ҳенриета, “аммо тағйи- рот мешавад, хонум Ҳаниш. Парво накунед, Шумо пулатонро мегиред».
«Гап дар бораи пули мо нест. Ман хавотирам, одамон гап мезананд».
Ҳенриета Элзбетро ҳангоми нон тайёр кардан дар ошхона дарёфт.
Кордро аз дасти духтараш гирифта нонро ба нонгирак гузошт: “Касе, ки барои ман кор намекунад, набояд аз нони ман хӯрад”.
Элзбет ба модараш нигариста, ба ақиб гашт, аммо Ҳенриета дасти
духтарро гирифт: “Гӯш кун! Одамон аллакай гап мезананд. Ман наме- гузорам, ки ту ба корам халал расонӣ.«
Элзбет ҳушдор дод: “Ман ба ҷое меравам, ки пул кор мекунам”.
«Ту дар хона мемонӣ ва дар ин ҷо кор мекунӣ».
«Ман меравам!»-дод зад ба рӯи модар.
“Наметавонӣ бе розигии ман биравӣ, ҳоло ноболиғ ҳастӣ!”
Ҳенриета нишаст. “Мо чӣ хел оилаем… чихел фарзанд дорам…”
«Писари азизе дорӣ, ки кор намекунад, аммо мехӯрад.«
Занги мағоза боз садо дод. Ҳенриета ба дӯкон рафт. Чун баргашт, Элзбет дигар дар он ҷо набуд. Вай хидматгори намояндаи як корхонаи шоколад шуд. Хонум аз он шод шуд, ки ин қадар зуд дубора духтар пайдо кард, зеро ҳеҷ кадомаш аз чанд моҳ зиёд кор намекард.
Ҳуҷраи тангу бе тиреза, ки қаблан ҳамчун як анбор истифода мешуд, манзили Элзбет гашт. Дар паҳлӯи кати оҳанӣ ҷевон буд, аз ин рӯ дар ҳуҷра танҳо фазои кофӣ мавҷуд буд. Чароғи керосин дар шифт овезон буд. Элзбет ин сӯрохиро ба ҳуҷраи равшани хонаи модараш иваз кард. Бо саркашиаш, ки аз хона баромада буд, шикоят накард. Вай аз пагоҳ то бегоҳ меҳнат мекард, ду бачаи соҳибонаш бо ӯ нодуруст рафтор мекарданд. Элзбет бар зидди онҳо коре карда наметавонист.
Вай аз саҳар то бегоҳ кор мекард.
Ҳенриета танҳо монд ва ҳамаро худ нигоҳубин мекард. Мағозаву хона бояд тоза нигоҳ дошта мешуданд. Ғами хӯрокро низ бояд ӯ мехӯрд. Либосҳоро бояд мешуст. Агар Ҳенриета дар мағоза коре намедошт, ҳангоми набудани мизоҷон дар хона заҳмат мекашид. Занги дари мағо- за баланд шуд, ӯ корашро бас кард.
Акнун вай боз ба ҳайвони хонагӣ табдил ёфт ва бораш ду маротиба вазнинтар гардид. Аз он метарсид, ки дигар либоси сафед надошт. Беш- тар ба мизоҷон бо дастони чиркину тар хизмат расонд. Фрида, Минна, Роза, хизматгордухтарон интизор набуданд, ки ҷанобон тухм, равғанро аз мағозаи ифлос мехаранд. Баъзе рӯзҳо ба Ҳенриета лозим меомад, ки аз вокзал як кӯзаи бистлитрӣ биёрад. Хазина ором шуд ва тангаҳо ҳам камтар шуданд. Ҷанобон шартномаҳои интиқолиро буриданд ва миқдори молҳое, ки Ҳенриета фармоиш мекард, торафт кам мешуд. Ҳамин тавр, Ҳенриета рӯзе ба дари мағоза тахтаеро кашол кард: “Аз сабаби беморӣ баста аст” ва бо Артур ба роҳ баромад. Вай ба бозор
рафт. Дар ин ҷо деҳқонон бисёр буданд. Вай касеро ёфт, ки ба ӯ бо нархи дастрас молеро, барои дӯкон лозим буд, таъмин мекунад. Пас аз дарс Артур аробаро ба сӯи бозор бурд ва молро ба дӯкон овард. Ҳенриета ҳарчанд равған мефурӯхт, худи ӯ бо писар арзонтарин навъи маргаринро мехӯрданд. Вай намедонист ки бигӯяд, ки чӣ тавр ба ин муяссар шуд, ки рӯзаш бе қарз гузарад.
Рӯзе вай мактуби расмӣ гирифт, ки дар навишта шуда буд, ки чопку- нанда Антон Фридрих Балке вафот кардааст. Навиштаро ба писар дод, вақте ки ӯ аз мактаб ба хона омад. Писарак хонд ва хомӯшона коғазро ба як сӯ гузошт. Ҳенриета табассум кард. »Бояд гиря кард, вақте касе мемирад, дуруст аст?”
Овозаш дағал буд. Артур аз модараш рӯй гардонд ва гуфт: “Ман ҳеҷ гоҳ падар надоштам, ман ҳамеша модар доштам”.
Ҳенриета писаракро ба назди худ кашид. «Дувоздаҳ фарзанд! Шаш нафари онҳо фавтиданд. Панҷ нафари дигар маро тарк карданд. Ту охиринӣ. Ту ҳам рӯзе маро тарк мекунӣ?”
Чеҳраи аз ашкҳо медурахшид.
– “Ҳеҷ гоҳ модар!..”
Ҳенриета муддати тӯлонӣ ба писараш нигоҳ кард. Вай пай бурд, ки писараш ба дигарон монанд нест. Ҳамаи онҳо хислати шахсеро доштанд, ки шаҳодатномаи маргаш дар рӯи миз буд. Дар чеҳраи Артур вай ҳеҷ чизро надид.
Оё ӯ ба вай шабоҳат дошт? Чашмонаш чизеро инъикос мекард, ки дар он вақт дар чашми вай буд. Садои овозаш чун акси садои он замон ба гӯшаш мерасид.
Он чӣ қадар, ки дур буд, ҳамон қадар наздик шуд…
Муаалиф: Бруно Апиц
Аз олмонӣ тарҷумаи Бабаева Ҳадиса – донишҷӯи соли панҷуми факултети забонҳои романӣ-германӣ