Равияи шахс – ин системаи арзишҳои
шахс, маҷмӯи талаботҳои асосии ӯ, маромҳои устувори
рафтор ва сифати асосии низомофарини шахс мебошад.
Системаи арзишҳои шахс асоси муносибатҳои гуно-
гунранги шахс ба воқеият мебошад. Чунин хусусиятҳои
равияи шахсро фарқ мекунанд:
- Аҳамияти иҷтимоӣ доштани муносибатҳои шахс,
дараҷаи арзиши ҷамъиятӣ доштани онҳо – дар доираи
ахлоқ будани рафтори ҳаррӯзаи ӯ, мувофиқати рафтори
шахс ба ғояҳои пешқадами иҷтимоӣ, баландғоягии шахс. - Гуногунрангии талаботҳои шахс, васеъгии доираи
шавқу ҳавасҳо ва муайян будани шавқу ҳавасҳои асосию
марказӣ – мақсаднокии шахс. - Дараҷаи устувории муносибатҳо – пайдарпайӣ
принсипнокии шахс, ягонагии шахс.
Арзиш – ин аҳамиятнокии ҳодисаҳои муайянро ба-
рои одам ифода менамояд. Ҳам мақсадҳои асосии зиндагӣ
ва ҳам принсипҳои ташкили он (поквиҷдонӣ, шаъну ша-
раф ва ғ.) мисоли арзиш шуда метавонанд. Арзишҳо ҳдуди
имконпазири усулҳои ҳалли мушкилоти ҳаётро муайян
менамоянд. Мутобиқшавии иҷтимоии шахс – ин қабл аз
ҳама шиносоии ӯ бо системаи арзишҳои муайяни умуми-
ятҳои иҷтимоӣ мебошад. Миёни ин арзишҳо арзишҳои
пойгоҳӣ (асосӣ) мавҷуданд, ки барои ҳамин гурӯҳи ода-
мон бунёдианд ва инчунин фавқуларзишҳо вуҷуд доранд.
Озодии шахс, озодии халқ, ҳаёти одамони наздик, шаъну
шараф – аз ҷумлаи номгӯйи нопурраи он фавқуларзишҳо
мебошанд, ки барои бисёр одамон аз худи зиндагиашон
дида муҳимтаранд.
Аммо одамон баъзан арзишҳои объективан аҳамият-
нокро кам баҳогузорӣ мекунанд, баръакс, арзишҳои за-
монавӣ, бонуфуз, мӯдшударо бештар аҳамиятнок меҳисо-
банд. Фавқуларзишҳои хаёлию қалбакӣ низ мавҷуданд.
Масалан, миллиардери собиқ ҳангоми аз нобарории бир-
жавӣ миллионер шуданаш ва аз даст додани як қисми
бойигариаш, худкушӣ мекунад, ё худ образи Қорӣ Исмат
дар асари «Марги судхур»-и Садриддин Айнӣ.
Одамон туфайли равияи худ қодиранд монеаҳоро
бартараф намоянд, ҷидду ҷаҳд ба харҷ дода, бо роҳи ин-
тихобкардаи худ бираванд. Аммо ин роҳ ҳамеша дар
ҳудудҳои муносибатҳои муайяни иҷтимоӣ ва арзишҳои
иҷтимоӣ қарор дорад.
Ҳамин тавр, рафтори шахсро равияи ӯ муайян меку-
над. Равияи шахс маҷмӯи водоркунандаҳо ва мақсаду ма-
ромҳои дурру наздикро муайян мекунад, ки онҳо фаъоли-
яти шахсро ба низом медароранд.
агар мақсад асоси фаъолият бошад, пас асоси худи
мақсад берун аз фаъолият – дар талаботҳои одам ҷойгир
аст.