Главная / Илм / Реинжиниринг ҳамчун воситаи баландбардории дараҷаи ташкилӣ-техникии истеҳсолот

Реинжиниринг ҳамчун воситаи баландбардории дараҷаи ташкилӣ-техникии истеҳсолот

Реинжиниринг то андозае  ҳаммаънои ибораи «азнавмуҷаҳазгардонии техникӣ», ки дар иқтисодиёти собиқ Шӯравӣ истифода мекарданд, ба ҳисоб меравад. Азбаски гузариш ба иқтисоди бозорӣ зарурияти истифодаи мафҳумҳои байналмиллалии соҳавиро тақозо мекунад, бинобар ин онро дар шакли мавҷудааш истифода мекунем.

upravlenie_110417Азбаски мафҳуми «реинжиниринг» ба монанди низоми ченкунӣ, омор, идоракунии сифат, бехатарии экологӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ғайраҳо дар сатҳи байналмиллалӣ ба қолаби майян дароварда нашудааст, бинобар ин мафҳуми муаллифии ин категорияро дида мебароем.

Реинжиниринг  чист?

Инжиниринг ин ҷараёни баландбардории дараҷаи ташкилӣ- техникии истеҳсолот, ки дараҷаи рақобатпазирии ҷараёнро на кам аз дараҷаи рақобатпазирии воридшавии он таъмин мекунад, ки тавассути гузаронидани корҳои илмӣ-татқиқотӣ, озмоишӣ, лоиҳавӣ- конструкторӣ, технологӣ ва сохтмонӣ амалӣ карда мешаванд. Корҳои инжинирингиро ташкилотҳо метавонанд худашон мустақилона ва ё бо даъвати ширкатҳои инжинирингӣ амалӣ кунанд.

Реинжиниринг ин ҷараёни баландбардории дараҷаи ташкилӣ- техникии истеҳсолот мебошад, ки тавассути истифодаи олотҳои нозук (воситаҳои илмӣ ва техникӣ), инжиниринг ва ё инжиниринги насли нав амалӣ карда мешаванд. Масалан, агар ҳамаи воситаҳои илмии менеҷменти инноватсионӣро 100 % гӯем, пас айни замон ташкилотҳо на зиёда аз 10 % воситаҳои илмиро истифода мекунанд. Дар амалия ҳалли мушкилотҳои калони стратегӣ бе истифодаи ин олотҳо ғайриимкон аст.

Чи тавре, ки олими амрикоӣ М. Хамлер қайд мекунад, «реинжиниринг ин бознигарии фундаменталӣ ва азнавлоиҳакашии пурраи равандҳои корӣ барои ноилшавӣ ба беҳбудшавии зуд дар нишондиҳандаҳои фаъолият ба монанди арзиш, сифат, хизматрасонӣ ва суръати рушд мебошад.

Ба ин нишондиҳандаҳо ғайр аз ин, рақобатпазирӣ, самаранокӣ, босуботӣ ва ояндадориро барои ташкилот, дар шароити гузариш ба бозор муҳим ҳисобидан мумкин аст.

Мафҳуми нисбатан васеъ ва комплексӣ аз соҳаи инкишофи ташкилот ин ислоҳоти (таҷдиди) фарогирандаи ҳама ҷабҳаҳои фаъолияти корхона, аз ҷумла: техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахборӣ, идоракунӣ ва ғайра мебошад. Самти аввали инкишофи комплексии ташкилот дар маҷмӯъ бо такмили сохтори ташкилӣ ва усулҳои ташкили ҷараёнҳо ба мақсадҳои асосии реинжиниринг дохил мешаванд. Қисмати муҳими иҷрои ин корҳо истифодаи усулҳои илмии менеҷментӣ инноватсионӣ мебошад.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ корхонаҳои муосир дар фаъолияти худ бештар ба принсипҳое, ки Адам Смит дар асари пойдевории худ «Некӯаҳволии миллатҳо», ки соли 1776 чоп шуда буд, истифода мекунанд. Ҷараёни истеҳсолиро А.Смит ба фаъолиятҳои алоҳида корҳои оддӣ ҷудо намудааст ва дар ин ҳолат аз коргар донишу малакаи баланди касбӣ барои иҷрои пурраи кор талаб карда намешавад ва вазифаҳои оддиро бояд дар алоҳидагӣ як коргар иҷро намояд. Барои коргар зарур буд, ки вай барои иҷро кардани як ва ё якчанд амалиётҳои оддии махсусгардонида шуда омода бошад. Лекин ин принсипҳои пешниҳод шуда дар ҳолати истеҳсолоти маҳсулоти якхелаи сершумор, ки бо қувваи коргарони зиёди малакаи пасти касбӣ дошта ва таҷҳизоти соддаро истифода баранда фаъол мешаванд.

Принсипҳои дар замони А.Смит фаъоли буда ба талаботҳои саноати муосир ҷавобгӯ шуда наметавонанд.

Якум, маҳсулот дар замони ҳозира асосан ба гурӯҳҳои алоҳидаи истеъмолкунандагон нигаронидашуда         мебошад.

Дуюм, иҷрокунандагон (истеҳсолкунандагон) бояд дониши мукаммал дошта бошанд ва масъулиятро ба душ гирифта барои ҳалли дар асл масъалаҳои мушкил равона созанд. Сеюм, бозори маҳсулот дар замони ҳозира хеле васеъшуда рақобат ва мубориза барои истеъмолкунанда пурзӯру шиддатнок гардидааст.

Аксари корхонаҳою ширкатҳое, ки бо таърихи тӯлонии хазинадорӣ дар бозор беташаббусанд ва ба ғояҳои кӯҳнаи идоракунӣ такя мекунанд. Ҳоло бошад, усулҳои ташкили соҳибкории муосир рафтори нави муносиб ба бозорро талаб мекунад, ки ба таври пурра афзалиятҳои технологияи навин ва захираҳои инсонӣ истифода шаванд. Ин рафтор, муносибат ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун асоси инжиринги бизнес-ҷараён баромад мекунад. Самти муҳим ва асосии инжирингро реинжиринг ё бозсозии корхонаҳо, ташкилотҳо, ширкатҳои амалкунанда ташкил медиҳад.

Реинжиринги бизнес-ҷараёнҳои корхонаҳо дар ҳолате амалӣ гардонида мешаванд, ки зарурияти қабули қарори асосноккардашуда оиди азнавташкилкунии фаъолият ба миён меояд. Яъне дар ҳолате, ки корхона масъалаҳои аз нав ташкил додани фаъолияти соҳибкорӣ, иваз намудани сохтори идоракунӣ, пиёда кардани лоиҳаҳои инноватсионӣ ва ғайраро ба мадди аввал мегузорад. Корхонае, ки барои дар бозор ҷой ва мақоми худро нигоҳ доштан мекушад бояд технологияи истеҳсол ва усулҳои ташкили ҷараёнҳои кориро доимо такмил диҳад.

Дар ин ҳолат корхона ба консалтинг муроҷиат мекунад, чунки вай ба таҷрибаи гузашта, мубоҳисаи қарорҳои таёр кардашудаи маъқул дониста шудаи мутахассисон, усули қиёсӣ, муқоисаи андешаҳо асос ёфтааст. Инчунин фаъолияти муҳандисиро низ ҳам чун роҳи алтернативӣ истифода кардан мумкин аст. Чунин рафтор барои гирифтани натиҷа дар шароити риоя намудани қоидаҳо ва усулҳои истифодабарии воситаҳои реинжиринг кафолат медиҳад. Вай барои назорати ба пуррагӣ назоратшавии қарорҳои пешниҳодшуда ва баҳодиҳии сифати онҳо имконият медиҳад.

Реинжиринг ҳамчун тарзи нави дарки азнавташкилкунии ҷараёнҳои корӣ барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди фаъолияти корхона, аз он ҷумла, паст кардани арзиши аслӣ, боло бурдани сифати маҳсулот ва хизматрасониҳо баромад мекунад.

Дар заминаи ибтидоии реинжиринг дар назди корхона ҳалли масъалаҳои интихоби мақсад, маром ва роҳҳои ба даст овардани натиҷаи фаъолият меистад. Аз ин лиҳоз мутахассисони корхона бояд қоидаҳои ҷорӣ ва ташкили фаъолияти соҳибкориро, ки ба пешбурди кор монеъа мешаванд, таҷдиди назар кунанд.

Реинжиринг аз нав ташкилкунии қатъии низоми амалкунандаро, ки дар асоси он комилан усулҳои нави иҷро кардани корҳо мефаҳмонад. Вай дар ҳолатҳое истифода карда мешавад, ки дигаргуниҳои куллӣ ва болоравии якбора зиёди (500-1000% ва зиёдтар) нишондиҳандаҳои фаъолияти ширкат бо роҳи иваз намудани усулҳои кӯҳнаи идоракунӣ ба усулҳои навин.

Метавон се шакли ширкатҳоро ҷудо намуд, ки дар онҳо реинжиринг зарур ва ба мақсад мувофиқ мебошад:

Якум, ширкатҳое, ки дар ҳолати муфлисшавӣ қарор доранд. Ин ҳолат бо сабаби нисбатан аз рақибон баланд будани нарх ва пастбудани сифати молҳо, хизматрасониҳо бар меояд. Агар ин шакл ширкатҳо реинжирингро истифода набаранд онҳо ногузир муфлис мешаванд.

Дуюм, ширкатҳое, ки дар лаҳзаи ҳозира мушкилӣ надоранд, вале ногузирии пайдоиши проблемаҳои мушкил ҳалшавандаро вобаста, масалан бо пайдо шудани рақибони нав, тағйироти талаботҳои мизоҷон, тағйироти муҳити иқтисодӣ ва ғайраҳо пешбинӣ мекунанд.

Сеюм, ширкатҳое, ки дар лаҳзаи ҳозира проблемаҳои дар оянда пешгӯишаванда надоранд. Ба ин шакл ширкатҳои пешрафта, ки сиёсати самараноки маркетингиро пиёда месозанду аз вазъи он қаноатманд нестанд ва ният доранд бо ёрии реинжиринг ба нишондиҳандаҳои беҳтар соҳиб шаванд.

Ба ҳамин тариқ, вазифаҳои реинжиринг бо вазифаҳои инноватсия, яъне азхудкунии навовариҳо барои таъмини рақобатнокии маҳсулот ва дар бозор мавқеъи худро устувор кардан мебошад. Таҷрибаи истифодабарии реинжиринги бизнес-ҷараён нишон медиҳад, ки вай на танҳо зарур аст, балки усули муҳими фаъол гардонидани фаъолияти инноватсионӣи ташкилоту корхонаҳо ба шумор меравад.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222