Главная / Без рубрики / РОМАНИ «ПАЛАТАИ КУНҶАКИ»

РОМАНИ «ПАЛАТАИ КУНҶАКИ»

РОМАНИ «ПАЛАТАИ КУНҶАКИ»

Мавзуи баҳс

Ягона романи Ф. Муҳаммадиев – «Палатаи кунҷакӣ» бо эпиграфи «Чароғи падаронро фурӯзон дор» оғоз меёбад ва аз 33 боб иборат аст.

Дар роман як ҳуҷраи бемористон, ки дар дохили он чаҳор кат гузошта шудааст, тасвир ёфтааст. Шахсони муолиҷашаванда ра- иси кумитаи назорати халқ Носир Аббос, нафақахӯр ва иштирок- чии ҷангҳои шаҳрвандию ватанӣ Ивонамак, коргар Каримҷонака ва филмбардор Иброҳимҷон Олимӣ мебошанд. Ҳамаи инҳо ду- чори сактаи дил шудаанд ва табиби ҷавон Алихон Зардодхон ба табобаташон машғул мебошад.

Баъд аз тасвири ҳуҷра – палата нависанда симоҳои дар ҳолати беморӣ қарордоштаро ба суҳбат медарорад. Ивонамак, Носир Аббос ва Каримҷонака аз норасоиҳои рӯзгор андеша ронда, сари мушкилоти он баҳс менамоянд. Насли ҷавон – Иброҳимҷони
27 – сола бодиққат баҳси онҳоро ба мушоҳида мегирад. Ӯ ба андешаҳои наслҳои калонсол розй мешавад ва онҳоро дар ботин ҳақ мебарорад.

Наслҳои калонсол камбудиҳои ҷомеаро бо дарду ҳасрат қабул менамоянд. Муҳокимаву мулоҳизаҳои Носир Аббос ва Ивонамаку Каримҷонака аз пешомади харобиовари ҷомеаи шӯравӣ дарак медиҳад. Яъне, андешаҳои онҳо аз муҳити танги як ҳуҷраи кунҷакӣ берун баромада, тамоми ҷомеаро фаро мегирад. Онҳо худ дар бистарӣ бемори қарор дошта, дар фикри табоба- ти дардҳои ҷомеа буданд. Ба қавли онҳо, ҷомеаро «камҳавсалагӣ ва коҳилӣ» фишор меоварад ва ин вазъият, асосан, ба шахсо- не иртибот дорад, ки дар вазифаҳои масъуланду «виҷдонашон, имонашон, инсофашон, ғайрату ҳамияташон[1] миёни чарб монда нопадид гаштаанд». Хусусан, Носир Аббос, ки вазифаи пурмасъ- улияти назоратиро ба уҳда дошт, чунин нобасомониҳоро борҳо мушоҳида намуда, ба хулосае омадааст, ки «ҳар як зараркунанда ҳам душман аст».

Ф. Муҳаммадиев дар солҳои 70-ум дар сохторҳои давлатӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ нобасомониҳоро ба мушоҳида меги- рад. Нависанда гӯё 20 – 25 сол пеш хатари барҳамхӯрии ҷомеаи шӯравиро пешгӯйӣ кардааст. Зеро сафи зиёнкорон рӯз то рӯз зиёд мешуд ва ин ҷиҳат чунин маънӣ дошт, ки оқибати Давла- ти Шӯравӣ дар хатар аст. Персонажҳои калонсоли «Палатаи кунҷакӣ» низ як вақтҳо дар сари вазифаҳои расмӣ буданд ва дар сохтмони ҷомеа заҳматҳо кашида, барои фарзандон шароити му- соид фароҳам оварданд. Акнун дар ҳолати беморӣ ҳама сарна- вишти хешро пеши назар меоранд. Онҳо бештар аз камбудиҳои ҷомеа, ки ба фаъолияти роҳбарҳо вобастагӣ доранд, баҳс менамо- янд. Ба ақидаи Иброҳимҷон: «Инсон, охир ҳамон аст, ки на фақат ғами хеш, балки ғами дигаронро низ хӯрад…

Агар дар вуҷуди навъи башар ҳамин чизи муқаддас, ҳамин нури пок намешуд, таҳаввулот намебуд, дар бадали ин даҳ ҳазор соли охир аз табари сангӣ то ба киштии атомӣ ё ракетаҳои кайҳоннавард намерасид, бешак».

Хатти

Романи «Палатаи кунҷакӣ» ду хатти сужет до- рад. Самти якум ба фаъолияти се насли авва-

аввали сужет ли одамон дар ҷомеаи сотсиалистӣ иртибот

дорад. Дар тасвири адиб инҳо шахсонеанд, ки

[1] Ҳамият — номус, нанг, ҳаё.

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Хатми Қуръон

Дар бораи хатми Қуръони карим дар намози таровеҳ дар байни мактабҳои фиқҳӣ ду нуқтаи назар …

222222222222222