Барномаи худопарасти ва ибодатҳо дар таърихи зиндагонии ин-
сон реша доранд ва ҳамзамон бо фитрати худоии ӯ барояш эҳдо гар-
дидаанд.
Ин барномаи худопарасти ва низоми ибодатҳо дар динҳои пеши-
ни илоҳӣ низ вуҷуд доштанд. Ба монанди фаризаи ҳаҷ, ки ёдгории ҳаз-
рати Иброҳим (ъ) барои пайравони дини мубини Ислом мебошад. На-
моз низ дар динҳои пешини илоҳӣ ба шакле вуҷуд дошт. Қуръон аз за-
бони паёмбарони пешин барпо доштани намозро дар чандин мавзеъ
накл намудааст. Худованд дар бораи фаризаи руза низ ҳаминро мегу-
яд, ки он дар динҳои пешин ҳам вуҷуд дошт, он ҷо ки мефармояд:
«Эй касоне, ки имон овардаед! Руза бар шумо фарз гардонида шуд,
хамон гуна ки бар гузаштагони пеш аз шумо низ фарз гардида буд, то
пархезгор шавед».
Худованд дар ин оят бо сароҳат мефармояд, ки руза аз кадимул-
айём роиҷ буда ва Худованд онро бар пайравони динҳои пешин низ
фарз гардонида буд.
Руза ибодате мебошад, ки одамони диндор аз дергоҳи таърих ба-
рои худсози ва наздики ба Худованд аз он баҳра мегирифтанд. Ҳатто
бутпарастон барои таквияти ҷанбаи рӯҳи ва сафои фикри ва зеҳнии
худ аз он истифода мебурданд. Бо вуҷуди он ки осор ва ривоятҳои во-
ридгашта дар мавзуи руза ҷойгоҳ ва аҳамияти онро дар назди динҳои
илоҳӣ аз гузаштаҳои дур собит месозанд, вале метавон гуфт, ки руза
ба миллат, гурӯҳ ва дине хос ва маҳдуд набудааст, балки он ниёзи фит-
рии тамоми мавҷудоти зинда мебошад, то гаҳ-гоҳе худро аз хурдану
нушидан ва дигар корҳо муддате нигоҳ доранд. Руза ибодатест, ки бо
таърихи фитрати инсон ҳамроҳ мебошад.
Вале шаклу микдори он рузае, ки дар миёни миллатҳои пешин ву-
ҷуд дошт, шояд аз фаризаи руза дар шариати Ислом фарк намоянд.
Ривоятҳо ва осори воридгашта дар ин бора гуногун буда, ғолибан аз
тафовути шакли ва микдории он аз рузаи моҳи Рамазон хабар ме-
диҳанд.
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …