Рӯза илова бар тазкияи нафс, парвариши рӯҳиёти нек ва ди-
гар фоидаҳои амики маънавие, ки дар бинои шахсият ва
пурбор намудани раванди худсозии инсон дорад ва илова
бар аҷру савобе, ки барои банда аз он ҳосил мешавад, ҳамчунин беҳ-
тарин барномаи беҳдоштй ва нусхаи (ретсепти) саломатии шахс низ ба
шумор меравад. Зеро дар натиҷаи пурхӯрй ва пайвастахӯрй дар ҷисми
инсон пасмондаҳои ғизой ва русуботи ҳазмногаштае бокй мемонанд,
ки ҷисм ва дастгоҳҳои полоишии бадан аз коркард, ҳазм ва ифроз (бе-
рун кардан)-и онҳо аз бадан аксаран оҷиз меоянд.
Ин пасмондаҳои ғизой ва русуботи ҳазмногашта пас аз муддатҳо
ба сурати чарбиҳо, холестерин, намакҳо, кандҳо ва дигар заҳрҳо дар
таркиби хун ва дигар мавзеъҳои бадан зиёд гашта, аз меъёри зарурй
боло мераванд. Дар натиҷа ҷисм короямй ва қобилияти фаъолиятро
то андозае аз даст медиҳад. Вакте кобилияти кории ҷисм поён рафт,
рӯҳ низ то андозае боландагии худро гум мекунад. Ҳамин тавр андак-
андак ҷисм пас аз муддатҳо муқовимат ва аз даст додани тавоноиҳои
кории худ ба бемориҳои гуногуне гирифтор мегардад.
Илми тиб имрӯз исбот намудааст, ки аксари бемориҳо дар нати-
ҷаи пурхӯрии доимй ва камтаҳаррукии ҷисмонй ба вучуд меоянд ва
гуруснагй ва ҳаракати бештари ҷисмонй муваффактарин роҳи дармо-
ни онҳо мебошад. Имрӯзҳо на танҳо барои бемориҳои рӯҳй гуруснагй
ва ё навъҳои парҳезро пешбинй менамоянд, балки барои бемориҳои
ҷисмй низ, ба монанди баланд шудани сатҳи холестерини хун, қанд,
чарбиҳо ва ғайра ин дармонро муассиртарин равиши (методи) табоба-
тй медонанд. Ин ҷост, ки фоидаи рӯза ҳамчун барномаи комили беҳ-
доштй ва нусхаи пешгирикунанда аз бемориҳои зиёде собит мегардад.
Зеро вакте одам рӯза медорад ва муддате аз хӯрдану нӯшидан худ-
дорй менамояд, ба ҷисми худ имконият ва фурсат медиҳад, ки ба кор-
кард, ҳазм ва ифрози он пасмондаҳои иой ва русуботи зиёдатй дар
бадан пардозад ва баданро то андозае аз онҳо пок ва тасфия намояд.
Дар китоби «Рӯҳи дини исломй» дар бораи фоидаҳои беҳдоштии
рӯза омадааст, ки ба василаи рӯза метавон бемориҳои зеринро муоли-
ҷа ва ҳамчунин аз гирифтор шудан ба онҳо пешгирй намуд:
1. Рӯза дар муолиҷаи ташаннуҷот ва нороҳатии меъда ва рӯдаҳо,
ки ҳамроҳ бо туршшавии тарашшӯҳоти зери меъда бошад, бисёр му-
фид аст.
2. Руза аз фарбехии зиёд ва афзоиши вазн ҷилавгирй мекунад.
3. Руза аз фишори хун, ки дар натиҷаи изтироботи рухй ва пур-
хурии зиёд ба вучуд омада бошад, пешгирй менамояд. Рузаи мохи Ра-
мазон барои ба эътидол даровардани фишори хун неъмат ва баракати
бузурге аст, ба хусус вакте инсон аз ҳад зиёд фарбеҳ шуда бошад.
4. Руза аз боло рафтани канднокии таркиби хун ва пешоб низ ҷи-
лавгирй менамояд. Зеро вакте чарбиҳои бадан кам шаванд, канди он
ҳам поён меояд. Руза ҳатто баъд аз кашфи инсулин ҳам яке аз бехта-
рин равишҳои муолиҷаи бемории канд мебошад.
5. Руза нороҳатиҳои тунд ва барчомонда (музмин)-и гурдаҳоро, ки
бо варам ва тарашшӯх, ҳамроҳ бошанд, муолиҷа менамояд.
6. Руза барои бемориҳои дил, ки бо варам ҳамроҳ бошанд, бисёр
фоида дорад.
7. Руза нороҳатй ва дарди барҷомондаи пайвандҳоро аз байн ме-
барад, ба хусус вакте ин дард дар натиҷаи фарбехй ва зиёд шудани
чарбиҳои бадан ба вучуд омада бошад. Аксари занон пас аз синни
чилсолагй ва зиёд гаштани чарбии баданашон ба дарди пайвандҳо ги-
рифтор мешаванд.
Бар ҳамин асос, дини Ислом дуст медорад, ки пайравонаш дар
ғайри мохи Рамазон низ чанд рузеро аз ҳар моҳ ва ё ба муносибатҳое
руза бидоранд ва ҷисман ва рӯҳан аз бахраҳои нек ва баракоти ин
барномаи худсозй ва бевдоштй истифода намоянд. Шахси рузадор,
воқеан ҳам, худро пас аз поёни мохи Рамазон то муддате сабук, солим
ва болида ҳис мекунад. Вакте чанд рузеро аз ҳар моҳ руза медорад, бо-
ри дигар чунин фурсатҳои муносиб ва имкониятро барои ҷисму рӯҳаш
фароҳам месозад, яъне ба парвариш ва бевдошти худ мепардозад.
Дар зарфи як моҳе, ки бар асоси барномаи мохи Рамазон зиндагй
мекунад ва хурду хурок ва фаъолиятҳои ҷисмии худро ба танзим мео-
варад, кори тамоми бадан, дастгохи гувориш (меъда), дил ҷигар ва…
дигар мешавад. Ҳаҷми дастгохи гувориш то андозае ба меъёри табиии
худ бармегардад. Бинобар ин, пас аз поёни мохи Рамазон бояд меъёри
муайянеро дар хурду хуроки худ риоя намояд. Зеро истифодаи аз ан-
доза зиёди маводи иой дар ин ҳолат ба дастгохи гувориш осебҳои
сахте ворид менамояд.
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Барномаи ғизои ва тарбияи ҷисмӣ дар Ислом
дар баробари ин ҳама бахрахои маънавй, баракоти рухй ва фоидахои бехдоштие, ки рӯза барои шахси …