Главная / Илм / РӮЗАИ НАЗР

РӮЗАИ НАЗР

Калимаи назр дар луғат ба маънои воҷиб гардонидани чизе ва ё коре бар худ барои тақарруб ба Худо аст, ба монанди ягон ибодат, садақа ва ғайра. Шариати Ислом низ ин маъноро таъйид намуда, назрро навъе паймон дар миёни банда ва Худо ба шумор меоварад ва вафо ба онро бар банда воҷиб медонад. Куръони карим дар ин бора мефармояд: «Ва ба назрхояшон вафо намоянд…». Бар ҳамин асос, шахс метавонад намоз, рӯза, эътиқоф, садақа, забҳи чорво ва дигар корҳои шаръан қурбатро барои Худо назр намояд, яъне анҷоми онҳоро бар худ воҷиб гардонад. Дар таълимоти исломи ба пойбанди ба паймонҳо ва вафо ба назр
ба қадре тавсия ва таъкид гардида, ки вафо ба он дар радифи дигар фароизи дини қарор дода шудааст. Дар китобҳои ҳадис ва фиқҳ бобе дар мавзуи назр кушода шуда ва ҳатто дар мавридҳое ба вафо ба назрҳои иҷронашудаи даврони ҷоҳилият ва он корҳое, ки пеш аз Ислом назр шуда ва бо сабабе вафоношуда боқӣ монда буданд, амр шудааст. Қуръони карим мефармояд: «Ҳар нафақаеро харҷ намоед (ва) ё ҳар назреро бар худ воҷиб гардонед, Худо онро медонад ва золимонро ҳеҷ ёваре набошад». Ривоят шудааст, ки пас аз фатҳи Макка вақте Расули Худо (с) аз Ҳунайн баргашт, Умар (р) гуфт: «Эй Расули Худо (с), ман дар (замо-
ни)  назр карда будам,, ки – ва дар ривояте – рӯзе дар Мсулҳаром эътиқоф Фармуд: Ба вафо кун».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222