Ҳарчанд охири солҳои 70-ум ва нимаи аввали солҳои 80- ум дар мамлакат пешравиҳо ба амал омада бошанд ҳам, дар ҳаёти сиёси, иҷтимои-иктисоди ва маънави норасогиҳо ба назар мерасиданд. Сабабхои кафомони сохтори сиёсии мамлакат набуда, тарзи идоракунии он буд. Аксари мутахассисон акибимониҳоро ба сохти сотсиалисти вобаста медонанд. Тачрибаи яке аз калонтарин мамлакатҳои чаҳон Чин ин далелро рад мекунад.
Дар навбати аввал хизби коммунисти ба хатогиҳои чидди роҳ доданаш ба бӯҳрон гирифтор шуда, мақоми пешбарандагии худро ҳамчун ядрои сиёси аз даст дод. Дастгоҳи идоракунии ҳизбро бюрократизм фаро гирифта, дар шаклҳои роҳбарикуни ва равандҳои сиёси ба
камбудиҳои чидди роҳ доданд. Ба ҳамаи вазифаҳои давлати ва хочаги асосан аъзоёни хизб пешбари карда мешуданд. Барои ҳамин ҳар гуна шахсони тасодуфи, бесалоҳият ва мансабпараст ба ҳар роҳ ба хизб дохил шуда, сохиби мансабҳои калон мегаштанд.
Дар хизб принсипҳои демократи вайрон шуда, системаи бюрократии чори шуд. Мустакилияти ташкилотҳои поёнии хизб бекор гардида, тамоми фармонҳо аз боло бароварда мешуданд. Масалан, аз идораҳои боло фармон дода мешуд, ки чанд нафар зан ва ё мард ба сафи хизб қабул карда шаванд.
Роҳбарияти фармонфармои ба пастравии иктисоди сабаб шуд. Аз сабаби сиёсати нодурусти иктисоди Иттиҳоди Шӯрави ба истихрочкунандаи маводи хом табдил ёфт. Истеҳсоли маҳсулот дар ҷумҳуриҳо, аз ҷумла дар Точикистон ба сифр баробар шуд. Точикистон маъданҳои гуногун аз кабили тилло, нукра ва ғайраро берун аз сарҳад мебаровард. Тамоми маҳсулоти заруриро аз берун харида меовард.
Дар солҳои 70-ум Иттиҳоди Шӯрави бо мақсади беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисоди, мӯътадил намудани вазъи чамъияти-сиёси бо суръати баланд маводи хоми киматбаҳоро ба хорича мебаровард. Мувофики маълумотҳои омори агар соли 1960 ба хорича 18 млн тонна нефт содир
карда бошад, пас соли 1970 ин нишондод ба 137 млн тонна расид. Истихрочи газ аз 3,3 млрд-и соли 1970 то 68 млрд соли 1987 расонда шуд. (Известия.-1991.- 15 октябр). Ба ивази
содироти маводи сӯзишвори аз хорича молҳои мавриди эхтиёч, ва озуқа оварда, бо ҳамин васила талаботи рузафзуни аҳоли таъмин карда мешуд. Соли 1982 барномаи озуқавори кабул карда шуд, ки мебоист аҳолии мамлакат то соли 1990 бо озуқа ба таври мӯътадил таъмин карда мешуд. Аммо ситемаи маъмури-фармонфармоии бюрократи имкон надод, ки дар соҳаи кишоварзи ягон тағйирот ба амал биёяд.
Вазъи иқтисодии Точикистон аз дигар ҷумҳуриҳо тафовут надошт. Даромади миёна ба ҳар сари аҳоли аз 9,3% солҳои 1961-65 дар солҳои 1981-85 ба 3,1% фаромад. Маҳсулоти саноат муттаносибан аз 9,1 ба 4% маҳсулоти кишоварзи аз 9,1 ба 1,6%, ҳосилнокии мехнати чамъияти аз 7,8 ба 0,3, даромад ба ҳар аҳоли аз 2,8 ба 4,2 дар сад паст фаромад. (Народное хозяйство Таджикистана в 1985г.-С.84).
Чи тавре, ки дар боло қайд карда шуд, дар солҳои 60-ум ва солҳои минбаъда дар мамлакат дар бораи гузаронидани ислоҳот дар соҳаи иқтисоди чанди кушишҳо карда шуданд. Дар сохтори идораи давлати тағйиротҳо дохил намуда, ба воситаи пурзӯр намудани роҳбари дар иктисодиёт дигаргуни даровардани мешуданд. Солҳои 1961-1962 системаи
вазоратҳои соҳави ба Шуроҳои иктисоди иваз карда шуданд. Дар вилояту нохияҳо Шуроҳои намондагони халкиро ба Шӯроҳои намояндагони халкии шахрию деҳоти чудо намуданд. Яъне дар як худуди муайян ду ҳокимият амал мекард, ки яке ба деҳот роҳбари мекарду, дигаре ба шахр.
Дар соҳаи кишоварзи баъди чанд вакт ислоҳотҳо гузаронида шуданд. Дар солҳои 70-ум ба тарзи соҳави баргашта, дар як вақт шумораи вазорату ташкилотҳои роҳбарикунанда зиёд карда шуд. Масалан дар соҳаи кишоварзи дар баробари Вазорати кишоварзи боз вазоратҳои гушту шир, хӯрока, меваю сабзавот ва ғайраҳо ташкил карда шуданд. Дар солҳои 80-ум муттахид кардани комплекси кишоварзию саноати аз боло то поён гузаронида шуд. Лекин тамоми ин ислоҳотҳо вазъиятро боз ҳам бадтар гардонданд.
Ба вазъияти душвори иктисоди-молиявии мамлакат нигоҳ накарда, дар солҳои 80-ум дар Иттиҳоди Шӯрави шумораи вазорату идораҳои давлати зиёд карда шуд. Тахмин ба ҳар 5-6 нафар 1-тоги сардор рост меомад.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …