Главная / Илм / Сабр ва бурдбории Имом Абўҳанифа (р)

Сабр ва бурдбории Имом Абўҳанифа (р)

Сабр ва бурдбории Имом Абўҳанифа (р) ба ҳадде буд, ки онро зарбулмасал мезаданд. Имом Заҳабӣ аз Абдурраззоқ ривоят мекунад, ки ҳеҷ кас бурдбортар аз Абўҳанифа (р) надидаам. Дар масҷиди Хиф дар Мино назди ў нишаста будем, шахсе аз ў савол кард, пас ҷавоби ўро дод. Он мард гуфт: «Ҳасани Басрӣ раъйи дигаре дорад». Абўҳанифа (р) гуфтанд: «Ҳасани Басрӣ иштибоҳ кардааст». Он шахс дар ҳоле ки чеҳрааш барафрўхта шуда буд, гуфт: «Эй модар ба хато, мегўӣ Ҳасани Басрӣ иштибоҳ кардааст?». Мардум хостанд ўро бизананд. Имом Абўҳанифа (р) гуфтанд: «Мегўям Ҳасани Басрӣ иштибоҳ кардааст ва Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) дуруст мегўяд».
Ҳамчунин аз Язид ибни Кумайт ривоят мекунад, ки шахсеро дидам ба Имом Абўҳанифа (р) чунин носазо мегуфт: «Эй кофир, эй зиндиқ». Имом Абўҳанифа (р) гуфтанд: «Худованд туро бахшад. Худованд баръакси он чи ту мегўӣ, дар мавриди ман медонад».
Ин танҳо ду мисол аз сабр ва бурдбории Имом Абўҳанифа (р) мебошад ва ба қавли машҳур: «муште аз хирвор» аст.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222