Пардохти садакаи Фитр бар ҳар касе, ки дорои шароити зерин
бошад, фарз аст:
1. Мусалмон бошад.
2. Озод бошад.
3. Соҳиби нисоб бошад (ба ғайр аз махориҷи мавриди ниёз), яъне
шахсе ба он андоза молу сарват дошта бошад, ки баровардани закот
бар вай воҷиб гашта бошад ва ё агар чунин набуда, илова бар зарури-
ёти зиндаги ва эҳтиёҷот рузмарраи худ, чандон васоил ва имконоти
модди дар ихтиёр ва мулки хеш дошта бошад, ки арзиши онҳо баро-
бари саду чиҳил мискол нукра бошад. Бар як чунин шахсе садакаи
Фитр воҷиб мегардад, хох, моли тиҷорат бошанд ё не, сол бар онҳо гу-
зашта бошад ё не.
– Шахсе дорои хона ё васоиле аст, ки агар фурухта ва ё киматгу-
зорй шаванд, арзиши онҳо зиёд аст, вале худаш ба онҳо ниёз дорад, то
аз иҷораи онҳо зиндагиашро таъмин намояд ва васоил низ мавриди
эхтиёҷи худаш ҳаст, бар чунин шахсе садакаи Фитр лозим намешавад.
Аммо, агар ду манзил дошта бошад ва якеро ба иҷора диҳад, ҳарчанд
заруриёти зиндагии худро аз даромади иҷораи он бароварда созад
ҳам, садакаи Фитр бар вай воҷиб мешавад, зеро хонаи дуюм зиёда бар
заруриёти зиндагияш ба шумор меояд.
– Шахсе дорои васоил ва хонаи изофа бар заруриёти рузмаррааш
бошад ва дар айни ҳол карздор ҳам бошад, дар ин сурат баъд аз канор
гузоштани хиссаи карз, агар ба андозаи закот бокй бимонад, садакаи
Фитр бар вай воҷиб мешавад.
– Садакаи Фитр баъд аз дамидани субхи рузи ид воҷиб мешавад.
Бинобар ин, агар шахсе пеш аз дамидани субх, даргузарад ё баъд аз
дамидани субҳ ба дунё ояд, садакаи Фитр бар он ду воҷиб намешавад.
Тифле пеш аз дамидани субҳ ба дунё ояд, дар сурате ки падараш до-
рои шароити закот бошад, бар вай лозим аст, ки аз тарафи тифлаш
низ садакаи Фитр диҳад.
– Садакаи Фитр закоти саронае мебошад, ки шахси мусалмон бояд
онро аз ҷониби тамоми одамоне, ки дар зери кафолат ва сарпарастии
ӯ карор доранд, пардохт намояд. Бинобар ин, онро аз тарафи худаш,
фарзандони хурдсолаш ва хидматгоронаш, ҳарчанд кофир бошанд
ҳам, пардохт менамояд. Зан бояд худаш садакаи Фитрашро бидиҳад,
вале агар шавҳараш аз ҷониби вай онро пардохт намояд, ҷоиз аст.
Фарзандони хурдсол низ, агар дорои молу сарват бошанд, садакаи
Фитр аз моли худашон бароварда мешавад.
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Барномаи ғизои ва тарбияи ҷисмӣ дар Ислом
дар баробари ин ҳама бахрахои маънавй, баракоти рухй ва фоидахои бехдоштие, ки рӯза барои шахси …