Главная / Гуногун / Абуалӣ Ибни Сино ки буд? – китоб дар бораи таърихи ин табиб!

Абуалӣ Ибни Сино ки буд? – китоб дар бораи таърихи ин табиб!

ҲАКИМИ БУЗУРГ

Ҳазор сол мукаддам дар Бухорои Шариф марди нобиғае бо номи Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ҳаёт ба сар мебурд.

Ин номи тулонй монанди номҳои дигари шаркии онруза ба назар аҷиб намояд ҳам, дар таркиби он ҷузъи иримукаррарие нест. Андаке баъдтар маънои ном равшан хоҳад шуд.

Ибни Сино? Кист ӯ?

Духтурон мегуянд, ки ӯ шифокори бузург аст.

-Не, ӯ муначчим ва риёзидони машҳур аст, – изҳор медоранд олимони соҳаи риёзиёт.

Ҳамчунин, шоир ва нависандаи номист, – мегуянд адибон.

-Олими заминшинос ҳам ҳаст,- иди менамоянд заминшиносон.

-Мусикишинос ҳам ҳаст, – илова мекунанд ахли мусики.

– Файласуф ҳам, – арза медоранд файласуфон.

Ва ҳамаи онҳо дар сари даъвои худ ҳаканд.

hide-and-seekПас, ин марди ҳамвора саргардон, даме ҳокиму гоҳе вазир ва муддате банди калъаву зиндон кист?

Чаро баъди сад соли барзиёд аз вафоташ бо фармони мутаассибини дин осори фалсафии Ибни Сино дар майдони марказии Бағдод оташ зада шуд?

Вале чандсад сол сонитар дар Аврупо, баробари ихтирои дастгохи чоп, пас аз «Таврот», дафъатан панҷ ҷилди азими «Ал-конун фй-т-тиб»-ро мунташир месозанд, ки муаллифи он Ибни Сино буда дар Аврупо ӯро «Ависенна» ном мебаранд.

Кутубхонаҳои мусулмонй дар тамоми давраҳо осори ӯро боэхтиёт нигавдорй мекунанд ва ба кам андар кам одамоне рухсати дастрасии онҳо дода шудааст. То ҳол дар хусуси бисёр асарҳои ӯ танҳо ривояте медонему бас. Вале маълум аст, ки котибону хушнависон осори Ибни Синоро бо майлу рағбат ва диккати тамом нусхабардорй менамуданд. Дар кишварҳои мухталифи Аврупо тавассути дастгохи чоп онҳоро мунташир месохтанд, ба забонҳои гуногун тарчума мекарданд.

Мардуми Осиёи Миёна ҳамеша дар сифату ситоиши ӯ афсонаҳо мебофанду достонҳо месароянд.

Зимни даъвати Шурои Умумиҷаҳонии Сулҳ тамоми мардумони руйи замин ҳазораи зодрузи ӯро чашн гирифтанд*.

Хуллас, ин мард – Ибни Сино кист?

МуаллифВалерий Михайлович Воскобойников 

Давомашро дар ин саҳифа хонед >>>

Худи китобро яклухт аз ин саҳифа метонед бубинед >>> abuali-sino-tarix

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Қиссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун ҳоло, офтоб ҳар саҳар тулӯъ ва ҳар шом ғуруб мекард. …

222222222222222