Главная / Илм / Сармояи зеҳни ва моликияти зеҳни ҳамчун асоси рушди фаъолияти инноватсионӣ

Сармояи зеҳни ва моликияти зеҳни ҳамчун асоси рушди фаъолияти инноватсионӣ

Иқтисоди бозаргонӣ ташкили бозорҳои молҳои тавлидоти, воситаҳои истеҳсолот, сармоягузориҳо ва коғазҳои қимматнок, инчунин асъор, қувваи корӣ ва инноватсияҳои ба ҳамдигар алоқамандро талаб мекунад.

Бозори инноватсияҳо-ин бозори моликияти зеҳнӣ, бозорҳои муомилот оиди ба гузашткунии ҳуқуқҳо ба объектҳои моликияти зеҳнӣ мебошад.

intellektualnaja-sobstvennost

Яке аз шаклҳои муносибатҳои бозоргони дар соҳаи инноватсионӣ тиҷорати иҷозатномаҳо мебошад, ки дар солҳои 50-уми асри XX рушди босуръати он ба мушоҳида мерасад. Пеш аз савдои иҷозатномаҳо низоми патентии муосир ташкил ёфт, ки он асосҳои ҳуқуқии табодули дастовардҳои илмию техникиро муқаррар месозад. Савдои иҷозатномаҳо хусусиятҳои зеринро доро мебошад:

  1. Ҳангоми бастани созишномаҳои иҷозатномадиҳӣ ҳуқуқи моликият ба мавзӯи созишнома ба иҷозатнома (фурӯшандаи иҷозатнома) нигоҳ дошта мешавад, ба шарте, ки дар ин маврид патент фурӯхта нашавад;
  2. Хусусияти таъҷилии созишномаи иҷозатнома мушоҳида карда мешавад. Одатан давраи он аз 5-10 сол, баъзан 8-10 сол ва бештар аз 1-2 сол зиёд нест;
  3. Созишномаи иҷозатнома хусусияти минтақавӣ (ҳудудӣ) дорад, яъне барои кишварҳои алоҳидае, ки ҳуқуқи истифодаи иҷозатнома ё маҳорати дар асоси он ташкилшударо надоранд, истифодаи он манъ аст;
  4. Шартҳои махсус дар бораи «ноу-хау», ки ба ҳимояи патенти фаро гирифта нашудаанд, қайду шарт карда мешаванд. Мӯҳлати амали онҳо нисбат ба иҷозатномаҳо камтар буда 3-5 солро дар бар мегирад;
  5. Мубодилаи байни ҳамдигарии дастовардҳои илмию техникӣ оид ба такмилдиҳии объектҳои созишномаҳои иҷозатнома пешбинӣ карда мешаванд;
  6. Дар байни фурӯшандаи иҷозатнома ва харидори он шаклҳои махсуси ҳисоббаробаркунӣ истифода бурда мешаванд;

Аз нуқтаи назари таъмини ҳимояи ҳуқуқии холисона иҷозатномаро ба иҷозатномаҳои патентӣ ва бепатентӣ ҷудо намудан мумкин аст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои омехта» аз 13.11. соли 1998 726 ба ҳуқуқи асарҳои зерин дахл дорад:

  1. Ба асарҳое, ки муаллифони онҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ буда, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи зисти муқимӣ дорад;
  2. Ба асарҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст нашр мешаванд (бо ҳисоб гирифтани асарҳое, ки бори нахустин дар дигар давлат дар давоми 30 рӯз баъди таърихи нашри нахустинашон дар кишвар нашр мешаванд), ё худ нашрнашуда, вале дар шакли объективӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шаҳрвандӣ ё ҷои зисти муқимии муаллифони онҳо қарордошта;
  3. Ба асрҳое, ки онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчӣ онҳо ба ҳисоб мераванд, баҳри ҳимоя пешниҳод мегардад;
  4. Асарҳои зерин объекти дорои ҳуқуқи муаллифӣ ҳисоб карда мешаванд:
  • ҳуҷҷатҳои расмӣ (қонунҳо, қарорҳои судӣ, матнҳои дигари хусусияти қонунгузорӣ, маъмурӣ ва ва судидошта), инчунин тарҷумаи расмии онҳо;
  • нишону аломатҳои давлатӣ (парчам, нишон, орденҳо, пул ва ғайра);
  • хабарҳо дар бораи ҳодисаю воқеъаҳо, ки хусусияти иттилоотӣ доранд;
  • асарҳои эҷодиёти халқ.

Соҳиби ҳуқуқи муаллифии фавқулодда барои хабардор сохтан аз ҳуқуқҳои худ бояд аломатҳои ҳимоявии ҳуқуқи муаллифро истифода кунад, ки он дар як нусхаи асар гузошташуда, аз се унсур иборат мебошад:

  1. ҳарфи лотинии «С» дар доира;
  2. номи (номгӯйи) соҳиби ҳуқуқҳои муаллифии фавқулоддабуда;
  3. соли авали нашри асар.

Патентҳо -низ ҳамчун иҷозатномаҳои имконпазир ба ҳисоб мераванд. Маъмулан, патенткунонӣ аз ҷорӣ намудани дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолот ду-се сол пештар сурат мегирад. Моҳияти иқтисодии патент дар пешниҳод намудани инҳисорият (монополия) дар қаламрави худ аз тарафи давлат ба ихтироъкор барои истифодаи навоварӣ дар давоми 15-20 соло иборат мебошад.

Чун натиҷаи фаъолияти навоварона маҳсулоти зеҳнӣ (интелектуалӣ) баромад мекунад, ки онро ҳамчун натиҷаи фаъолият дар соҳаи истеҳсолоти маънавӣ барои қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагони он муайян кардан мумкин аст. Ба маҳсулоти зеҳнӣ дохил мешаванд:

  1. маҳсулоти илмӣ-техникӣ, яъне кашфиётҳо, ақидаҳо, консепсияҳо, намудҳо (маҳсулоти тадқиқотҳои бунёди), ихтироот, корхонаҳои илмӣ ва конструкторӣ, лоиҳа, намудҳои таҷрибавии техникаи нав, маснуоти нав;
  2. маҳсулоти ахборӣ-маҳсулоти барномавӣ, барномаҳои радио ва телевизион ва ғайраҳо;
  3. маҳсулоти маданӣ.

Ҳуқуқи муаллиф ба ихтироот, ақидаи илмӣ, коркардҳо, молҳои нав ё технологияи нав моликияти зеҳнӣ мебошад, ки аз тарафи давлат ҳимоя карда мешавад.

Ба моликияти зеҳнӣ бисёр хусусиятҳое, ки ба дигар намудҳои моликият хос аст ва ба ҳамин сифат хариду фурӯш, ба иҷора додан, ба ивази дигар моликият ё бебозгашт додани онҳо ҷоиз аст. Ғайр аз ин, соҳиби моликияти зеҳнӣ ҳуқуқ дорад, ки барои бе иҷозат истифода бурдан ё фурӯхтан монеъа эҷод кунад. Аммо фарқияти асосии ин моликият дар он зоҳир меёбад, ки моликияти зеҳнӣ ҳиснашаванда аст, яъне вай мисли ашёи физикӣ муайян ё қиёс карда намешавад. Барои моликияти зеҳниро ҳимоя кардан, онро ба ягон тарзи дарккунӣ ифода кардан зарур аст. Механизми ҳимояи моликияти зеҳнӣ, низоми усулҳо ва воситаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии дастгирии навовариҳоро дар назар дорад. Дар замони муосир шаклҳои асосии ҳимояи моликияти зеҳнӣ, ки истифода бурда мешаванд, инҳоянд: патент, ҳуқуқи муаллиф, аломати молӣ.

Патент ба ихтироот-ҳуқуқи муаллифро ба ихтироот, афзалияти ихтироот ва ҳуқуқи махсуси истифодабарии ихтироот шаҳодат медиҳад. Низоми патентӣ барои барҳамдиҳии инҳисорот дар соҳаи (истеҳсолот, илм ва техника) асоси ташкилӣ-ҳуқуқиро ба вуҷуд меорад, ҳарчанд дар назари аввал, шакли ҳимояи патентии комёбиҳои илмӣ-техникӣ ба тамоюли зиддиинҳисорӣ мухолиф аст, чун, ки патент ба соҳиби он барои истифода бурдани ихтироот ҳуқуқи инҳисорӣ медиҳад.

Патент ҳамчун мукофот барои вақт ва меҳнате мебошад, ки ба корҳои тадқиқотӣ сарф шудааст; вай барои тадқиқотҳои оянда ҳавасманд мегардонад, чунки рақибон кӯшиш мекунанд, ки ихтирооте ба вуҷуд оранд, ки ба ихтирооти аллакай патенткардашуда ҳаммонанд шавад; инчунин, вай навоварӣ ва инноватсияҳоро ба ихтирооти патенткардашуда ҳавасманд мекунад.

Маҳдудияти мӯҳлати амали патент ҳамчун ҳавасмандии ҷамъиятиро ба ихтироот баланд мекунад, инчунин, вай ба зуд тиҷораткунии онҳо мусоидат ва ҳамин тавр, барои онҳоро зуд ба хизмат гузоштан, кумак менамояд.

 

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222