Главная / Маданият ва санъат / Афсона дар бораи “Себ”

Афсона дар бораи “Себ”

Дар канори роҳ як дарахти себ қомат афрохта буд. Писараке дар сояи дарахти себ нишаст, то ин ки аз офтоби сӯзон паноҳ барад. Дарахт шохашро афшонду як дона себ афканд.

Писар хурсанд шуд. Себро хӯрд. Аҷаб ширину хуштаъм буд он!

– Раҳмат ба ту, дарахти меҳрубон! Ба некиат неки карданиам. Чи мехоҳӣ? – гуфт писарак.

– Ту хурсанд шуди, раҳмат гуфти, ҳамин кифоя, – ҷавоб дод дарахт.

Дарахти себ ва писарбача расм

  • Бо вучуди ин ба некиат ҷавоб додан мехоҳам.
  • Ин тавр бошад, ба одаме, ки маро шинонду нигоҳубин кард, низ раҳмат бигӯ,- гуфт себ.

 

Ба одаме, ки туро шинонду нигоҳубин кард, ташаккур,- гуфт писарак.

Ин лаҳза дарахт боз як дона себ партофт.

Писарак ин себи шаҳдборро низ нӯши ҷон кард ва гуфт:

– Раҳмат гуфтан кам аст, дарахти меҳрубон. Бигӯ, ки чӣ кор кунам, то аз хотири ту фаромӯш нашавад?

Афсонаи себ дархат

– Ман ба ту чанд дона мева медиҳам. Себҳоро ба ҷӯраҳоят бурда бидеҳ,- гуфт дарахт ва боз якчанд себ ба писарак афканд.

Писарак себҳоро ба ҷӯраҳояш бурд. Бачаҳо себҳоро хӯрда, ба писарак раҳмат гуфтанд.

– Ман ба ту чанд дона мева медиҳам. Себҳоро ба ҷӯраҳоят бурда бидеҳ,- гуфт дарахт ва боз якчанд себ ба писарак афканд.

Писарак себҳоро ба ҷӯраҳояш бурд. Бачаҳо себҳоро хӯрда, ба писарак раҳмат гуфтанд.

daraxti-seb-3

– Ба шахсе, ки ин дарахтро шинонда нигоҳубин кардааст, низ ташаккур бигӯед,- гуфт писарак.

– Магар ин дарахт аз шумо нест? – пурсиданд бачаҳо

  • Не, аз мо нест. Дарахти себ дар канори роҳ танҳо аст.
  • Себаш бомаза будааст, – гуфт чурааш.
  • Мо ба ивази некии дарахт бояд амале кунем, ки дарахт ҳам аз мо миннатдор бошад.
  • Ёфтам, – нидо кард нафаре.
  • Чй ёфтй? – пурсид писарак.
  • Ту гуфтй, ки ӯ танҳо аст.
  • Бале.
  • Мо тирамоҳ ё аввали баҳор дар паҳлуи вай ниҳолҳои дигар мешинонем, – чавоб дод чурааш.
  • Исак Нютон ва себ аз дарахт ба сараш афтодананаш

Фикри хуб, – гуфт писарак.

Пас аз чанд сол аз ду чониби роҳ дарахтони зиёди мевадор қад афрохтанд. Касе намедонад, ки ин дарахтонро ки шинонда ва парвариш кардааст. Вале ҳама медонанд, ки дар сояи онҳо нишаста, меваашонро чашида, ба ки ташаккур гуфтан зарур аст.

ОХИР

Муҳаррир – Н. Салоҳиддинзода

Мусаҳҳеҳ -М. Саидова

Муҳаррири техники- З. Саъдуллоев

Рассом-З. Давлатшоева

Тарроҳон: Ф. Мирзоалиева,В. Казберович

 

Муаллифи китоби мазкур ба Оҷонсии ИМА оид ба Рушди байналмилали (USAID) ва Фонди Оғохон барои дастгирии молиявиашон дар нашри ин китоб миннатдории худро изҳор менамояд.

Китоби мазкур дар доираи лоиҳаи «Робитаҳои иқтисоди ва идтимои: сохтори молияви барои рушди соҳаҳои гуногун дар Тикистон» ба нашр расидааст.

Ба чоп 12. 09. 2019 идозат дода шуд.

Андозаи 60х84 1/8. Коғази офсет. Чопи офсет.

Чзъи чопи 1,5. Адади нашр 7900 нусха.

Супориши № 122/2019

Муассисаи нашриявии «Маориф»-и
Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Тикистон,
734024, ш. Душанбе, чаи Аҳмади Дониш, 50.

Тел.: 222-14-66

E-mail: najmiddin64@mail. ru

Дар матбааи ЧДММ «Офсет» ба табъ расидааст.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

pir

Пири бераҳм – ҳикоя аз Кароматуллоҳи Мирзо

Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз …

222222222222222