Главная / Илм / Шаби Қадр

Шаби Қадр

Дар мохи Рамазон шабе ҳаст бо номи шаби Қадр, ки дар назди
Худованд аз ҳазор моҳ бехтар ва боарзиштар аст. Шабе, ки дар миёни
осмону замин ва башарият бо олами улви ва фариштагон робитаи бе-
воситае барқарор гардид ва Қуръони карим бар калби поки ҳазрати
Муҳаммад (с) нозил гардид. Шабе, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии но-
такроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукух, ҳар-
гиз надида буд. Дар он шаб нузули Қуръон бар дили поки охирин па-
ёмбари Худо ооз гардид.
Донистани қадру азамати он шаб барои хелеҳо муяссар намегар-
дад. Дар он шаб фариштагони Худованд ва ҳазрати Чабраил (ъ) ба-
рои ҳар коре бо амри Парвардигорашон фуруд меоянд ва то дамидани
субх, дар он шаб нуру баракат ва салому осоиш ҳукмфармост. Худо-
ванд мефармояд:
«Мо ин (Қуръон)-ро дар шаби Қадр нозил фармудем ва ту чи дони,
ки шаби Қадр чист? Шаби Қадр, бешак, аз хазор моҳ бехтар аст. Фа-
риштагон ва Рӯх, (Чабраил) дар он шаб барои хар коре ба амри Парвар-
дигорашон фуруд меоянд (ва) он (шаб) то дамидани субх, салому осоиш
аст».
Ин сураи Қуръон бо номи «Қадр» номгузори ва барои баёни фа-
зилатҳои шаби Кадр нозил гардидааст, шабе, ки алтофи бепоёни Пар-
вардигори олам бар бандагони рузадораш фуруд меоянд ва онҳоро
дар зери пушиши лутфу навозишҳои худ қарор медиҳад.
Дар ин сура ба чаҳор хусусият ва фазилати шаби Қадр ишора шу-
дааст: 1. Нузули Қуръони карим дар ҳамин шаб оғоз гардидааст, 2. он
шаб аз ҳазор моҳ бехтар мебошад, 3. фариштагон ва ҳазрати Чабраил
(ъ) дар он шаб барои анҷоми корҳои муайяне бо амри Парвардигор ба
замин меоянд ва 4. он шаб то саҳар дар сар то сари олами офариниш
садои салому дуруди офаридагони Худованд баланд мешавад ва дар
он то субх, нуру баракат ва амну осоиш ҳукмфармост. Шабест, ки дар
он шни ҳамагони дар сар то сари олам баргузор мегардад. 
Худованд шаберо бо ин азамат дар ихтиёри рузадорон карор до-
да, то омилҳои бако ва човидонагии номи нек ва саодату растагории
ду чаҳонро барои худ фароҳам намоянд. Шабе, ки аз ҳазор мох,, яъне
аз як умри одамй, ки бештар аз штоду се солро дар бар мегирад,
бехтар ва боарзиштар мебошад. Пас агар рузадоре дар умри худ чан-
дин шаби Қадрро бо тамоми маъно дарёбад, бегумон, хушбахттарин
одам ҳамон кас аст.
Шабе, ки баракоти он аз штоду се сол умри бо тоату ибодат
бехтар аст, чй расад ба умри беҳудаву пуч. Одамоне, ки умреро дар бе-
ҳудагй ва аз кафои корҳои ботил гузаронидаанд, бояд бештар бику-
шанд, то аз ин моҳ ва ин шаб хуб истифода намоянд. Шояд гузаштаи
худро дар зарфи як моҳ ва ё дар як шаб ва як чашм пушидан ҷуброн
намоянд ва дар пеши Парвардигорашон сарбаланд гарданд.
Шабе, ки агар банда кадри онро бо истифода аз баракоти маъна-
виаш дарёбад, фардои он барояш рузи нав ва ҳаёти дигар аст, ба гуф-
таи Саъдй:
Муборактар шабу хуррамтарин рӯз,
Ба истикболам омад бахти пируз.
Дуҳул зан, рав башорат гӯ ду навбат,
Ки душам кадр буд, имруз навруз!
Оиша (р) мефармояд, ки «Паёмбар (с) даҳ рӯзи охири моҳи Рама-
-зинда
дошт ва аҳли худро низ бедор месохт ва аз наздикии заношавуарй кано-
ра меҷӯст .88
Шаби Қадр дар яке аз шабҳои токи даҳ рузи охири мохи Рамазон
мебошад. Паёмбар (с) мефармояд: «Онро дар шабҳои тоци даҳ рӯзи охи-
ри моҳи Рамазон бицӯед».89 Ҳикмати ба таври дақиқ муайян нагаштани
он шаб дар он аст, ки бандаи муъмин тамоми он дах, шабро дар зикру
ибодат ба сар барад ва ба хотири он як шаб даҳаи охирро пурра эҳё на-
мояд. Шояд яке аз хикматҳои суннат будани эътикоф дар дах, рузи охи-
ри мохи Рамазон низ ҷидду чавде барои эҳёи даҳаи охири он бошад.
Кали роҷеҳ дар назди донишмандон он аст, ки дар шаби бистуҳаф-
туми Рамазон будани шаби Қадр ба якин наздиктар аст. Ибни Ҳаҷар
дар «Фатҳулборй» пас аз баррасй ва зикри тамоми ривоятҳо ва нукта-
назароте, ки дар бораи шаби Қадр вучуд доранд, мегуяд: «Роҷеҳтари-  

«Дар он шаб тамоми корхо (и бузург) таксим ва аз хам чудо сохта
мешаванд».
Дар он шаб тамоми корхои хакимонае, ки инсонро ба саодат бира-
сонанд, аз сӯи Худо баён ва мукаррар гардидааст ва дар он усул ва поя-
хои дини чахонии Ислом гузошта шудааст. Гузашта аз ин, дар ин шаб
сарнавишти яксолаи афрод, миллатхо, давлатхо ва нажодхо муайян ме-
гардад, балки такдири тамоми халоик ва хакоик рехта мешавад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222