Главная / Илм / ШАРИАТИ ИСЛОМ

ШАРИАТИ ИСЛОМ

СОХТОРИ ШАРИАТ. Шариат (аз калимаи ара. шаръ-шараъа – роҳи рост, дуруст, қонун, қоида ва расму русуми ҳатмй) маҷмӯи муқаррароту муносиботи байни одамон, қоидаву маносики иҷрои маросимҳои мазҳабй, ҳуқуқи шаҳрвандй, ҷиной ва сиёсии мусалмонҳо мебошад, ки пеш аз ҳама дар заминаи Қуръон ва суннат муайян шудааст. Дини ислом на танҳо масоили соф ибодату парастиши худо, балки тамоми соҳаи ҳаёти ҷамъияти- ҳуқуқ, иҷтимоиёт, сиёсат, ахлоқ, маишатро дар бар мегирад ва барои онҳо қонун вазъ кардааст. Аз ин рӯ ислом на танҳо дин балки дастур ва тарзи зиндагӣ низ мебошад. Шариати ислом рӯи чаҳор рукн: ибодат, муомилот, ҳудуд ва имомату хилофат (ёаҳкоми султонӣ -сиёсӣ) устувор аст.

Шариати ислом аз системаҳои дигари қонунгузории динии ғарбию шарқӣ фарқ дорад. Дар он ҳам масоили мазҳабӣ- амалияи динӣ, ки китоби ибодат ном дорад ва ҳам умуру аҳкоми марбут ба муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ– китоби муомилот, ҳуқуқӣ- китоби ҳудуд ва аксар аз он масоили ахлоқӣ, одоби муошират низ мавриди баҳс аст.

Масъалаҳои назариявии шариат дар доираи илми фиқҳ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Умуман бояд таъкид кард, ки таърихан дар мавриди муайян намудани таносуби шариат ва фиқҳ байни уламои ислом ва ҳамчунин исломшиносӣ иттифоқи назар нест. Баъзеҳо ин ҳардуро ҳаммаъно ва як мешуморанд ва баъзеи дигар байни онҳо тафовут мегузоранд. Шариат ҳамон дастур ва роҳи рост (сиратул- мустақим), қонуни асосии ислом, ки дар Қуръон ва сунна мундариҷа аст. Фиқҳ (аз калимаи арабии фақаҳа-фаҳмиши амиқ, дониш) илмест, ки доир ба масоили шаръии ислом баҳсу барраси назарӣ ва оид ба усули истинботи аҳкоми шаръӣ роҳу равиш муайян намуда, такмилу татбиқи онро тибқи муқтазои замон пас аз вафоти Паёмбари он (с) таъмин намудааст. Дар мавриди илми фиқҳ баъдан муфассалтар таваққуф хоҳем кард, ҳоло бояд бубинем чор рукни номбурдаи шариат кадом масъалаҳоро дар бар мегирад.

Рукни аввал ибодат аст ва дар ин қисмати шариат аҳкоми ибодат: фарзу суннатҳои таҳорат, намоз, рӯза, маносики ҳаҷҷи Хонаи Худо баён шудааст. Дар шариати ислом аз ҳама бештар ба умури ибодат, алалхусус таҳорат-покию тозагӣ диққати махсус дода мешавад. Дар китобҳои ба умури шариат бахшидашуда, қисмати ибодат ва дар он боби таҳорат аз ҳама бузург мебошанд. Таҳорат дар ибодат ду навъ аст: таҳорати бадан ва либос (зоҳир) ва таҳорати қалб (ботин). Боби таҳорат дар ҳамин маврид ва чигунагии риъояти он, чизҳое, ки таҳоратро шикананд ва ғайра баҳс мешавад. Дар боби намоз фарзу суннатҳо, вақт, шароит, чигунагии адои намоз ва ғайра баҳс шудааст. Ҳамчунин аҳкоми рӯза ва шароити ҳаҷҷи Хонаи Худо дар ин боб омадааст.

Асли дуввуми шариати ислом муъомилот, ба истилоҳи имрӯз “ҳуқуқи шаҳрвандӣ”- муқаррарот, шарту шароит ва аҳкоми муносибатҳои оилавӣ, иҷтимоӣ иқтисодӣ, тиҷорат байни одамон мебошад. Масалан, шароити никоҳ ва талоқ, иҷора, хариду фурӯш (байъ), қарзу вадиъа, васияту мерос, ваколат, шароити хоҷагидорӣ (музориъа) ва обдиҳӣ (соиқа) аз ҷумлаи он корҳоест, ки ислом аҳкоми муайяне нисбат ба онҳо вазъ кардааст. Муъомилотро дар адабиётҳои шаръии исломи уқуд (бастани аҳду паймон) ҳам меноманд, ки иборат аз понздаҳ китоб аст.

Аслу пояи сеюми шариати исломи ал-ҳудуд ё ба истилоҳи имрӯза аҳкоми ҷиноӣ (соҳаи ҳуқуқи ҷиноӣ) мебошад. Ал-ҳудуд ин ҷо ба маънии ҳудудул-лоҳ, яъне ҳадду ҳудуди муайян кардаи Худо, ки аз он набояд таҷовуз кард, омадааст ва таҷовуз аз он ҷиноят ва ҷавобгарист. Ҷиноятҳое, ки дар боби ҳадд ва муҷозоти онҳо муайян шудааст иборатанд аз: дуздӣ, зино (алоқаи номашруи ҷинсӣ), роҳзанӣ, исён ва аз дин гаштан, (раддия), фоҳишагӣ (ал-бағӣ), лавотӣ (алоқаи ҷинсии ҳамҷинсӣ- гомоссексуалӣ), шурби хамр (майхорӣ) ва ғайра.

Тариқаи асосии муҷозот аз сангсор кардан, буридани ангушту даст, қамчин- дурра задан ва қатл бо шамшер ва ба дор кашидан мебошад. Масалан, барои дуздӣ буридани ангуштон ва даст, барои шурби хамр (шароб) қамчин задан, барои зино сангсор кардан ва барои гаштан аз дин қатл муайян шудааст.

Ниҳоят рукни чоруми шариати исломӣ имомат ва хилофат иборат аз аҳкоми сиёсӣ ё аҳкоми султонӣ- мебошад, ки шаклу моҳияти ҳукумати исломӣ, шароити ҳукумат ва роҳбарӣ, муносибат ба давлатҳои дигар, равобити хориҷӣ, шароити ҷиҳод, сулҳ, муносибат бо раъият ва ғайраро муайян мекунад. Муҳимтарин вазифаи шариати исломӣ дар ин боб ҳифзи давлату дин аст. Дар замони Паёмбар(с) ва Хулафои Рошидин (р) ва хилофати исломӣ ин рукнро «имомат ва хилофат» меномиданд, пас аз он «вилояти фақеҳ» (дар аҳли шиъа) ва «аҳкоми султонӣ» дар аҳли суннат.

Ин аст он чаҳор рукн ё қисмати шариати ислом, ки ислом бар он росту қоим аст. Шариати ислом аз гаҳвора то гӯр барои тамоми ҷузъиёти ҳаёту фаъолияти инсон қоидаву қонун, нормаҳову муқаррароти зарурӣ вазъ кардааст.Чунон ки гуфтем, дар ин байн қисмати ибодат аз ҳама қисмати такмил ёфта ва бузурги шариат аст, вале қисматҳои муомилот, ҳудуд ва аҳкоми султонӣ чандон мукамал нестанд ва аҳкоми он низ қатъӣ ва тағирнопазир намебошанд, балки ин аҳком аксар ҳукми “қавоиди омма” ва дастуроти “заннию истидлолӣ” яъне усули куллии ҳаллу фасли масъаларо дар бар мегирад. Чунки ҳаёти ҷамъиятӣ, собиту доимӣ нест ва ҳамеша дар тағйиру таҳаввул аст аз ин рӯ дар ин се қисмат шариати ислом ва ҳамчунин дар Китоб ва Суннат ҷой ва имкон барои ҳалли масоил тибқи шароит ва муқтазои замонро гузоштааст. Яъне ҷазмиёт, яъне муқаррарот ва аҳоми тағйирнопазир аксаран дар қисмати илоҳиёт ва ибодати ислом аст, на дар қисмати умури зиндагӣ ва ҳаёти иҷтимоию иқтисодии он.

Хулоса, дар тӯли зиёда аз чаҳордаҳ аср шариати ислом барои мусалмонон ягона қонун ва дастури зиндагӣ, заминаи муносибатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва ғайра ба шумор мерафт. Танҳо аз охирҳои асри 18-ум ва ибтидои асри 19-ум сар карда олами исломӣ ба олами масеҳии ғарбӣ аз наздик рӯ ба рӯ шуд. Баъдтар дар асари гирифторӣ ба доми мустамликадорӣ ва таъсиру фишори системаи сармоядорию сутсиолистии ғарбӣ дар кишварҳои исломӣ тарзи зиндагӣ, қавоиду муқаррароти ҳуқуқӣ, низомӣ ва сиёсии ғарбӣ нуфӯз карда, дар соҳаи ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ҳуқуқи ҷиноӣ ва давлатдорӣ шариати исломро танг карданд. То охири асри бистум дар бисёре аз кишварҳои исломӣ нормаҳои ҳуқуқи ғарбӣ ва ё омехта (синтез)-и ғарбию исломӣ амал мекарданд. Ин ҳолат ҳанӯз ҳам дар кишварҳои собиқ системаи сотсиалистӣ ва шӯравӣ пой барҷост.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222