Главная / Илм / Шартҳои воҷиб гардидани рӯза

Шартҳои воҷиб гардидани рӯза

Дини Ислом тамоми ҳолатҳои гуногуни инсонро, аз кабили тан-
дурустиву беморй, марҳалаҳои синну солй, пириву ҷавонй, кудрату
тавоной ва аҷзу нотавонй ва ғайра дар вакти анҷоми ибодатҳо дар на-
зар гирифтааст ва онҳоро бар ҳама ба таври яксон воҷиб нагардони-
дааст, балки бар асоси таълимоти Ислом анҷоми тамоми ибодатҳо
пас аз фароҳам гардидани маҷмуаи шартҳое, ки аз ҷониби шариат
пешбинй шудаанд, бар банда воҷиб мегардад ва рузаи моҳи Рамазон
низ вакте бар банда воҷиб мегардад, ки шартҳои зерин дар вай фа-
роҳам омада бошанд. ин шартҳо бар се кисманд:
а) Шартхои воҷиб гардидани рӯза:
1. Ислом.
2. Булуғ (ба синни балоғат расидан).
3. Акл.
б) Шартхои вучуби адо:
4. Қудрати руза гирифтан.
5. Икомат (муким будан). 
6. Сиҳҳат (тандурусти).
7. Покй аз ҳайзу нифос барои занон.
в) Шартхои сих,хати руза:
8. Ният.
9. Дурй аз муфсидоти руза.
Се шарти аввал шартҳои воҷиб гардидани руза, чаҳор шарти баъ-
дй шартҳои вучуби адои руза ва ду шарти ахир шартҳои дуруст гар-
дидани он мебошанд.
Бинобар ин, гирифтани рузаи моҳи Рамазон бар кофирон, куда-
кони ба балоғат норасида, одамони аз акл бегона, беморони дармон-
да, пирони бемадор, шахсони мусофир ва занони дар ҳоли ҳайзу ни-
фос воҷиб намебошад. Ҳамчунин, касе нияти руза накарда бошад, рӯз
то бегоҳ гурусна бинишинад ҳам, он руза ба шумор намеравад. Зеро
дар баъзеи онҳо шартҳои вуҷуб ва дар баъзе дигар шартҳои сиҳҳати
руза таҳаккук наёфтааст.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222