Дар асри XIX ва аввали асри XX ду давлати бузург Англия ва Россия дар холати зиддияти душманона буданд.
Дар баробари ба рохи капиталисти дохил шудан, Россия ба Осиёи Миёна бештар диққат медодаги шуд, чунки капитализм бе забт кардани мамлакатҳои бегона таравди карда наметавонист.
Сиёсати мустамликазабткуни аз нав авч, гирифт. Инро ба назар гирифта, мутлакияти рус бо суръати тез ба забт кардани Осиёи Миёна сар карданд. То тирамохи соли 1873 кариб тамоми Осиёи Миёна аз тарафи Россия забт карда шуд.
Дар баробари Россия, ракиби вай Англия низ ба дарунтари Осиёи Миёна даромадан мехост. (Барои ин мақсад, сиёсати гуногуни забткуниро мегузаронид). Борҳо кӯшиш намудааст, ки хонигариҳои Осиёи Миёнаро бар зидди Россия бархезонад ва аз байни онҳо барои худ тарафдор пайдо кунад. Ҳамин тариқ, ҳар ду давлат сиёсати забткуниро пеш гирифта буданд.
Аммо дар историографияи буржуази, махсусан, историографияи англиси сиёсати забткоронаи Англияро рупӯш кардани шуда, чунин акидаеро бофта бароварданд, ки гӯё Россия ба империяи Британия дар Ҳиндустон тахдид мекарда бошад.
То солҳои 70-уми асри XIX тамоми ОсиёиМиёнааз тарафи Россия забт карда шуд. Баъди ин охирин нуктаи стратегие, ки диққати Россия ва Англияро ба худ чалб карда буд, нохияхои Помир ба шумор мерафт.
Ҳукумати подшохи барои забт намудани Помир, аз он чихат киш мекард, ки он нисбат ба давлатхои хамсоя дар мавқеи хуби стратеги чойгир буд. «Платсдарми Помир панохгохи табии барои мухофизат намудани Фарона бо мо мебошад», навишта буд, полковник Муханов (Муханов. Памирский район. -С.14).
Ғайр аз он, ба воситаи Вахону Бадахшон рохи калони савдо мегузашт, ки ба зери назорат гирифтани он бартарии Россияро дар рақобати савдо аз болои Англия таъмин мекард.
Мустамликадорони англис Помирро, хамчун
платсдарми мухими стратеги барои забт кардани тамоми Осиёи Миёна истифода кардани буданд.
Боигарихои Помиру Бадахшон хам барои Англия ва хам барои Россия ахамияти калон доштанд. Бадахшон макони лочувар ва лаъл буд.
Чунин чихатхои мухими нохияхои Помирро ба назар гирифта, ду даррандаи капиталисти кӯшиш мекарданд, ки пештар ин «луқмаи тайёр»-ро сохиби кунанд. Барои тақсими он дар байни Россия ва Англия дар солхои 1869-1873 як хатор гуфтушунидхо ба миён омаданд, ки дар таърих номи «Созишномаи 1873»-ро гирифтанд.
Созишномаи соли 1873 натичаи хуб надод. Мувофики он Вахон ба худуди Афгонистон хамрох карда шуда, тамоми Помир «Зонаи бетараф» шуморида шавад. Россия ӯхдадор мешавад, ки аз болои фаъолияти амири Бухоро назорат мекунад, Англия бошад, амири Кобулро назорат мекунад. Ду давлат мебоист шартхои созишномаро хатъиян риоя мекарданд ва ба низои байни амири Кобул ва амири Бухоро рох намедоданд. Аммо ин суханон фақат дар рӯи хоаз буданду халос. Аввалин шуда Англия дағалона созишномаи 1873-ро вайрон кардан гирифт. Дар натичаи таргибу ташвиқоти Англия дар соли 1883 Абдурахмонхон як кисми заминхои Помирро забт намуд. Бахона барои забткуни аз тарафи ҳокими Шунон Юсуф Алишо _нағз пазирои карда шудани ботаники рус Регел Э буд. Уро дар он айбдор мекунанд, ки гӯё манфиати Афонистонро ба назар нагирифта бошад. Барои ҳамин Юсуф Алишо дар Кобул ба чазо расонда мешавад. Абдурахмонхон сабаби кушташавии ҳокимро чунин шарҳ додаст: «Бетартибиҳои Юсуф Алишо дар худуди афон ба чонам расонданд, бинобар ин, дер ё зуд ӯро бояд чазо медодам» (Элчибеков К. Новый материалы по истории Шугнана // Изв. АН. Отд. общ.наук.-вып.2.-1973.- С.10).
Аммо амири Кобул дар ин чо даъвои нодурустро ба миён гузоштааст, зеро ки Помир то соли 1883 кисми таркибии Афонистон ба шумор нарафтааст. Ҳукмронии афонҳо дар Помир давраи тиратарини таърихи мардуми ин чо ба шумор мерафт.
Аҳолии зулму истисмори даштнокро аз сар мегузаронд. Қисми зиёди аҳолии ба чунин азобу укубат тоб наоварда ба Фарона гурехтанд. Халки Помир борҳо бар зидди истисморгарон ба мубориза бар хестанд, вале хар дафъа шикаст мехурданд.
“Афгонхо – суннихо” андозро инчунин, барои он зиёд мекарданд, ки шиаҳоро бехудо меномиданд. Ҳама чизро кашида мегирифтанд… Баъзе сокинон ба ин тоб наоварда, ба Фарнаву Сарикул мерафтанд (Серебренников Г. Очерки Памира. Военный сборник.- 1898.-№10.-С. 465).
Аҳоли ба афгонхо бо назари бадбини нигоҳ мекарданд. Тирамохи соли 1883 Вахон ва Шуғнонро шуриш фаро гирифт. Ҳокими Бадахшон Абдуллохон ба ёрии ҳокими Шунон 500 аскарро мефиристад. Шуришгарон бошанд 2 нафар, Муҳаммад Носир ва Назарбекро ба пеши русҳо мефиристанд, то ки аз онҳо мададе чуянд, вале русҳо талаби онҳоро рад мекунанд. Дар натича шуриш шикаст мехурад.
Кирдори оратгаронаи Англия мутлакияти Россияро низ мачбур сохт, ки дар бораи масъалаи Помир фикр кунад. “12- январи соли 1892 дар Петербург маҷлиси машваратии вазорати корҳои хоричи бо иштироки сардори штаби генерали шуда мегузарад. Мувофики карори гурӯҳи разветкачиён бо сардории поручик Буржиский 3-юми феврал ба Помир фиристонида шуданд. 15-ум ва 29-уми апрели соли 1892 доир ба масъалаи Помир боз маҷлиси машварати даъват карда шуд. Ба Помир ин дафъа як баталион иборат аз 3000 казак ва 4 туп фиристонида мешавад”. (Искандаров Б. Восточная Бухара и Памира во второй половине Х1Х в.-Ч.1.- С. 260). Аз 2-юми июни соли 1892 походи Ионов ба Помир сар мешавад. Дар давоми походи дусолаи полковник Ионов кисми зиёди Помири ғарби аз афонҳо озод карда шуд.
Бо омадани русҳо харакати озодихоҳонаи точикони Помир низ авч, мегирад. Халки маҳалли аз ҳар чихат русҳо ёрдам мерасониданд. Сабабҳои наздикшавии халки Помир ба русҳо аз инҳо иборат аст:
Дар худуди Помир аз давраҳои кадим хонигариҳои майда вучуд доштанд, ки дар байнашон низоҳои доими мавчуд буданд. Хабари ба Россия ҳамроҳ шудани Фарона ва барҳам хӯрдани зиддиятҳои байни феодалиро шунида, халки Помир ба хулосае омад, ки дар зери ҳукумати русҳо истодан беҳтар аст.
Халки Помир боварии комил дошт, ки русҳо
хонигарии пур аз азобу укубатро барҳам медиҳад.
Давраи ҳукмронии афгонҳо барои халки Помир хеле вазнин буд. Онҳо азобу укубатҳо зиёдеро дар хаққи халки “кофир” раво медиданд.
Муассисаҳои идоракунии русҳо нисбат ба тарзи идоракунии афгонҳо беҳтар буданд. Инро халқ аз аввал ҳис карда буд.
Халки Помир аз давраҳои кадим бо Фарона ва Бадахшон алоқаҳои иқтисоди дошт. Афонҳо инро вайрон карданд. То андозае авч, гирифтани алоқаҳои савдо дар Фарона ба халки Помир бетаъсир намонд. Махсусан, манъ карда шудани ғуломфурӯши, қатъ гардидани чангҳои байни феодали, озодии дин, ба тартиб даровардани системаи андоз ва гайра ба Помир таъсири калон расонидаанд.
Аз ин чост, ки отряди русҳо дар мубориза бар зидди афонҳо танҳо набуд. Ба фикри мо яке аз сабабҳои асосии
алабаи Россия амалёти якчояи отряди русҳо ва аҳолии маҳалли ба шумор меравад.
Муваффакияти русҳо дар Помир Англияро мачбур кард, ки рохи гуфтушунидро пеш гирад. То соли 1893 аз тарафи Россия масъалаҳои принсипиалии тақсимоти сарҳади муайян гардида буд.
Аз он чумла, дар мачлисҳои машваратии солҳои 18921893 аксарияти иштироккунандагон дарёи Панчро хати сарҳад шуморидаанд.
Масъалаи дигаре, ки дипломатияи Россияро ба ташвиш меандохт, бо рохи зури чудо кардани халки Помир буд. Дар сурати дарёи Панчро ҳамчун хати сарҳад кабул кардан, халки маҳалли бе гуфтугӯ мукобилият нишон медод. Барои рӯй надодани “воқеаҳои нохуш” Россия таклиф намуд, ки барои оромии пурраи ду давлати бузургро таъмин намудан, кушунҳои Европаро дар назди хати сарҳад мондан лозим аст. Англия ин таклифро қабул намуд.
Барои муайян намудани хати сарҳад комиссия иборат аз намояндагони чор давлат: Россия, Англия, Ҳиндустон ва Афонистон ташкил карда мешавад. “25-уми феврали соли 1895 шартномаи Англия ва Руссия баста мешавад. Мувофики он ба Афғонистон мулкҳои сохили чапи дарёи Панч, ва кисми чанубии Дарвоз дода, ба ивази онҳо Рӯшон, Шнон ва як кисми Вахон ба амири Бухоро дода шуданд. Қисми дигар Вахон, ки аз резишгохдои дарёи Панч, болотар чойгир буд, ба Афонистон гузашт. Бо ҳамин Англия Россияро ба воситаҳои мулкҳои борики Афон аз Ҳиндукуш чудо кард” (Искандаров Б. Асари номбурда.-С. 30).
Шартномаи соли 1895 ҳам мисли созишномаи 1872-1873 аз сиёсати мустамликадорони мутлакият сар зад. Шартномаи соли 1895 зиддияти пуршиддати байни ду давлати бузургро як қадар суст кард. Масъалаи заду хурди ду давлати бузурги капиталисти дар кимкучои нимраҳаи байни Сибир ва Ҳиндустон ҳал гардид. (К.Маркс ва Ф.Энгельс. Асарҳо.-Ч.2.- С.363).
Ҳамин тариқ, муборизаи байни Англия ва Россия барои забт кардани Помир бо ҳамрохшавии он ба Россия анчом ёфт. Халки Помир ихтиёран ба Россия ҳамроҳ гардид. Англия шикаст хӯрд.
Мутлакияти рус дар Помир низ усулҳо ва методҳои гуногун мустамликадориро ба кор мебурд. Аммо бо сиёсати мустамликадории мутлакият нигоҳ накарда, бар хилофи иродаи вай дар ин чо низ муносибатҳои моли – пули, муносибатҳои нави капиталисти тавлид ёфта, инкишоф меёбад. Муҳимтарани натичаи ҳамрохшавии Помир ба Россия якшавии такдири ду халқ мебошад. Ҳамрохшавии Помир ба Россия чангҳои байни хонҳои алохидаро барҳам дод.
Ҳамрохшавии Помир ба Россия дар чунин шароите мегузашт, ки Россия ба маркази ҳаракати революсиони табдил ёфта буд. Муборизаи якчояи синфи коргари рус ва мехнаткашони Помир ба ғалабаи револютсияи Октябр оварда расонд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …