Главная / Илм / ШИШИ СОЛИ 1916 ВА ВАЗЪИ СИЁСИИ ОСИЁИ МИЁНА

ШИШИ СОЛИ 1916 ВА ВАЗЪИ СИЁСИИ ОСИЁИ МИЁНА

25-уми июни соли 1916 императори рус Николаи II «Дар бораи сафарбарии мардҳои аҳолии маҳали тобехи империя ба кори сохтмони иншооти мудофиа дар маҳали урдуи амалкунанда ва ҳамчун барои анчоми ҳама гуна корҳои мудофияи давлат зарур» фармон баровард. Мувофики ин фармон бояд аз Туркистон 250-ҳазор нафар мардони аз 19 то 44 сола сафарбар карда мешуданд.
Фармон дар давраи ҳосилғундори баромада, сафарбаркунии кувваи кори ба ақибоҳ таъсири бад мерасонд.
Чанги чаҳони ба иктисодиёти Россия таъсири
харобиовар расонд. Дар натичаи чанг соҳаҳои асосии
хочагии халки мамлакат касод шуд ва дарачаи зиндагонии халқ паст фаромад. Ба чанг 47% мардони қобили меҳнат сафарбар карда шуданд.
Кулфати чанг, талафоти чони, бесалоҳиятии ҳайати фармондеҳи, хиёнати бевоситаи ҳукуматдорон, харобшавии ақибоҳ боиси хашму азаби халк гардид.
Чанг ба иктисодиёти Осиёи Миёна, аз чумла, ноҳияҳои точикнишини он таъсири харобовар расонд. Кашонда овардани маҳсулоти саноати ба Осиёи Миёна қатъ гардид. Аз Осиёи Миёна баровардани ашёи хом ва озуқавори баръакс меафзуд. Ба сабаби паст фаромадани нархи пахта хочагии пахтакори хароб гардида, солҳои 1915-1916 дар Осиёи Миёна буҳрони иқтисоди сар зад. Дар солҳои чанг андозҳо дар Осиёи Миёна 3-4 маротиба зиёд шуданд. Андоз аз 10%-и солҳои 80-уми асри XIX дар соли 1914 ба 75% расид.
Соли 1916 андози махсуси ҳарби ва андози махсуси мувавдати ба микдори 2 суму 50 тин аз ҳар пуд пахта чори карда шуд. Андоз аз заминҳои лалми то дарачае расонида шуд, ки бисёр деҳқонон аз баҳри заминҳояшон мегузаштанд. Аз аҳолии чорводор (кучиён) андози сари хонаги ба андози 4 сӯм аз ҳавли гирифта мешуд.
Аз аҳоли бо ҳар баҳона чорво ва чизу чораашон зӯран кашида гирифта мешуд. Соли 1915 нархи пахта ниҳоят паст фароварда шуд. Деҳқонон ҳатто харочоти меҳнати сарфшударо пӯшонда наметавонистанд.
Сиёсати мустамликави, зулми даҳшатовари ичтимои муқобилияти сахти аҳолии кишварро ба амал овард. Дар чунин вазъият 25 июни соли 1916 фармони подшоҳ дар бораи ба корҳои акибгоҳ сафарбар намудани аҳолии айрирус эълон карда шуд. То ин давра сокинони Қазоқистон ва Осиёи Миёна ба хизмати ҳарби даъват карда намешуданд. Ба ивази хизмати ҳарби ба ҳукумати подшоҳи андози махсуси иловаги медоданд. Тамоми ин зулму ситам сабаби шӯриши соли 1916 гардид.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222