Главная / Илм / Шогирдони Имом Абўҳанифа (р)

Шогирдони Имом Абўҳанифа (р)

Худи Имом Абўҳанифа (р) китобе дар фиқҳ таълиф накардааст, аммо афкораш тавассути шогирдони мухлисаш дар саросари олами Ислом пахш шудааст. Аз ҷумлаи шогирдонаш:images-4
Абўюсуф, Яъқуб ибни Иброҳим ибни Ҳабиби Ансорӣ машҳур ба Қозӣ мебошад. Дар Кўфа ба дунё омада, дар ҳалқаҳои дарси Ибни Абўлайло ширкат мекард. Пас ба назди Имом Абўҳанифа (р) омада, мулозамати ўро баргузид. Имом Абўюсуф марди фақеҳ, олим ва ҳофиз буд, ки мансуби қазовати даврони се тан аз хулафои банӣ Аббос: Маҳдӣ, Ҳодӣ ва Ҳорунуррашидро ба уҳда дошт ва дорои таълифоти машҳур мебошад.
Аз ҷумлаи шогирдони Абўҳанифа (р) Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ мебошад, ки дар вақти вафоти Имом хурдсол буданд. Ў таҳсилоташро дар назди Абўюсуф ба поён мерасонад ва аз Суфёни Саврӣ ва Авзоъӣ низ истифода кардааст. Ба назди Имом Молик рафта ва ҳадисро ёд мегирад. Дар даврони хилофати Ҳорунуррашид мансаби қазоватро ба уҳда гирифт. Дорои таълифоте мебошад, ки марҷиъи аввал дар фиқҳи ҳанафӣ аст.
Аз дигар шогирдони Имом Абўҳанифа (р) Зуфар ибни Ҳузайл мебошад, ки аз қадимтарин шогирдони ў ба шумор меравад ва аз ў китобҳои машҳуре ба ҷой намондааст. Пас мулоҳиза мешавад, ки Имом Абўюсуф шогирдоне дошта, ки худашон имомоне дар илму фазл будаанд ва дар фиқҳи исломӣ таъсири басазо мегузоштаанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222