Главная / Илм / Шогирдони Имом Молик (р)

Шогирдони Имом Молик (р)

Ибни Касир мегўяд: «Имом Молик аз бисёре аз тобеъин ҳадис ривоят мекунад ва уламои бузург, аз он ҷумла Суфёни Саврӣ, Суфён ибни Унайна, Шуъба, Абдуллоҳ ибни Муборак, Авзоъӣ, Ибни Маҳдӣ, Ибни Ҷурайҷ, Лайс, Шофеъӣ, Яҳё ибни Саъиди Қаттон ва устодонаш Ибни Шиҳоби Зуҳрӣ, Яҳё ибни Саъиди Ансорӣ аз Имом Молик ҳадис ривоят мекунанд».
Имом Заҳабӣ мегўяд: «Аз ў афроди зиёде ҳадис ривоят мекунанд, ки шояд қобили шумориш набошанд».
Зарқонӣ мегўяд: «Ривояткунандагон аз Имом Молик ба қадре зиёд аст, ки ҳеҷ як аз имомон ин қадар ровӣ, ки аз онҳо ривоят кунанд, надоштаанд. Хатиби Бағдодӣ китобе дар бораи ровиёни ў навишта, ки теъдоди онҳоро 993 нафар зикр кардааст».
Шогирдони Имом ҳам зиёд мебошанд, ки аз он ҷумла Абдуллоҳ ибни Ваҳб, Ашҳаб ибни Абдулазиз, Абдуллоҳ ибни Абдулҳакам, Абдураҳмон ибни Қосим ибни Холид ва ғайри эшон мебошанд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222