Асоси сиёсати иқтисодии давлати Шурави моликияти умумихалки будани воситаҳои истеҳсолотро ташкил медод. Барои барпо намудани сотсиализм зарур буд, ки сиёсати хоса кор карда шавад. Ин сиёсат дар давраҳои муайян сохтмони сотсиалисти тафовути чидди дошт.
Дар анчумани II-уми Шӯроҳо соли 1917 декрет дар бораи замин қабул карда шуд. Мувофики ин қонун тамоми замин давлати эълон карда шуда, милли гардонда мешуданд.
Дар соҳаи саноат пеш аз милликунонии он чандин чорабиниҳо гузаронида шуд. Чори намудани назорати коргари аз болои истеҳсолот ва тақсимоти маҳсулот. Сиёсати иктисодии ин давра ба номи разверсткаи озуқави, ки мохи июни соли 1918 кабул карда шуд, маълум мебошад.
Дар асоси сиёсати «коммунизми ҳарби» дар соҳаи саноат аввал саноати калон ва баъд корхонаҳои хурд ва миёна милли карда шуданд. Дар соҳаи хочагии кишлок тамоми замини помешики, манастирҳо милли кунонда, байни дехдонон тақсим карданд. Мувофики разверста дехдонон вазифадор буданд, ки ба ғайри тухми ва зарурияти оилаҳои худ кисми бокимондаи ҳосилро ба давлат супоранд. Ба ивази маҳсулоти хочагии кишлок, аз давлат маҳсулоти саноати мегирифтанд.
Моливазкуни ва муомилоти бевосита байни шахр ва кишлок аз байн бурда шуд. Ба аҳолии хизмати бе пул расонида мешуд. Азбаски сиёсати развеста дар солҳои чанги шахрванди чори карда шуда буд, дар таърих ба номи сиёсати «коммунизми ҳарби» маълум мебошад.
Сиёсати «коммунизми ҳарби», сиёсати мувавдати буд. Зеро дар ҳолати харобии умумии иктисоди ва чанги шахрванди назорати сахти давлати аз болои истеҳсолот ва тақсимоти маҳсулот, сафарбаркунии мехнати умуми зарур буд. Аммо баъди ба охир расидани чанг разверсткаи озукави сади рохи таравдиёти иктисоди мегардад. Мухимаш он буд, ки бе истифодабарии муносибатҳои моли-пули иктисодиётро пеш бурдан айри имкон буд.
Баҳори соли 1921 дар мамлакат вазъияти душвор ба амал омад. Зарур буд, ки чораҳои фавкуллода дида шуда мамлакатро аз гуруснаги начот додан лозим буд.
Болшевикон рохи ягонаи аз ин вазъият баромаданро дар дигар кардани сиёсати иктисоди медиданд, яъне аз развёрстка ба андози озуқа гузаштан буд.
Сиёсати иктисодии давлати Шӯрави, ки баъди развёрстка чори шуда буд, дар таърих ба номи сиёсати нави иктисоди (НЭП) маълум мебошад. Мохияти асосии ин сиёсат пеш аз ҳама мустахкам намудани иттифоки синфи коргар ва дехдонон ба воситаи инкишофи муносибатҳои моли-пули байни шаҳру деҳот буд. Савдои озод ба роҳ монда шуд.
Мувофики НЭП милли қонуни минбаъдаи корхонаҳои саноати боз дошта шуда, баъзе аз корхонаҳои милли карда шуда ба сохибонаш баргардонида шуданд. Сиёсати андози прогрессиви чори карда шуд. Микдори андози миёна пешаки муайян буд. Баъди ичрои андоз ҳамаи маҳсулоти бокимонда дар ихтиёри дехдонон мемонд. Ба аҳоли расондани
хизматрасонии бепул бекор карда шуд. Тамоми ин чорабиниҳо натичаи хуб доданд. Ҳамаги ду сол лозим омад, ки иқтисодиёти Шӯрави аз бӯҳрон раҳои ёбад. Соли 1923 аллакай маҳсулоти саноат афзуд. Дехдонон ҳосили хуб ба даст дароварданд, ки талаботи кишварро то дарачае бо ғалла қонеъ гардонд.
Болоравии икиоди дар Точикистон ҳам мушохида шуд. Майдони кишт афзуд, устохонаҳои косиби бо маҳсулоти худ талаботи аҳолиро то дарачае таъмин мекарданд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …